Arzon march 2024
МУНОҚИШАИ ХУРШЕДУ НУРМУҲАММАД ЯКЕРО БА МАҲБАС БУРДУ ДИГАРЕРО ГӮРИСТОН
2167

«Нимаи дуюми рӯзи 14 январ буд. Ману духтарам нон мепухтем. Шавҳарам, ки бегоҳии рӯзи 15 январ чипта дошт ва ба Русия мерафт, дар боғчаи назди ҳавлӣ ниҳолҳоро қайчӣ мекард. Ин вақт мошине дар назди хона истод ва аз он Хуршед ва домодшавандаам Суҳроб фаромаданд. Хуршед аз мошин фаромаду рост ба назди шавҳарам рафт. Суҳроб ба пеши мо омад.

Пас аз салом ӯ аз духтарам пурсид, ки "чаро ин бача дар бораат ҳар хел гапҳо мегӯяд? Бо ӯ ягон муносибат дорӣ, - чӣ?” Ин замон Хуршед ҳам пеши мо омада, ҷанҷол бардошту ҳақоратамон кард. Ман пурсидамаш, ки “барои чӣ омадӣ? Гуфта будамат, ки духтарам дар фотеҳа аст”, аммо ӯ гӯш накарда, беист дашном медод. Шавҳарам овози баланди моро шунавида, аз боғ ба назди мо омад. Хуршед аз дасташ кашида, ӯро ҷониби хона бурданӣ шуд. “Биё равем дар хона ҳамаашро мефаҳмонам”, - гуфт шавҳарам. Фишорам баланд шуду аз ҳуш рафтам. Дигар намедонам, ки чӣ ҳодиса рух дод. Вақте ба худ омадам хона пури милиса буд...», - нақл кард зани қотили Хуршед.

Чунин оғоз мешавад фоҷиаи Хуршеди ғуррамарг, ки ба хотири ба даст овардани номзадаш ҷон дод. Қатли ӯ аз дасти падарарӯс Пани пургпанҷро ларзонд. Фоҷиаи марги ӯ дар як дам овоза шуду дар як деҳа ду хонаро ба мотамкада табдил дод. Акнун ҳарду оила ҳам аз рафтуомад ба манзили якдигар даст кашида, рӯи ҳамдигарро дидан намехоҳанд.

Ҳамсари Нурмуҳаммад, ки Хуршед маҳз бо дасти ӯ кушта шуд, шоҳиди қатли домодшавандаи ҳамсоя аз дасти шавҳараш аст. Иқтибоси боло низ баргирифта аз нақли ин зан мебошад. Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳамон шабу рӯз дар пайи баррасии ин қазия таҳқиқоти журналистӣ гузаронида, тафсилоти бештарро дар ҳафтаномаи “Фараж” нашр кард. Бино ба нақли ин нашрия баъди он ки Хуршеду Нурмаҳмад ба ҳуҷра даромаданд, писари соҳибхона Тӯйчӣ ба сӯйи хонаи Ғолибовҳо давида, аз ҳолати кор онҳоро огоҳ кард. Мунираи апааш мегӯяд, ки вақте бо додарам Дилшод давида омадем, гӯё дар хона ҳеҷ гап нашуда бошад, ҳама хомӯш буданд. Ман пурсидам, ки "Хуршед дар куҷост?”, касе ҷавобам надод. Тӯйчӣ ба дари ҳуҷра ишора кард, ки "он ҷоянд”.

«Дарро кушодаму ҳуш аз сарам парид. Хуршеди дар хун оғӯшта рӯи фарш мехобид ва овозаш хир – хир карда мебаромад. Додарам дар ҳоли ҷонканӣ буд. Корд дар даст мард болои сараш меистод. Хостам ба додарам ёрӣ диҳам, аммо Нурмаҳмад маро дошта, дар танаи девор рост карду кордро ба шикамам монд ва "Ист, туро ҳам мекушам, то намурад, аз ҷояш наҷумбон!” – гуфт Мунира. апаи Хуршед.

Дилшод ҳам ба ҳуҷра даромад, вале Нурмуҳаммад ба сари ӯ ҳам корд кашид. Ӯ моро бо корд таҳдид кард. Барои ҳамин, коре карда натавонистем, - ба ёд овард Мунира Ғолибова.

Дилшоди додараш гуфт, ки ”пас аз чанд лаҳза эҳсос кардам, ки садои хир – хири додарамро дигар намешунавам. Ӯ аллакай ҷон дода буд. Бо вуҷуди ин тани нимҷону дар хун олудаи ӯро ба мошини Суҳроб бор карда, ҷониби беморхонаи ноҳия шитофтем”. Дилшод медонист, ки агар бо ин аҳвол додарашро ба хона барад, дар миёни ду авлоди калони деҳа ҷангу ҷанҷол сар мезанад. Аз ин рӯ, ӯро ба беморхона бурданд.

“Аммо то роҳи калон набаромада, Суҳроб баҳона кард, ки гази мошинаш тамом шудааст ва дигар ҳаракат карда наметавонад. Аз роҳ мошини дигарро доштем ва ҷасадро ба беморхона расонидем”, - гуфт Дилшод.

Хуршед дар ҳамсоягии духтар зиндагӣ мекард ва нияти бо ӯ хонадор шуданро дошт, вале падари духтар ду маротиба ба хостгорҳои фиристодаи ӯ ҷавоби рад дода, духтарашро ба як хеши дураш аз деҳаи ҳамсоя номзад кард. Вақте ин хабарро шунавид ҷавони ошиқ ба хотири розӣ кунондани падари дӯстдухтараш ба хонаи ӯ омад, вале Нурмуҳаммад, падари духтар, дар сари хашм ҷавони ошиқро ба хона дароварду бо истифода аз корди хоҷагӣ гулӯяшро бурид.

