Тавлиди панҷгоникҳо дар оилаи Нурмуродовҳо натанҳо барои аҳли хонадон, балки барои тамоми ҷумҳурӣ воқеаи хурсандибахш буд, зеро қаблан дар кишварамон дугонику сегонику чоргоник ба дунё омада бошад ҳам, яку якбора панҷ фарзанд ба дунё овардани зан ҳодисаи беназир ба шумор мерафт.
Панҷгоникҳо пеш аз мӯҳлат ба дунё омада бошанд ҳам, саломатиашон хуб буд, вале ба ҳар ҳол, табибон ин тифлакони дӯстрӯякро муддати мадид дар таваллудхона нигоҳ доштанд то аз вазъи саломатиашон дилпур гарданд.
Хушбахтона, ҳамааш хуб гузашт ва Дилнозаро ҳамроҳи панҷ тифлаки нозанинаш бо гулу гулдастаҳо ба хона гусел намуданд, вале...
Имрӯз ин зан бо панҷ фарзанди хурдсолаш чи рӯзу рӯзгоре дорад? Барои ба ин савол посух гирифтан мухбири шаҳрвандии сомонаи Оила. ТЧ Бахтиёр Комилов ба ноҳияи Қубодиён сафар намуд.
Панҷгоникҳоро кӣ нигоҳубин мекунад?
Оилаи Нурмуродовҳо ба ғайр аз панҷгоникҳо боз ва ду фарзанди дигар доранд. Албатта таъмин намудани чунин оилаи калон кори саҳлу осон нест. Дар нигоҳубини кӯдакон ба Дилноза модар, ҷиян ва хуштоманаш кӯмак мераснанд. Қаблан марди хонадн ҳар сол ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меомад ва зиндагиашон чандон бад набуд, аммо акнун, ки бо сабаби пандемия роҳҳо баставу падар бе кор мондааст, душвориҳои ин оилаи калнро домангир гаштаанд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, нарху маҳсулот якбора ба осони ҳафтум дакка хӯрда, як мушкили ин оилар сад мушкил гардонд.
Дилноза:
Нархи шир 150 сомонӣ, вале ба ду рӯз намерасад
Дилноза, модари панҷгоникҳо мегӯяд, шираш барои таъмини 5 тифл кифоят намекунад, аз ҳамин хотир вай маҷбур аст, ки ба панҷгоникҳо шири сунъӣ диҳад. Табибон ба онҳо шири сунъии "NUM"-ро тавсия намудааст, ки нархаш 150 сомонӣ аст, вале он ҳатто ба ду рӯз низ кифоят намекунад. Шавҳараш дар ягон ҷо кор намекунад ва зан дар харидории шир барои фарзандони хурдакакаш душворӣ мекашад.
" Фарзандонам аз шир танқисӣ мекашанд. Шири худамро медиҳам, локин барои панҷ нафар кофӣ нест. Пизишкон ҳамин ширро тавсия доданд, вале барои ду рӯз кифоя нест. Ин шир 150 сомон аст, шавҳарам дар ягон ҷо кор намекунад,"- гилаомез гуфт модари панҷгоникҳо зимни сӯҳбат.
Падари хушбахт:
Шабҳо ҳамагӣ ду соат хоб мекунам
Айни замон ин зану шавҳари хушбахт, ки бо амри худованд соҳиби паннҷгоник шудаанд, бо ҳафт фарзандашон дар як хуҷра мехобанд. Азбаски панҷгоникҳо ҳанӯз хеле хурд ҳастанд, аксар вақт бароҳат хоб намераванд. Табиист, ки гиряи кӯдакон дигар аъзоёни оиларо низ орому осуда хобидан намегузорад.
"Ман шабҳо ҳамагӣ ду соат хоб мекунам. Агар аз панҷгоникҳо яктояш гиря кунад, дигарҳояш низ гиря мекунанд,"- мегӯяд падар бо ҳаяҷон.
Барои панҷгоникҳо хона месозанд?
Тавре ки болотар ёдрас шудем, қабл аз панҷгоникҳо дар кишварамон сегоник ва чоргоникҳо ба дунё омада буданд. Ба волидони хушбахте, ки соҳиби сегонику чоргоник шуда буданд, аз маркази шаҳр хонаҳои хеле зебои замонавиро бо тамоми ҷиҳози рӯзгор тақдим намуданд, вале қарор шуд, ки барои панҷгоникҳо дар зодгоҳашон манзил бунёд намоянд.
Айни замон мақомот барои панҷгоникҳо дар ҳавлии бобогиашон се ҳуҷра сохта истодаанд ва ҳафтод дар сади корҳои сохтмонӣ аллакай ба анҷом расида, боми хонаро пӯшонидаанд. Устоҳо дар пайи анҷом додани таъмирии дохили манзил ҳастанд.
Ёдрас мешавем, ки панҷгоникҳои Нурмуродовҳо 30-декабри сли 2020 ба дунё омаданд ва ин нахустин мавриди тавлиди панҷгоник дар Тоҷикистон буд.
Бахтиёр Комилов,
Махсус барои сомонаи Оила. ТЧ