Ҷамила бо Қурбоной дугонаҳои ҷамолакӣ буданд, дар деҳаи дурдасти кўҳистон дар ҳамсоягии ҳам зиндагӣ мекарданд. Падару модарашон бо ҳам дўстони ҷонӣ буданду ин дўстӣ ба фарзандон ҳам гузашта буд. Падару бародарони Қурбоной дар кўҳу саҳро чӯпонӣ мекарданд, падари Ҷамила бошад, раиси колхоз буд, вале байни чӯпону раис дўстии бародаронае ҳукмфармо буд, ки ҳама ҳавасашро мехўрданд.
Баҳорон падари Ҷамила духтарашро ба кўҳсор назди дугонааш, ки бору бунашонро бардошта, ба кўҳсор мерафтанд, мебурд. Чӣ лаҳзаҳои хубе буданд, зери осмони мусаффову ситоразор духтарон рози дил мегуфтанд, механдиданду шодӣ мекарданд. Қурбоной шӯху шангу бало, Ҷамила баръакси ў хеле орому босубот буд. Қурбоной ҳамеша дугонаашро оғўш карда, мегуфт:
- Ману ту ба як мард ба шавҳар мебароем ва мисли апаву хоҳар зиндагӣ мекунем.
Ҷамила бо ханда посух медод:
- Не, ман умуман ба шавҳар намебароям, ҳамон мард насибат кунад.
Боре ин шӯхияшонро модари Қурбоной шунида, кокулони духтарашро дар дастонаш мушт карда, гуфт:
- Канӣ, забонатро газ, тавба кардам гўй, ҳамин ҳам гап шуд-а?!
Қурбоной баъди ин сарзаниши модар ин гапашро бас кард. Солҳо гузаштанд, духтарон мактабро хатм карда, ҳарду ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуданд. Қурбоной ба писари амакаш расида, ба деҳа баргашта, дар беморхонаи ноҳия ба кор сар кард. Ҷамила бошад, ба як ҳамсабақаш расида, дар пойтахт монд. Писари амакаш Қурбонойро ба сояаш рашк карда, азоб медод, аз ин рў, ў наметавонист ба хонаи дугонааш биёяд. Ҷамила ҳамроҳи шавҳараш ба Маскав рафтанду ҳамон ҷо муқимӣ шуда монданд. Онҳо ҳар сол як бор ба ватан меомаданду ба деҳа мерафтанд, Ҷамила медид, ки дугонааш зиндагии хуб надорад. Ҷамила байни чор бародар як духтар буду Қурбоной бошад, байни шаш бародар ва онҳо ба ҳам мисли хоҳар меҳрубон буданд. Дили Ҷамила барои дугонааш месӯхт, вале илоҷе карда наметавонист. Ҷамила алакай як писару як духтар дошт, вале дугонааш фарзанддор намешуд…
Як рўз Ҷамила нав аз кор баргашта, хўроки шом тайёр мекард, ки Қурбоной занг зад. Ӯ мегирист ва қисса мекард, ки шавҳараш ўро бо як марди бемораш рашк карда, лату кўб кардааст ва талоқашро додааст.
- Ба пойтахт меравам, ҳамон ҷо ягон кор меёбам, падарам аз олам гузашт, модари пирам худаш дастнигар, янгаҳо маро намеѓунҷонанд,- Қурбоной мегиристу Ҷамилаи дилсўз тасаллояш медод.
Билохира Ҷамила ба Қурбоной гуфт:
- Шояд ба Маскав назди ман меоӣ? Ҷойи корат меёбем, дар хонаи ман зиндагӣ кардан мегирӣ, баъд он тарафашро ҳал мекунем.
Баъди як моҳи ин гуфтугў Қурбоной ба Маскав омад, дугонаҳо се шабу рўз нахуфта, бо ҳам гап заданд. Аброр ҳамсари Ҷамила, Қурбонойро хуб мешинохт, онҳо ҳамсабақ буданд ва ба ў бо хоҳиши ҳамсараш кўмак кард. Ҷамилаву ҳамсараш шаҳрвандони Русия буданд ва дар беморхонаи давлатӣ кор мекарданд. Барои Қурбоной бошад, дар як клиникаи шахсӣ кор пайдо намуданд. Қурбоной зуд ба дили ҳамкорон ҷой ёфту худӣ шуда рафт. Баъди шаш моҳи зист дар хонаи Ҷамила хонаи иҷора гирифта рафт. Акнун барои Ҷамила дар ин ѓурбат як дари умед пайдо шуд, ў зуд-зуд назди дугонааш мерафт, баъзе шабҳо бо ў мемонд. Қурбоной дугонаашро аз ҷонаш зиёдтар дўст медошт ва барояш тўҳфаҳои ҳархела мехарид. Қурбоной аз аввал фасонча буд, ин ҷо мўйҳояшро зард карда, кўтоҳ кард ва аз рўйи муди охир либос мепўшид, мисли лӯхтак оростаю пероста буд.
