Ҷавонеро, ки дар навор мебинед, 21 сол дорад. Ӯ аз сабаби беморӣ мактабро пурра хатм кардан натавонист, вале истеъдоди найнавозияш нагузошт, ки мӯҳр бар ба лаб зада, гӯшанишиниро ихтиёр кунад.
Ӯ аз сарнавишташ гилла надорад ва маъюб шуданашро хости Худо медонад. Муллоёр ба саломатиаш нигоҳ накарда, як луқма нони ҳалолро худаш пайдо мекунад. Ӯ ҳар нисфирӯзӣ дар нуқтаҳои гуногуни шаҳр дар кӯчаҳо нишаста, барои фароғати мардум наю таблак навохта, баъзан суруд низ месарояд. Ҳарчанд, гурӯҳе аз одамон ин амали Муллоёрро талбандагӣ шуморанд, ӯ ин фикрҳоро инкор мекунад ва худро аз дигар сарояндаҳо кам намедонад. Мехоҳед бидонед, ки:
-Муллоёр аз Пешвои Миллат чӣ талаб кард ?
-Ӯ чаро дар кӯчаҳои шаҳр наю таблак менавозад?
Пас ба ин ва дигар саволҳоятон дар барномаи мо посух пайдо мекунед. Сарнавишти Муллоёр хеле таъсирбахш буда, қобили тамошои бинанда аст!