Барои ҳар зан давоми моҳи дуюми ҳомиладорӣ каме вазнин аст. Чунки давраи дилбеҳазурию нозу бозори ҳомиладорӣ зиёдтар мешаваду ҳолати руҳии зан зуд зуд иваз мешавад.
Дар баъзан вақт атрофиён аз рафтори нодурусти ҳомиладорон шикоят мекунанд. Аммо то ҳадди имкон ин лаҳзаҳоро таҳамул кардан лозим аст, чунки инкишофёбии ҷанин зиёдтар мешаву ҳормонҳои занро ба бозӣ медарорад. Бо ин сабаб рафтору гуфтои зан ба ҳадди максиамалӣ тағийр меёбад. Ин ҳолат доимӣ нест ва баъди чанд моҳ он тамом мешавад.
Кӯдак дар ин давра ба шаклии инсон бештар монанд мешавад. Яъне, аз ҷанин ба кӯдак табдил меёбаду мағзи сараш шакл мегирад ва торҳои асабаш инкишоф меёбад. Ба ҳамин хотир ин давраи муҳими бордории модар аст. Агар ҳамон қадар орому муътадил гузарад ҳамон миқдор барои кудак хуб аст. Он низ орому бо маром бузург мешавад. Ҳамчунин, дар ин моҳ узвҳои дохилии кӯдак шакл мегиранд ва оҳиста-оҳиста бузург мешаванд, вале ҳанӯз фаъолият намекунанд.
Моҳи дуюм модар ғизоҳоеро бояд истеъмол кунад, ки махсус барои инкишофи мағзи сари кӯдак фоиданок аст. Ба монанди писта, чормағз, донаи офтобпараст, лубиё ва кислотаҳои фолиевӣ зиёд истеъмол намудан лозим. Ин маҳсулотҳо барои ба пурагӣ инкишофёбии торҳои асаб кӯмак мекунад. Инчунин, шаб пеш аз хоб ва ё субҳгоҳон асал хӯрдан ба манфиати кор аст. Ин модарро ором мекунад.
Дар моҳи дуюм шиками зан он қадар намоён нест. Вале бачадон каме андозааш калон мешаваду меъдаро халалдор мекунад. Ба ин хотир, модар зуд-зуд зардаҷӯш мешаваду меъдааш ноҳинҷор шуда меистад.
Дар ин муддат зан ҳар чизро хӯрда наметавонад ва хӯроки дилхоҳашро доимо намеёбад. Фикр мекунад, ки ҳама чиз бемазза шудааст.
Давом дорад ...