Як рўзи шанбе Қурбоной знг зада гуфт:
- Хезед, ҳамакаса ба хонаи ман биёед, бешбармоқ мепазем, дар ин барфбод айни муддао аст, хўроки дўстдоштаи аҳли оилаамонро ёд кардам. Ёд дорӣ Ҷамҷон, модарам онро чӣ хел болаззат мепухт?!
- Албатта,- посух дод Ҷамила,- магар лаззати бешбармоқи модарат аз даҳони кас меравад?
Хуршеду Зартоҷ холаҷонашонро зиёд дўст медоштанду падарашонро саросема карданд ва онҳо бодиринги дар намакхобондаю боз хӯрданиҳои дигар гирифта, ба меҳмонӣ рафтанд. Бўйи болаззате дар фазои ошхона паҳн шуда, иштиҳо кушода шуд. Бешбармоқ ба туппакашаки тоҷикон хеле монданд аст, аммо онро дар оби шурбо пўхта, болояш гӯшти зиёди ҷўшондашударо реза карда мемонанд. Онҳо баҳ- баҳкунон хўрокро хўрданд, аммо як чиз Ҷамиларо ҳайрон кард. Шавҳараш, ки ҳамеша бо Қурбоной майи сурх менўшиданд, бехато ҷойи қадаҳҳо ва хокистардонро дар ошхонаи дугонааш ёфт. “Қурбоной сигор намекашад, пас, хокистардон ин ҷо чӣ кор мекунад ва Аброр аз куҷо медонад, ки он дар кадом растаи ҷевони ошхона гузошта шудааст” дили Ҷамила аз чунин андешаҳо таҳ кашид, вале чизе нагуфт…
Пас аз он шом Ҷамила рафторҳои шавҳарашро дар тарозуи андеша мекашиду медид, ки ў тамоман дигар шудааст. Аброр дар беморхонаи бачагонае кор мекарду ҳафтае як бор навбатдор меистод. Вақтҳои охир ин навбатдорӣ ба се бор дар як ҳафта расид. Ҷамила дар поликлиникаи назди хонаашон духтари занона буду навбатдорӣ надошт. Шабе ба ҷойи кори шавҳараш занг зада, фаҳмид, ки ў навбатдор нест. “Пас, гумонҳои ман ботил нестанд” аз дил гузаронд зан ва ба Қурбоной занг зад, телефони дугонааш хомӯш буд, телефони шавҳараш низ…
Соат нўҳи шаб буд, барф беист меборид, Ҷамила пушти чанбараки мошин ба сўйи хонаи дугонааш равон буд ва дар дил Худо мегуфт, ки гумону шубҳаҳояш ғалат бошад, аммо…
Назди хонаи дугонааш расиду ба ошёнаи панҷум нигарист, чароѓи ошхонаи дугонааш фурўзон буд, ў интизор нишаст, ки ягон нафар пайдо шаваду бо чипаш дари даромадро кушояд, то вориди даромадгоҳ шавад. Марде бо сагаш пайдо шуду ў аз паси онҳо ба бино ворид шуда, бо лифт боло рафту занги дари шиносро зер карда, каме дуртар истод. Баъди се бор зангро зер кардан, дарро Қурбоной кушод, ки дар танаш як халат дошту халос. Ҷамила ўро тела дода, вориди хона шуд ва ҳамсарашро дид, ки бепарво гўё хонаи худаш бошад, баҳузур чой менўшад. Зан дигар дар ёд надорад, чӣ монду чӣ шуд, вақте ба худ омад, ки дар хонаи худаш аст ва ҳамсараш болои сараш истода, бо чашмони сурху варамидааш ба ў менигарад. Ҷамила аз шавҳараш рўй гардонд, танҳо баъди ду моҳи ин ҳодиса ба худ омад. Ҳарчанд шавҳараш зорӣ карду бахшиш пурсид, аммо ў дигар бо Аброр гап назад. Танҳо ба хотири фарзандонаш зери як бом чун бегонае бо ў зиндагӣ мекунад, мордугонааш ба шаҳри дигар кўчида рафт ва дигар онҳо якдигарро надиданд.
Модари Ҷамила аз дунё гузашту ў худаш танҳо бе шавҳару фарзандонаш ба ҷаноза омад, маъракаи чили модарро доданд, ки падари азизаш ҳам ин дунёро падруд гуфт. Шавҳари собиқи Қурбоной Занҷир барои таъзия омаду дар танҳоӣ ба ў гуфт:
- Ҷамила, хоҳари азиз, аз Қурбоной эҳтиёт бош, ки хонаатро вайрон накунад. Ў ҳамеша ҳаваси зиндагии туро мехўрду мегуфт, ки “чаро вай хаппаки таги таппак ҳама чизро дораду ман не?!”. Ў ҳангоми хонадор шуданамон бокира набуд, ба хотири амакам ин гуноҳашро бахшидам, аммо ўро ҳамроҳи як бемораш рўзи равшан дар кабинети корияш ҳангоми муносибати маҳрамона қапидам. Вай мор аст дар сурати одам…
Ҷамила бо ҳайрат ба Занҷир менигаристу ғайри раҳмат бародар, чизи дигаре ба забон намеовард…
ДИЛОШӮБ