- Шаҳбону, ҳой Шаҳбону Шаҳбоную,- ҳавлиро рӯбучинкунон духтари 18-солаашро фарёд мекард Шарифа.
Духтарак, ки ҳанӯз дар хоби ноз буд, хоболудона аз ҷойи хоб базӯр "лаббай модарҷон" гуфта сар бардошту боз хоб кард.
- Шаҳбону, соат шаш шуд,- такрор кард модар.- Барои духтари хона то соати шаш хоб рафтан айб аст дар урфияти мо,- афзуд ӯ ва ҳамоно мерӯфту рӯйи ҳавлӣ об мепошид.
Пас аз чанд лаҳза духтарак хамёзакунон "омадам модарҷон" гуфту дар рӯйи кати хона каме дароз кашид.
Шарифа ба духтараш нигаристу аввал табассум кард, ки ҷигарбандаш қадрас шудаасту имрӯз пагоҳ ба шавҳар медиҳад. Лекин аз як тараф дилаш хиҷил буд, ки ҳанӯз нозу нузи кӯдакона дорад. “Охир, нози духтарро танҳо волидонаш мебардоранд",- меандешид ӯ.
- Пагоҳ дари хонаи мардум, ки шавҳар карда рафт, бо ин хоболудияш маро ҳам, худашро ҳам шарманда мекунад.
Духтарак гӯё сухани модарро фаҳмида бошад, аз кат хесту дасту рӯ шуста, барои худу модар ношто тайёр кард. То ҳавлиҳоро рӯфта тамом кардани Шарифа субҳонаи Шаҳбону омода шуд.
- Модарҷон, биёед аввал субҳона кунем, боқимондаашро ман мерӯбам,- модарро фарёд кард духтарак.
- Омадам, духтарам, то хестани ту ман на танҳо хона, балки тамоми кӯчаи маҳалларо рӯфта баромадам,- киноя зад модар, то суханонаш ба духтараш сахт расаду минбаъд аз модар барвақттар хеста, ба кору бори хона машғул шавад.
- Ассалому алайкум, модарҷони азизи ман! Субҳатон ба хайр ва пур аз шодӣ бошад,- бо чеҳраи хандон салом карда, модарашро маҳкам ба оғӯш кашид Шаҳбону.
- Воалейкум бар салом, ҷони оча! Хоболуди оча! Субҳи ту ҳам ба хайр бод,- модар ҳам ҷавобан ба рухсораҳои духтараш бӯса зад.
Шаҳбону аз модар дертар хеста бошад ҳам, дар як зум ширинӣ омода кард, тухм бирёнд ва барои хӯроки нисфирӯзӣ то тайёр шудани ширинӣ сабзавот тоза кард. Модар дар дил аз чаққонии духтараш хушҳол буд.
Шаҳбонуро ҳар касе медид, ба модараш таъриф мекард, ки духтараки вазнину орому батамкин аст. Ба зебоияш хулқаш ҳусн зам менамуд. Ҳар кас ҳаваси чунин келинро мекард...
Пас аз чанд лаҳзаи оромиву сукут духтарак ба гап даромад.
- Модарҷон, ин қадар барвақт мехезед. Камтар истироҳат кунед, ман худам хеста мерӯбам. Бе ин ҳам ҳамин бегоҳ ҳама ҷоро рӯбучин карда будам. Дар хона ҳеҷ кас набошад, чирк аз куҷо? Дар як рӯз як маротиба ё саҳар ё бегоҳ рӯбем ҳам, мешавад, модарҷон,- барои он ки модар барои дерхезияш сарзаниш накунад, пештозӣ кард духтар.
- Э духтари ширинам, ҳар бегоҳ ду маротиба рӯбӣ ҳам, файзи аз саҳар ба ҳавливу кӯча об пошида рӯфтан дигар. Ҳама файзу баракат дар саҳархезӣ аст. Ғайр аз ин тоза нигоҳ доштани дарвоза фарҳангу маданияти ҳар оиларо нишон медиҳад. Дар замонҳои пеш агар аз ҳавливу кӯчаи хонаи духтардор гарде меёфтанд, ба он хонадон хостгоре наздик намешуд. Раҳматӣ бибият ҳам мегуфтанд, ки ҳар саҳар ки хестӣ, аввал дарвозаатро кушо, як сатил об зан, рӯбучин кун. Дар саҳар дарвозаҳои ҳама пур аз ризқ мешавад. Агар кушодӣ, ризқу рӯзиву фаровонӣ ба хонаат медарояд, агар накушодӣ, ризқ ва файзу баракат меравад. Гузашта аз ин, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву гирду атрофи он вазифаи ҳар яки мост. Агар эътибор дода бошӣ, дар хурдсолият мабодо ман бемор шавам, падарат ба ҳавлию кӯчаҳо об мезад. Мардҳо ҳам тозагиро дӯст медоранд,- пиёлаи чойро ҳурт кашида, гуфт Шарифа.
- Фаҳмо модарҷон, минбаъд барвақттар хеста, аввал дарвозаро кушода, рӯбучин мекунам,- хатояшро фаҳмида, гуфт Шаҳбону.
- Ана ин гапи дигар, духтарам.
- Раҳмат модарҷон.
- Духтари ширинам, ту ҳам аллакай духтари қадрас шудаӣ, ҳусну ҷамолу зебоии ту ба хироҷи як мамлакат меарзад. Лекин дар солу замони имрӯз инсон ботинан низ бояд зебо бошад. "Ҳусни зан дар ҳаёи ӯст" гуфтаанд. Зиннату зевару зебоии зан дар шарму ҳаёяш.
(Давом дорад)
Абдуғаффор ШОДИЕВ