Arzon march 2024
Намакзада
13.03.2022
Оила
2754

Моҳ нав аз мошини фаромада, дохили идораи корияш шуданӣ буд, ки ронандааш Аҳмад гуфт: -Апа, часпак…
Аҳмад шавҳари пешинаи Моҳ, Акмалро часпак ном мебурд, ки шаш моҳ боз аз думи вай канда набуд. Моҳ ба хубӣ, оромӣ, бе ягон гапи зиёдатӣ ба вай фаҳмонд, ки «ба ман халал нарасон», вале мард инро намефаҳмид! Намефаҳмид, ки намефаҳмид….
Сиёҳбахт
Номи пурраи зан Моҳбону буд, вале наздикону хешу ақрабо ўро Моҳ мегуфтанд ва номаш Моҳ шуда рафт. Моҳ дар ҳақиқат нозанин буд, сабзинаи қоматбаланди хушсурат, лабу даҳони дилкаш, аз забонаш ширу шакар ва аз панҷ панҷааш ҳунар мерехт. Ба касе бадӣ надошт, вале тақдир ўро ба чӣ санҷишҳое гирифтор накард. Шавҳараш аз саратони ҷигар оламро падруд гуфту Моҳи оламорояшро бо ду писари нозанин танҳо гузошт. Модараш медид, ки баъди фавти ҳамсари зебояш духтараш ҳазину рангзарду камгап шудааст, аз ин рў, бо зориҳои зор ўро ба коллеҷи тиббӣ дохил кард. Моҳ коллеҷро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, нав ба кор сар кард, ки падари меҳрубонаш бемор шуд ва ҳама фарзандонаш ду писару ду духтарашро ҷеғ зада гуфт: «Ҳамаи шумо соҳиби хонаву дару зиндагии ободед, ман чизе ки дорам, ҳамааш аз Моҳ! Духтарамро хафа кунед, арвоҳи ман хафа!” Падараш аз олам рафт, бародари хурдияш, ки дар хона бо онҳо мезист, гуфт, ки “Оча, ман дар заминам хона сохта меравам ва хонаву дарро мувофиқи насиҳати падарам ба хоҳарам медиҳам”. Аммо Моҳ розӣ нашуд, ў аз бародаронаш хоҳиш кард то дар пойтахт барояш хона харанд ва бародаронаш хоҳишашро иҷро намуданд, Моҳ дар пойтахт соҳиби хонаи панҷҳуҷрагии барҳаво шуд.
Гул кардани орзуҳо
Моҳ дар боғчаи бачаҳои наздики хонааш ба кор сар кард ва ҳуҷҷатҳояшро ба факулати химия ва биологияи донишгоҳ супорида, ғоибона ба таҳсил оғоз кард. Писаронаш оҳиста-оҳиста қад кашида, ба воя мерасиданд, Моҳ тамоми вуҷудашро ба писаронаш бахшида буд. Хушдоронаш зиёд бошанд ҳам, ёди шавҳар намекард, писари калонияш Донишгоҳи тиббиро хатм намуда, майли деҳа кард, Шамшод ҳамеша дар таътилҳо ба хонаи амаку тағоҳояш мерафт ва деҳаро дўст медошт. Моҳ чизе нагуфт, духтари бародари хурдияшро келин кард, дар маркази ноҳия хонаи якҳуҷрагие доштанд ва келинро ҳамон ҷо бурданд. Шаби тўй амаки калонияш бо гиряву нола гуфт, ки даҳ сотих аз замини падарӣ насибаи Шамшод аст ва омада, ҳамон ҷо хона созад. Миёни як сол бо ёрии амаку тағоҳо ва ҳукумати ноҳия Шамшод хона бардошт, Моҳ дар куртааш намеғунҷид аз барори кори писараш. Писари дуввум Дилшод ба Донишгоҳи тиббии Қазон дохил шуд. Моҳ дар хонааш танҳо монд, ҳамин ки вақти холӣ ёфт, ба деҳа мерафт ва бо набераҳакаш Дунё дунёи сабзе дошт. Бо ёрии писараш дар наздикии хонааш як дорухона кушод, боз дар омўзишгоҳи тиббие ба ҳайси омўзгор ба кор шурўъ кард…
Бахт аз дорухона
Як рўзи якшанбе фурўшандааш маърака дорем гўён, ҷавоб гирифта рафту ў худаш ба савдо машғул шуд ва…

