- Духтари азизам, ту пеш аз ҳама иффататро, номусатро ҳимоя кун. Пиндору кирдору рафтору гуфторатро нек кун. Дар байни ҷамъият, яъне ҳамкурсон, ҳамкорон ё дугонаҳоят бо овози баланд наханд. Дар куҷое, ки ҳастӣ, фаромӯш накун, ки духтар ҳастӣ!,- таъкид кард модар.
- Модарҷон, чӣ иштибоҳе аз ҷониби ман сар зад? Ман духтари кӣ буданамро ҳоло фаромӯш накардаам. Коре намекунам, ки волидонам сархам шаванд. Аз ман дилпур бошед, модарҷони азизам. Панду андарзи ҳамарӯзаатон дар гӯшам мудом ҷарангос мезанад. Ягон кас аз ман шикоят кард? Агар ҳа, пас туҳмат аст. Модарҷон, агар мабодо шумо дерхезиямро дар назар дошта бошед, тавба кардам, дигар барвақт мехезам,- аз суханони модар мутаассир шуда, гуфт Шаҳбону.
- Шаҳбонуҷон, касе аз ту шикоят накардааст. Ман ба духтари тарбиякардаам бовар дорам. Ҳар модар ба духтари қадрасаш насиҳат мекунад ва пеш аз духтарашро ба шавҳар додан аз таҷрибаи рӯзгори худ барои шукуфон шудани ояндаи духтараш нақл мекунад. Бибият ҳам пеш аз оиладор шуданам ба ман насиҳат карда буд. Хостам ман ҳам ба ту панду насиҳати модарона кунам,- гуфт модар.
- Духтарам, ту дигар духтари қадрас шудаӣ ва имрӯз пагоҳ ба шавҳар мебароӣ. Ман ба ту нозукиҳои оилаву рӯзгордориро мефаҳмонам,- сари духтарашро сила карда, гуфт Шарифа.
- Духтарам, ҳар куҷое, ки шавҳар карда рафтӣ, фаромӯш накун, ки аз ҳар суханат, аз ҳар амалат тарбияи додаи волидайнатро баҳо медиҳанд. Дар хонадоне, ки шавҳар кардӣ, саҳар аз ҳама барвақт хестанро омӯз. Ҳавливу кӯчаҳоро об пошида, рӯбучин кун. Субҳонаро дар вақташ омода кун. Кӯшиш кун аз хонаат касе гарде наёбад. Ҳамаи он ҷойҳоеро, ки назари шавҳарат меафтад, бештару беҳтар тоза куну озода нигоҳ дор. Шавҳаратро бо табассум ба кор гусел кун. Агар тавонистӣ, дуо деҳ. Баҳудаву беҳуда ӯро пурсуҷӯ накун. Ба шавҳарат меҳру муҳаббат деҳ. Мардони имрӯз танҳо бо шикамашон дӯст намедоранд. Яъне танҳо бо пухтани хӯрокҳои болаззат муҳаббати онҳоро ба даст оварда намешавад. Ба шавҳарат доимо гӯй, ки "шуморо дӯст медорам", "ба шумо эътимод дорам".
Мардон ҳам ба муҳаббат ниёз доранд, онҳо ҳам меҳру меҳрубонӣ мехоҳанд. Аз ин рӯ, ба шавҳарат муҳаббататро арзонӣ дор. Ба оилае, ки асосашро муҳаббат ташкил медиҳад, ҳеҷ гоҳ газанде намерасад.
Беҳуда нагуфтаанд, ки "ба кӯҳ овози хуш деҳ, ки хуш ояд". Яъне агар ба шавҳар меҳр додӣ, ӯ ҳам ба ту меҳрубон мешавад. Ана он вақт ба саодати зиндагӣ мерасӣ.
Ҳеҷ гоҳ ба шавҳарат нигоҳи сард накун. Ба шавҳарат гапгардонӣ накун. Агар фикри ӯ нодурусту нодуруст гап мезанад, пас аз хомӯш шудани оташи ғазабаш ё дар вақти дигар бо мулоимат фаҳмон, ки ӯ ноҳақ буд.
Ба хешу ақрабои шавҳарат муносибати нек кун. Онҳоро мисли хешовандони худат дӯст дору эҳтиром намо. Ҷиянҳои шавҳарат, яъне ба бачаҳои авсунат ҳарчанд саркашу гапнодаро ё дағалгуфтор бошанд ҳам, меҳрубонӣ кун. Чунин рафтор қадру манзалати туро назди шавҳар ва хушдоманат боло мебардорад.
Ҳар вақте ки шавҳарат аз кор меояд, ӯро бо чаҳраи хандон пешвоз гир, "хаста нашудед?" гӯён ҳолпурсӣ кун. Пойафзоли шавҳарат ҳеҷ гоҳ берун аз дар пур аз гард наистад. Барои шавҳарат мусоҳиби хуб шав аз ҳар мавзуъ суҳбат карда, дилашро ёб. Аз даромади шавҳарат ҳеҷ гоҳ шикоят накун. Баръакс ӯро ба ояндаи боз ҳам неку дурахшон дилгарм намо. Ба шавҳарат маслиҳатгару машваратчии хуб шав.
Падару модари шавҳаратро ҳамчун падару модари худат дӯст дору эҳтиром кун. Назди шавҳарат каму камбудии онҳоро нагӯ. Волидайнашро мудом ситоиш кун. Агар шавҳарат ба волидайнаш он қадар эҳтиром надорад, коре кун онҳо ба ҳам дилгарм шаванд. Дуои хусуру хушдоманатро гир. Духтар баъди шавҳар кардан ба хонаи падар меҳмон мешавад. Барои ҳамин ҳам дар боғи рафтаат чун гули ҳамешасабз шукуфон бош.
(Давом дорад)
Абдуғаффор ШОДИЕВ