Formula novemver 2024
Муаззини духтарбоз
4515

 

Шогирди “Картакелас”

Фотеҳ Доган аз зумраи ҳунармандони ҷавон ва бисёр боистеъдоди Туркия буда, бо шарофати силсилафилми «Ҳидоят» дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо шинохта шудааст. Силсилафилми мазкур бо номи «Картакелас» машҳур буда, дар он Фотеҳ нақши Ҳиҷрӣ-шогирди Домулло Зиёро мебозад. Ҳиҷрӣ бисёр ҷавони ҷӯянда ва зирак буда, бо саволҳои аҷоибаш устодашро қариб девона мекунад. Вай ҳатто дар кӯчаю пасткӯчаҳо пеши роҳи Домулло Зиёро гирифта, чунон саволҳое медиҳад, ки кас гаранг шуда мемонад. Домулло Зиё, ки дар асл мулло нест, ба саволҳои ин ҷавони кунҷкоб чӣ ҷавоб доданашро надониста, аз пеши худаш фатвоҳои хандаовар медиҳад. Пас аз он ки Картакелас “ мурда, домулло Зиё дар нақши муаллим пайдо мешавад, Ҳиҷрӣ ҷои устодашро гирифта, мулло-имоми масҷид мешавад ва дигаронро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Вақте ки Ҳиҷрӣ амри маъруф мекунад, ҳатто ҷинояткорон гӯшу ҳуш шуда, ба суханони ӯ гӯш медиҳанд, вале…

“Ҷанговар” бо Картакелас дӯст аст ё душман?

Касе аз ин ҷавони боодоб ва сарпаст қаҳрамониро интизор набуд, аммо дар қисматҳои охири филм Ҳиҷрӣ боз дар як нақши дигар –ҷавони ниқобпӯше, ки бар зидди авбошон ва мафия мубориза мебарад, пайдо шуд. Касе чеҳраи ин ҷавони ҷасурро аз наздик надидааст, чунки ӯ ҳамеша бо ниқоб мегардад ва худро ҳамчун “Ҷанговар” муаррифӣ менамояд. “Ҷанговар” ҳамеша Домулло Зиёро ёрӣ расонида, дар ҳолатҳои вазнинтарин ӯро аз хатару балоҳои азим халос мекунад. Тахмин меравад, ки “Ҷанговар” ин Ҳиҷрӣ, шогирди домулло Зиё аст ва ба хотири он ки имоми масҷид буданашро касе пай набарад, ҳамеша дар зери ниқоб ба кӯмаки устодаш меояд, аммо…


Комментарияҳои зиёди зери ин аксҳо ва миш-миши одамон аз шавҳари нав кардани бону Зулайхо дарак медод. Зулайхо кай аз шавҳараш ҷудо шуд ва ба кӣ ба шавҳар баромадааст? Барои ба ин саволҳо ҷавоб гирифтан мо ба бародари Зулайхобону Ҳавасшоҳ Маҳмадшоев занг задем.

 


Ҳиҷрӣ домулло Зиёро мекушад?

Дар байни мардум ақидае вуҷуд дорад, ки Ҳиҷрӣ зоҳиран худро ихлосманд ва шогирди вафодори Домулло Зиё бигирад ҳам, дар асл нисбат ба ӯ дар дилаш кина дорад. Дар байни онҳо хусумати хунине вуҷуд дорад, ки ҳатто худи Картакелас аз он бехабар аст, аниқтараш онро дар ёд надорад. Дар интиҳои филм Ҳиҷрӣ дар зери ниқоби “Ҷанговар” аз Домулло Зиёро қасос гирифта, Картакеласро мекушад. Ин овозаҳо то куҷо ҳақиқат доранд, айни замон маълум нест, зеро ҳодисаҳои филм хеле печ дар печ ва худи сериал пур аз моҷаро аст. Қаҳрамонҳои филм имрӯз бо ҳам дӯстанд, вале пагоҳ душмани ҷони якдигар мегарданд. “Ҷанговар” ба Домулло Зиё боз чӣ “сюрприз” мекунад, инро танҳо вақт нишон медиҳад, аммо…

Ҳиҷрӣ дар асл кист?

Имрӯз мо ба шумо дар бораи офарандаи нақши Ҳиҷрӣ-Фотеҳ Доган маълумот медиҳем. Ин ҷавони зебои қошпайвандӣ 25-уми декабри соли 1989 дар деҳаи Элязиги Туркия ба дунё омадааст. Фотеҳ бачаи қишлоқӣ бошад ҳам, тавонист тавассути ақлу хирад ва ҳунару истеъдоди худододаш зинаҳои баландро фатҳ намояд. Вай хатмкардаи факултаи радио ва телевизиони донишгоҳи “Коня Селчук» буда, фаъолияти кории худро ба ҳайси ёрдамчии директор оғоз намудааст. Фотеҳ мисли қаҳрамони офаридааш Ҳиҷрӣ бисёр ҷавони ҷиддӣ ва боодоб аст, аммо аз чӣ бошад, ки коргардонҳо бештар ба филмҳои мазҳакавӣ ӯро даъват мекунанд. Аввалин филме, ки Фотеҳ Доган дар он нақш бозидааст, «Сумасшедшая классная комната» ном дошт. Соли 2004 ин ҷавони зебою ҳунармандро ба филми “Духтари оғо” даъват карданд. Ин ду нақши офаридаи Фотеҳ ба коргардонҳо хеле писанд омаданд ва ҳамин тавр, роҳи ин ҷавони ташнаи ҳунар ба олами синамо кушода шуд.

Зинаҳои шуҳрат

Соли 2007 Фотеҳ Доган дар филми мазҳакавии “Шавҳари маҷбурӣ”, солҳои 2008-2009 дар “Обманут кого небуд,” Семейний дом” ва мелодраммаи “Моя дорогая семя”, соли 2010 дар филми таърихии “Последний атаман” нақшҳои бисёр ҷолиб ва хотирмон офаридааст. Ошнобозӣ дар ҳама ҷо ҳаст ва коргардонҳои турк низ истисно нестанд. Онҳо вақти интихоби қаҳрамонҳо ба ҷӯрабозӣ роҳ дода, на ҳамеша ба Фотеҳ Доган нақши асосиро медиҳанд, вале ин ҳунарманди ҷавон чунон моҳир ва боистеъдод аст, ки метавонад ҳатто қаҳрамони дуюмдараҷаро ба қаҳрамони марказӣ табдил дода, азизи дили тамошобинон гардад. Дар байни тамоми филмҳое, ки Фотеҳ Доган дар онҳо нақш бозидааст, силсилафилми “Картакелас” мақоми хоса дорад. Ин филм ҳанӯз соли 2012 ба навор гирифта шуда буд ва нақши шогирди домулло Зиё-Ҳиҷрӣ ба Фотеҳ шуҳрати ҷаҳонӣ овард, аммо…

Фотеҳ аз чӣ норозист?

Фотеҳ Доган бо вуҷуди ҳунарманди шинохта буданаш зиндагии хоксорона дорад. Дар як мусоҳибааш бо хабарнигорон ин ҷавони ҳунарманд асрори синамои туркро хеле ошкоро кушодааст ва инак, мо пораеро аз он суҳбат манзури шумо мегардонем.

-Дар чунин шаҳри пурситорае чун Туркия нигаҳ доштани ному шуҳрат бисёр мушкил аст. Ҳамеша дар такопӯ ва рақобат будан ба психологияи аксари ҳунармандон таъсири хеле бад расонида, онҳоро бисёр дағал ва худхоҳу мағрур гардонидааст. Бароятон дар чунин муҳит кор кардан мушкил нест?

-Душвор аст, вале ҳар инсон орзуву ниятҳои худро дорад. Вақте ки дар пеши худ ягон мақсад мегузорӣ, мушкилиҳоро нодида гирифта, ба пеш ҳаракат намудан лозим аст. Мо то кадом андоза муваффақ мегардем, инро фақат тамошобин муайян мекунад. Барои аз даст надодани пешсафӣ ҳунарманд бояд ҳамеша дар ҳаракат ва ҷустуҷӯи эҷодӣ бошад.

-Шумо ҳунарманди шинохта ҳастед ва борҳо дар филмҳо нақши қаҳрамонҳои марказиро бозидаед. Аз маблағе, ки бар ивази заҳмати худ мегиред, розӣ ҳастед?

—На ҳамеша, чунки баъзан ба мо бисёр маблағи ночиз медиҳанд. Ин кор аз рӯйи адолат нест, зеро дар тули чанд моҳ ё чанд соле, ки сабти филм идома меёбад, ҳунарманд зиндагӣ, оилаву пайвандонашро фаромӯш карда, худро пурра ба филм мебахшад. Ба кас алам мекунад, вақте ба як ҳунарманд чандин миллион пул медиҳанду ҳунари дигар ҳунармандонро қадр намекунанд.

-Аксари ҳунармандони машҳур дар баробари дар кино нақш бозидан боз дар радио ва телевизион барандагӣ мекунанд, ба сифати модел молу маҳсулоти ширкатҳои бойро тарғиб карда пули калон ба даст меоранд. Чаро шумо ин корро намекунед?

-Ман наметавонам рӯякӣ, бе ягон ҳиссиёт мисли тӯтӣ дар вақти сабти филм суханҳои қаҳрамони худро такрор карда, баъд ба ҷойи дигар давам, то ки боз ягон корро ба сомон расонида, пули калон кор кунам. Ягон нақшро то имрӯз дилу бедилон набозидаам, хоҳ он нақши асосӣ бошад, хоҳ дуюмдараҷа. Одам бояд масъулият ҳис кунад ва нонашро ҳалол карда хӯрад. Новобаста ба он ки чӣ гуна филм аст ва коргардон ба ман кадом нақшро додааст, ман худамро пурра ба он мебахшам, то ки образе, ки дар экран меофарам, боварибахш ва хотирмон барояд.

-Шумо аз як деҳаи дурдаст ба шаҳри Истамбул омада, пойтахтро фатҳ намудед. Барои як ҷавони деҳотӣ сохтани ном ва зистан дар ин шаҳри пурталотум, ки пур аз рақобату душманист, душвор нест?

-Зиндагӣ дар қалби Туркия худаш мубориза аст, махсусан барои ман барин ҳунармандоне, ки аз деҳа ба пойтахт омада, мавқеи худро пайдо кардан мехоҳанд. Медонед, ин ба моҳигирӣ монанд аст, бояд пуртоқат ва сабур бошӣ. Кас, агар аз талотуми мавҷҳои баҳр тарсида, зуд шасташро ҷамъ кунад, маҷбур мешавад, ки дасти холӣ баргардад. Рақобат чунон сахт аст, ки кас баъзан қариб мешиканад, вале лабро зери дандон гирифта, тоқат мекунию ба пеш ҳаракат менамоӣ…

-Аз касби интихоб кардаатон розӣ ҳастед?

-Албатта! Аз он ки имрӯз маро ҳамчун ҳунарманд мешиносанд, хеле шод ҳастам ва ифтихор менамоям. Кӯшиш мекунам, ки минбаъд низ нақшҳои ҷолиб офарида, ба тамошобин хушҳолӣ бубахшам.

—Дар вақтҳои холигиатон ба чӣ кор машғул мешавед?

-Аксбардориро дӯст дорам. Бо даст додани фурсат аксбардорӣ мекунам ё сенария менависам. Ҳунари рассомӣ низ дорам ва кам-кам расм мекашам. Мехоҳам виставка ташкил карда, расмҳои кашидаамро ба маърази тамошои мардум гузорам.

-Аз байни тамоми филмҳое, ки дар онҳо нақш бозидаед, кадомаш ба худи шумо бештар писанд аст?

-Ҳар як филм ҷавҳар (изюминка)-и худро дорад, вале ба ман “Картакелас” ва “Ишқи бе интиҳо” бештар писанданд.

Ҳиҷрӣ кай домод мешавад?

Дар силсилафилми “Ҳидоят” Ҳиҷрӣ ба зебосанами Туркия ошиқ аст, вале духтар бо ӯ танҳо бозӣ мекунад. Айни замон маҳбубаи Ҳиҷрӣ ошиқи зори “Ҷанговар” гаштааст. Ин ишқ чӣ самар медиҳад, ҳанӯз маълум нест. Дар бораи зиндагии шахсии Фотеҳ низ мо натавонистем аз шабакаҳои интернетӣ маълумоти ҷолиберо ба даст оварем, вале муътақидем, ки чунин домоди зебову машҳур бе харидор намемонад…

Шаҳло Ниёзова

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД