Субҳи барвақт занги телефон баланд шуд. Гӯширо бардоштем, аз он сӯ овози гиряолуд ва парешонҳоли зане баланд шуд.
-"Оила"-и азиз! Илтимос, ба ман мадад расонед. Тамоми корҳоям ба таъхир афтодаанд, аз хона баромада наметавонам, зеро касе нест, ки кӯдакамро парасторӣ намояд. Дар як сол қариб 20 момодоя иваз намудам. Момодояи табъи дилро ҳеҷ наёфта истодаам. Аз ҳамсояҳо фаҳмидам, ки дар набудани ман кӯдакам чирросзанон гиря мекардааст. Тифлакам ҳанӯз забони гӯё надорад, ки сабабашро аз худаш пурсон шавам. Илтимос, ба ман тавсия диҳед, ки момодояи арзандаро чӣ тавр ва аз куҷо интихоб намоям?
Барои осон намудани мушкилоти ин модари дармонда бо равоншинос Самадова Нӯшин Абдулҳамидовна мусоҳиба оростем ва фишурдаашро манзури хонандагони “Оила” мегардонем.
-Роҳи дурусти ҷустани момодоя кадом аст- ба воситаи дӯстон ва ё агентӣ?
-Аниқ намедонам, ки оё дар Тоҷикистон барои ҷустани момодоя агентӣ ҳаст ё не, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳое ташкил шудаанд, ки дар он ҷо модарони ҷавон ва таҷрибадор ҷамъ омадаанд. Нафаре, ки момодоя меҷӯяд, метавонад дар он гурӯҳҳо эълонашро гузорад ва аз ҷониби аъзоёни гурӯҳ ҳатман тавсияҳо пешниҳод мегарданд. Хеле муҳим аст, ки пеш аз ба кор қабул намудани момодоя падару модарон ҳамроҳаш суҳбат намоянд. Дар ҷараёни мусоҳиба саволҳои муҳиму ҳалкунанда диҳанд. Пеш аз мусоҳиба падару модарро лозим меояд, ки рӯихати саволҳоро тартиб диҳанд. Масалан, момодояи кӯдаки шумо бояд чандсола бошад? Оё момодоя маълумоти касбӣ оид ба нигоҳубини кӯдак дорад? Таҷрибаи корӣ дорад ва оё метавонад аз корфармои қаблӣ “мактуби тавсиявӣ” пешниҳод намояд? Ва аз ҳама муҳим он аст, ки ҳар модар эҳсоси махсус дорад ва ҳамчун модар барояш муҳим аст, ки момодоя меҳрубон аст ё не? Ба фарзандаш писанд меояд ё не? Зеро момодояро на танҳо барои нигоҳубини кӯдак мегиранд, балки саҳмгузор будани ӯ дар хонишу тарбия ва инкишофи зеҳнии кӯдак низ ба инобат гирифта мешавад.
- Кадом саволҳои актуалию ҳалкунанда бояд ба момодоя дода шавад?
-Масалан, аз момодоя пурсед:“Агар кӯдак дар хона ва ё кӯча лат хӯрда, ягон ҷойи худро захмӣ мекунад, шумо чӣ кор мекунед? Кӯдакам либоспӯшӣ, дастшӯӣ ва ё дандоншӯиро дӯст намедорад, шумо чӣ гуна ӯро водор менамоед, ки ин корҳоро анҷом бидиҳад?” Ин ҷо муҳим аст, ки момодоя роҳҳои ғайристандартии баромадан аз вазъиятро бидонад ва онро дар амал татбиқ карда тавонад. Мувофиқ ба майли кӯдак рафтор карданро тавонад, чунки кӯдаки шумо бояд бо момодоя худро роҳат ҳис кунад. Боз аз рӯйи як қатор саволҳои махсус метавон “креативность”-и момодояро муайян намуд. Ба мисоли “Ғайр аз бозиҳое, ки кӯдак медонад ва бозичаҳое, ки дорад, боз бо кӯдак чӣ гуна фаъолияту бозиҳоро метавон анҷом дод?” Бо ин восита шумо муайян месозед, ки оё момодоя солимфикру ҷаҳондида аст ё не. Инчунин, бояд аз момодоя пурсид, ки “Оё кӯдакро ҷазо додан мумкин аст ё не?” Ин саволест, ки бисёре аз падару модарро ба ташвиш меорад ва гарчанде момодоя дар хонаи онҳо кӯдакро нигоҳубин менамояд, аммо ба ҳар ҳол амнияти кӯдак ҳамеша волидайнро нигарон менамояд. Ва беҳтараш дар хона камераҳои назоратӣ насб карда шавад ва момодояро аз ин чиз воқиф намудан аллакай интихоби худи падару модар аст.
-Ҳолатҳое шудаанд, ки момодояҳо аз ҷиҳати равонӣ беморанду кӯдаки мардумро ҳамчун фарзанди худ қабул намуда, ӯро чунон тарбия менамоянд, ки кӯдак ба онҳо мисли модар меҳр мебандад ва аз модари худ то дараҷае дилсард мегардад. Агар кӯдак ба момодоя меҳр бандаду ба модар писанд наояд, чӣ бояд кард?
-Қабл аз шинос намудани момодоя бо кӯдак, пеш аз ҳама худи модар бояд қонеъ гардад, ки чунин момодоя ба кӯдаки ӯ лозим аст ё не. Албатта хуб аст, агар кӯдак бо момодоя муносибати хуб дошта бошад ва ба ӯ каме меҳр бандад, чунки модар рӯзи дароз дар хона нест ва момодоя бояд то андозае ҷои модарро барои тифл иваз намояд. Вале ин ҷо ғарази модару хонаводаро фаҳмидан лозим аст, ки бо кадом сабаб ба онҳо муносибати момодоя писанд намеояд. Ин проблемаи шахсии худи инсон аст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳар бор иваз намудани момодоя барои кӯдак “стресс” аст, чунки муддати як-ду ҳафта фарзанди шумо бо момодоя унс мегирад ва шумо ба хулосае меоед, ки не, ин момодоя ба кӯдаки мо намешавад. Ин ҷо бояд андешаи онро бикунед, ки кӯдак ба момодоя меҳр басту одат кард ва барои шинос шудан бо шахси нав барои ӯ вақт лозим аст. Ба ҳар сурат андешаи кӯдакро дар бораи момодоя бояд ба инобат гирифт ва муносибати момодояро бо фарзанди худ беназорат набояд гузошт.