Мизоҷи хирае бо ў шинос шуда, шаш моҳ аз қафояш гашта, оқибат ўро ба домаш афканд. Акмал муҳосиби як ширкати сохтмонӣ буд, аммо хеле ширинсухан. Оқибат зани танҳои дар ҳасрати бахт ба ин ҷавонаки беҳусни сергап дил дод ва пинҳон аз ҳама бо ў ақди никоҳ баст. Акмал аз Моҳ панҷ сол хурд буд, вале Моҳи харобаки нозанин аз ў хурд метофт. Ҷавонзан Акмалро он қадар эрка мекард, ки дар як муддати кўтоҳ ин гушнамаст аз худ рафт. Зану ду фарзанди Акмал дар хонаи якҳуҷрагии бетаъмири канори шаҳр зиндагӣ мекарданд, ў яку якбора ба хонаи панҷҳуҷрагии серҳиҳоз, дастархони пурнеъмати Моҳ омўхта шуду баъдҳо ба бахил сар кард. “Ту як бевазан бо ду фарзанд, магар фоҳиша будӣ, ки соҳиби ин гуна ҷоҳу ҷалолӣ? Чаро ман бист сол боз аз деҳа ба шаҳр омадааму якам ду намешаваду ту бо пули ночизи маошат ин гуна шаҳоматро соҳиб шудӣ?” Ин саволҳое буданд, ки ба ҷойи сўҳбату ҳарфу навозишҳои ширин дар лаҳзаҳои вохўрияшон аз забони Акмал садо медоданд. Моҳ дар умраш бори аввал ошиқ шуда буду ҳама гапҳои шавҳари паноҳияшро нодида мегирифт, вале бахилии Акмал аз ҳад гузашту ба таҳқири рўирости зан сар карда мегуфт: “Ту худат кистӣ, сиёҳи дабанг, кадом ёрат хонаат харидааст, вагарна ҳамроҳи сағираҳоят саг барин мурда мегаштӣ”. Моҳ қасам мехўрд, ки хонаро бародаронаш хариданд, вале ин алфонси Худозада бовар намекард. Моҳи бечора он қадар гирифтори ин марди пасту палид шуда буд, ки ў мисли занон қаҳр мекарду ин зораву нола. Рўзаш ба гиряву зорӣ мегузашт, асабҳояш хароб шуда буданд, кору борашро фаромўш карда буд ва пулу чизи ёфтаашро сарфи шавҳари зархаридаш мекард.
Намакзада
Дар дорухонаи Моҳ, Гулрў ном духтарак фурўшанда буд, ў коллеҷи тиббиро хатм карда, аз оилаи камбағал буд. Моҳ ўро бисёр ёрамандӣ мекарду духтарак бо аҳли оилаашон Моҳро дўст медоштанд. Гулрў бисту панҷсола ва ниҳоят зебову боақл буд,ғаму ғуссаву шавҳар кардани Моҳро медонист ва Акмали ҳаромхиштакро низ дида буд. Акмал чанд бор ба вай гап дода, ўро ба вохўрӣ даъват намуда буд, Гулрў бо мулоимат хоҳиши ўро рад карда бушад ҳам, ба Моҳ чизе нагуфта буд. Вале чун дид, ки апахондаш зиёд азоб мекашад, ин ҳолатро ба вай гуфт ва интизор буд, ки Моҳ ҳамин рўз аз Акмал ҷудо мешавад. Вале зани гирифтор бовар накарда, бо Гулрў маслиҳат намуда, шавҳарашро санҷиданӣ шуд. Моҳ ба Акмал гуфт, ки модараш бемор аст ва ў се- чоррўза ба қишлоқ меравад, хонаву дарро нигоҳ кунад. Акмали намаказада худи ҳамон рўз Гулрўро ба вохўрӣ хонд, шом аз рўйи маслиҳат онҳо бояд дар хонаи Моҳ вомехўрданд. Гулрў ҳамроҳи Моҳ то хонаи ў омад ва чун вориди хона шуд, бо баҳонае Акмалро мағоза фиристоду Моҳ хона даромада, пушти нармкўрсӣ ба роҳат нишаст. Чун Акмалу Гулрў сари миз нишастанд, Гулрў аз Акмал пурсид, ки чаро ба Моҳ хиёнат мекунӣ? Акмал гуфт:
-Ў ҳатто ба хиёнати ман намеарзад, кампираки девона! Ба ман ошиқ шудааст, кошки вай ба ман даркор бошад, ба ман хонаву дар ва аптекааш лозим, пулаш даркор. Ту розӣ шав, ман туро зани дуюм карда мегирам, дили ин кампир касал, ғамаш додан мегирам, таппӣ афтида мемираду ҷонамон халос, ин хонаву дарро фурўхта, барои ту як якхонагӣ мегираму он тарафаш кори ман.
-О ту ба ин хона чӣ дахл дорӣ,- пурсид Гулрў…
-Инаш кори ман,- гуфт Акмал ва хост Гулрўро ба оғўш кашад, ки Моҳ аз пушти диван баромад ва аввалин чизи ба даст омада- косаи пур аз қулфинайро ба сари ў ғурронд…
Моҳ чанд моҳ азоби сахт кашид, вале оҳиста- оҳиста ба худ омад ва қарор дод, ки дигар ҳаргиз ба рўйи марде нигоҳ намекунад, аммо зиндагӣ таззодҳои худро дорад. Дар ҳаёти Моҳ Хуршед пайдо шуд, офтобе, ки зиндагии ўро куллан дигар кард. Назари ўро ба ишқ, муҳаббат ва мардӣ тағйир дод, беҳуда нагуфтаанд поёни шаби сияҳ сафед аст…
Вале, Акмал арақ нўшида маст мешаваду аз пайи Моҳ мегардад, беҳуда нагуфтаанд,
Бар ёр ситам макун, ки бе ёр шавӣ.
Бисёр талаб макун, ба кам зор шавӣ….
Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД