arzon replenishment
МУАЛЛИМА ШУДАМ, КИ БАЧАҲОЯМ АЗ ГУРӮСНАГӢ НАМИРАНД!(ВИДЕО)
1953
МУАЛЛИМА ШУДАМ, КИ БАЧАҲОЯМ АЗ ГУРӮСНАГӢ НАМИРАНД!(ВИДЕО)

Маҳтарой Яқубова, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ буда, дар мактаби миёнаи №22 –шаҳри Ваҳдат фаъолият менамояд. Ин зани ҳалиму меҳрубон ва меҳнатқарин собиқаи 48-солаи корӣ дошта, зиёда аз 30 –соли умри пурбаракаташро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудааст. Аз соли 1974 то 1990 ӯ дар идораи колхози “Гулистон” ба ҳайси муҳосиб кор мекард, вале ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфта, зиндагии мардумро такорӯ кард. Ҷангу хунрезӣ боиси аз кор монданӣ садҳо корхона ва бе кор мондани мардум гашт, корхонаҳое, ки фаъолияти худро идома медоданд, сари вақт ба кормандонашон маош дода наметавонистанд. Маҳтарой низ чанд моҳ бе пул кор карда, сахт азобу ранҷ кашид. Шавҳараш ҳамон шабу рӯзҳо сахт бемор буд ва рӯйи бистар мехобид. Маҳтарой ба танҳоӣ ҳам шавҳари беморашро парасторӣ менамуд ва ҳам шиками 7 фарзандашро сер мекард. Замона бисёр вазнину мардум ҳама ба як луқма нон зор буданд ва ҳатто ёру бародарон низ ба ҳамдигар ёрӣ расонида наметавонистанд, аз ҳамин сабаб Маҳтарой ба хулосае омад, бояд касбашро иваз намояд, то фарзанднаш аз гуруснагӣ намиранд. Он вақтҳо танҳо муаллимном маошашонро сари вақт мегирифтанд ва Яқубова қарор дод, ки аз баҳри бухгалтерӣ гузашта, омӯзгор мешавад. Дар аввал кори омӯзгорӣ барояш мушкил буд, вале дигар чора надошт, зеро бояд кӯдакониашро таъмин мекард. Зани қавиирода миёнашро маҳкам баста, аввал курсҳои такмили ихтисосро хатм намуд, баъдан ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб супурд ва ҳамин тавр дар синни 68-солагӣ донишгоҳро хатм намуд. “Ман ба фарзандонам сару либоси қиматбаҳо пӯшонда натавонам ҳам, ҳамаашонро соҳибмаълумот гардонидам, чунки ранҷу азоби зиндагиро зиёд дида, маҳз бо шарофати дониш, савод ва дипломам бачаҳоямро хӯрондаму пӯшондам!” Имрӯз муаллима дар ҳалқаи фарзандону наберагонаш зиндагии пурсаодате дорад ва ҳар лаҳза шукронаи ҷигарбандонашро мекунад. Маҳтарой Яқубова аз овони наврасӣ гулпарвариро дӯст медошт ва нигоҳубини гулҳо барояш нерӯи тоза мебахшад. Ба синну солаш нигоҳ накарда, то кунун ин зани қавиирода ҳам кори давлатро мекунаду ҳам кору бори хонаро ба анҷом мерасонад. “Зан дар ҳама ҳолат бояд қуввату нерӯяшро барои фарзандонаш сарф кунад, то онҳо худро танҳо эҳсос накунанд ва камбудии зиндагиро нафаҳманд”,-мегӯяд Маҳтарой Яъқубова. Видеои мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. "Оила" барои муҳтавои ин мавод масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД