- Шумо дар хона чанд нафар?,- ба Орзу суол дод Муаззама.
- Як нафар. Ман худам танҳо, дигар касе надорам.
- Фаҳмо. Мегуфтед, ки аз падаратон барои шумо чӣ мерос ҳаст? Яъне хона, мошин, замини наздиҳавлигӣ ё чизи дигар.
- Чӣ? Мерос?,- аз ин суоли додаи мудир ҳайрон шуд Орзу ва афзуд:
- Бале, ҳаст. Ҳар чизе, ки мо дорем то ин дам, ба номи падарам буд, вале...
- Вале, шумо онро бо сад баҳона гирифтед,- Муаззама ба Орзу нигоҳ карда, ба суоли додаи худ ҷавоб дод.
Аз саволҳои мудир Гулноза ба ғазаб омад, дилаш танг шуд ва якбора шӯрид:
- Эй... Ба ман нигаред, ба мероси хусурам чӣ кор доред? Шумо вазифаатонро иҷро кунед, шуд. Мо ин ҷо барои ба шумо ҳисобот додан наомадаем, ба хонаи пиронсолон ҷой кардани мӯйсафед чӣ бадӣ дорад? Дар ин ҷо ҳамсолонашон ҳаст, бо ҳамдигар суҳбат карда, хаста ҳам намешаванд.
- Эҳҳҳ келин... келин... Ҷой кардани хусуратон дар ин ҷо ягон мушкилӣ надорад. Танҳо мехоҳам, ки мӯйсафедро дар дами пирӣ нороҳат накунед. Монед, шояд охирон рӯзҳои ҳаёташ бошад. Дуои некашро гиред. Охир шумо дар давлату савлати хусуратон зиндагӣ доред. Медонед инро чӣ мегӯянд? Намакро хӯрда, ба намакдон туф кардан...
Боз лаҳзае ҳама ба сукут рафтанд. Гулноза ҳам дигар чизе нагуфт. Муаззама боз суханашро идома дод:
- Келин, ду янга доред-а?
- Ҳа, ду янга дорам,- оромона гуфт занак.- Уффф... Намедонам шумо бо ин суолҳо аз мо чӣ мехоҳед. Лӯндаи гапро занед.
- Агар ду янгаатон бо ҳам маслиҳат карда, падар ё модаратонро ба хонаи пиронсолон меоварданд, чӣ кор мекардед?
- Онҳо ҳақи чунин корро надоранд. Ҳамин хел мекунам, ки аз таваллуд шудагиашон пушаймон мешаванд.
- Пас чаро ба хусуратон ин муомиларо раво мебинед?
- Ҳой муаллима, аз худ наравед. Забон дорам гуфта, ҳар гап нагӯед. Ҳамин хел мекунам, ки на вазифаатон мемонаду на обрӯву эътиборатон. Ман ин либоси шинаму зебои шуморо дида, як одами замонавӣ, як одами мефаҳмидагӣ, ба қавле "грамотни" гӯям...
- Гӯш кунед, додарам, хоҳарам. Шумо аз сахтгӯйии ман наранҷед. Агар воқеан шароити нигоҳубини падарро надошта бошед, марҳамат, падаратонро ба ин даргоҳ ҷой кунед. Лекин қабл аз ҷой кардан нағзакак фикр кунед, ки шумо киро ба куҷо мебаред. Дар бораи аз вазифа рафтан бошад, дилатонро пур кунед, вақти ба нафақа баромаданам шудааст,- каме нармтар шуда, гуфт Муаззама.
Орзу ҳамоно хомӯш буд. Гӯё Гулноза ӯро ҷоду карда бошад, лом нагуфта менишаст.
- Қариб 40 сол мешавад, ки дар хонаи пиронсолон кору фаъолият дорам. Дар ин солҳо бо садҳо нафар бошандагони ин даргоҳ ҳамсуҳбат шуда, аз сарнавишту зиндагиашон бохабар шудаам. Ҳамагӣ бо ранҷу азобҳои зиёде фарзандонашонро ба воя расондаанду фарзандони ношуду ношукр онҳоро дар охир ба хонаи пиронсолон овардаанд. Худатон фикр кунед, падару модар бо чӣ қадар азобҳо фарзандро ба воя мерасонанд, барои ояндаи ӯ тамоми ранҷҳоро мекашанд. Шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта меҳнат мекунанд. Фарзанд бошад, нонёбу пулёб мешаваду волидайнашро ба хонаи пиронсолон меорад ё аз хонае, ки бо меҳнату машаққатҳои шабонарӯзияш бунёд кардааст, берун мекунад. Ҳамин аз рӯйи виҷдон аст? Биёед ба шумо аз рӯзгори як зан, ки бошандаи ҳамин ҷо буд, қисса мекунам.
Мудир ба нақли саргузашти зан шуруъ намуда, қисса кард:
- Шаҳодат ном зан дар 20-солагӣ бо як писар бева мемонад. Хусуру хушдомани пираш маслиҳат медиҳанд, ки ӯ ҳоло ҷавон асту ба шавҳар барояд. Оилаи нав бунёд кунад. Шаҳодат бошад, дар ҷавоб мегӯяд: "Не, ман шавҳар намекунам, ман писарамро, ёдгори шавҳарамро бо меҳнати худ ба воя мерасонам. Ғайр аз ин, агар ман шавҳар кунам, ҳоли шумо мӯйсафедон чӣ мешавад...".
АРДАШЕР