Шаҳзода Иброҳимова, модари Хуршеди ҷавонмарг мегӯяд, ки шавҳараш Шоҳқурбон Ғолибовро як маротиба ба хонаи ҳамсояаш барои суҳбат бо падари духтар ва бори дигар, бо сабаби бемориаш, духтараш Мунираро ба назди модари духтар равон кардааст, вале аз онҳо ҷавоби рад шуниданд. “Хуршедам мегуфт, ки духтари ҳамсояро нағз мебинад ва мехоҳад бо ӯ оила барпо кунад. Аммо онҳо "не” гуфтанд. Бо ин ҳам, бачаам аз ниятааш намегашт",-гуфт модари ӯ. Аммо ҳамсари Нурмуҳаммади судшуда Гуландом Шамсиева мегӯяд, ки як сол пеш духтарашро бо хеши дурашон фотиҳа карда буданд ва қарор буд, ки рӯзҳои наздик онҳоро хонадор кунанд.

Дар дохили ҳуҷра миёни Нурмуҳаммад ва Хуршед чӣ гузашту чӣ ҳарфҳое ба ҳам гуфтаанд, барои мо норӯшан аст. Аммо модари духтар мегӯяд, ки шояд Хуршед он туҳматҳоеро, ки пештар ҳам дар ҳузураш ба духтар гуфта буд, ба шавҳараш ёдовар шудааст ва маҳз ҳамин боиси марги ӯ гаштааст.

Ҳамин тавр, рӯзи 23 январ Нурмуҳаммад Нуров, соли таваллудаш 1979, бо гумони даст доштан дар қатли Хуршед Ғолибови 21 - сола аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дастгир шуд. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ “Нурмуҳаммад Нуров, сокини деҳаи Озодагони ноҳияи Панҷ, дар пайи як муноқиша ҳамсояи худ Ғолибов Хуршеди 21 - соларо бо зарби корд ба қатл расондаст”.

Ҳамон рӯз, пас аз санҷиши макони ҳодиса, мақомоти прокуратураи ноҳияи Панҷ тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 104, Кодекси ҷиноятӣ – “Одамкушӣ”, ки ин қисми моддаи ҷиноятӣ аз 8 то 15 солро дарбар мегирад, парванда боз кард.

Суди вилояти Хатлон бо баргузории панҷ мурофиа (аз 17 март то 3 апрел) қотили домоди бетолеъро барои 14 сол равонаи зиндон кард. Судя Аскаралӣ Амонзода рӯзи 3 апрел ҳангоми қироати ҳукм, судшаванда Нурмаҳмад Нуровро дар куштори Хуршед Ғолибов айбдор дониста, номбурдаро ба “14 солу 6 моҳ, бо сипарӣ кардани адои ҷазо дар муассисаи ислоҳотии низомаш пурзӯр”, маҳкум кард. Ин дар ҳолест, ки аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиа барои судшаванда ҷазои сангини то 15 соли маҳрумӣ аз озодӣ дар коллонияи низомаш пурзӯр талаб карда шуда буд, аммо наздикони судшуда ва адвокат ба ин ҳукм розӣ набуданд.

Падари Хуршед аз фоҷиаи ба сараш омада бо чашмони гиряолуд ёд меорад. “Дар хусуси қатли писарам аз ҷониби ҳамсоя ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Прокуратураи генералӣ нома навишат муроҷиат кардам, то қазия шаффофу беғараз ҳал шавад”, - мегӯяд ин падари зор.

Прокуратураи генералии кишвар чанд рӯз пеш ба номаи ин падари зор посух дода, ҷузъиёти қазияи марги писарашро ба ӯ шарҳ дод. Ба иттилои ин мақомот Хуршед Ғолибови 21 - сола моҳи октябри соли 2019 барои оила барпо намудан бо Нурова Дилафрӯз ба хонаи онҳо хостгор мефиристад, аммо падари духтар Нуров Нурмуҳаммад дархости ӯро рад намуда, пас аз як моҳ оиди ба шавҳар додани духтараш ба хеши наздикаш Бобохонов Суҳроб розигӣ дод. Хуршед бо шунидани ин хабар моҳи январи соли 2020 якчанд маротиба ба Нуров Нурмуҳаммад занг зада, хоҳиш кард, ки барои оила барпо намудан бо духтараш иҷозат диҳад, чунки бо Дилафрӯз давоми 3 сол инҷониб муносибати ошиқона доранд. Вақте такроран посухи рад мегирад, бо домодшавандаи ӯ Бобохонов Суҳроб рӯзи 14 январ, тахминан соати 15:20 ба хонаи Нурмуҳаммад омаданд.

Ҳангоми дар ҳуҷра суҳбат намудан бо Нурмуҳаммад, Хуршед боз такрор мекунад, ки бо Дилафрӯз 3 сол боз мегадан ва мақсади бо ӯ оила барпо карданро дорад. “Дар ин ҳолат Нурова Дилафрӯз, ки дар назди онҳо ҳузур дошт, суханҳои Ғолибов Хуршедро рад намуд”, - омадааст дар парванда. Аз шунидани ин суханҳо Нурмуҳаммад ба ғазаб омада, кордро бо дасти росташ гирифту ба тарафи қисми гардани Ғолибов Хуршед ду маротиба зарба зад, ки ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расид.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД