arzon replenishment
Насибаи 15-соларо ҷин бурд ё...?
6626

 

Абдукаримова Насиба Аъзамовнаро 20-рӯз боз падару модар ва тамоми хешу табораш бо чашми гирёну қалби хунчакон ҷустуҷӯ доранд.

Ин духтараки 15-сола зода ва сокини деҳаи Қаълаи Ҳисори шаҳри Ҳисор буда, дар синфи 9-ум таҳсил менамуд.

Насиба рӯзи 25-уми декабри соли 2019 бо баҳонаи хабаргирии бибию бобояш аз хона баромада, бо ҳамин дигар бар нагаштааст.

Тавре ки тағояш Фахриддин дар сӯҳбат ба хабарнигори сомонаи Oila.tj Рустам Азимӣ гуфт, Насиба дар ҳақиқат рӯзи 25-уми декабр ба хонаи бобояш, ки дар шаҳри Турсунзода воқеъ гаштааст, ба аёдати онҳо рафта, як шаб меҳмон шудааст. Рӯзи дигар духтарак бо баҳонаи он ки як кори бисёр зарур дорад ва бояд фавран ба шаҳри Душанбе равад, бо бобою бибӣ ва дигар пайвандонаш хайрухуш карда, ба роҳ баромадааст. Пас аз ин духтар бе ному нишон гашта, то ҳол касе дар куҷо буданашро намедонад.

Аз сӯҳбат бо тағои Насиба чунин бармеояд, ки духтарак ҷин доштааст. Падару модараш чанд маротиба муллоҳои номдорро оварда, Насибаро дуохонӣ ва ҷинбарор кардаанд, аммо ҳамаи кӯшишҳои онҳо барои аз асорати қувваҳои ғайб озод намудани фарзандашон барабас рафтааст.

Билохира, гӯё зери таъсири ҳамин қувваҳо духтарак аз хона баромада рафтааст ва то ҳол нопайдост. Телефони мобилии Насиба ҷавоб намедиҳад ва падару модараш аз ғами гумномии фарзанди дилбанди худ ҷигархун гашта, намедонанд сарашонро ба куҷо зананд.

Волидону пайвандони Насиба аз тамоми шахсоне, ки ӯро дар куҷое дидаанд ва ё дар борааш чизе медонанд, эҳтиромона хоҳиш доранд, ки ҳатман ба рақамҳои зерин занг зада, хотири озурдаи онҳоро бо паёмаки неке шод созанд: 554554511  

  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД