arzon replenishment
МУҲОҶИРОН ДИГАР БЕКОР НАМЕМОНАНД!
2136


Масъулини ширкати “ПИК-модул”-и Русия дар мулоқот бо кормандони Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон таъкид доштанд, ки омодаи тақвияти ҳамкорӣ дар самти муташакилона сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ мебошанд.

Ахиран кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо муовини директори генералии ширкати сохтмонии “ПИК-модул” Ирина Морозова дидору гуфтугӯ карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст. Тибқи иттилои манбаъ, намояндагони вазорат дар Русия аз шароити кор ва буду боши муҳоҷирон – шаҳрвандони Тоҷикистон дидан намуда, масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнат ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар ширкати сохтмонии “ПИК-Модул”-ро баррасӣ намуданд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки зимни мулоқот муовини директори генералии ширкати сохтмонии “ПИК-Модул” аз фаъолияти пурсамар ва нишондиҳандаҳои хуби 200 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар ширкат изҳори қаноатмандӣ намудааст.

Ирина Морозова, таъкид намудааст, ки ширкати “ПИК-модул” омодаи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муташакилона сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия пеш аз пандемия ҳамагӣ 484 ҳазор муҳоҷири менатӣ кору зиндагӣ мекард. Аммо ҷониби Русия ин оморро қабул надорад ва мегуфт, ки дар қаламрави Русия беш аз 1,2 миллион, муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД