Ҷовиду Ҷобир дугоник буданд, вале чанде пас маълум шуд, ки Ҷовид модарзод гунг аст ва ҳеҷ гоҳ гап зада наметавонад. Табибон сабаби лол ба дунё омадани кӯдакро дар хешу табор будани падару модараш маънидод намуданд ва Хуршед аз тарси он, ки кӯдакони ояндаашон низ нуқсондор таваллуд мешаванд, ҷавоби занаш Гулнозаро дод.
Ҷавонзани бо ҳукми тақдир хонавайроншуда тифлаки бегуноҳро сабаби бадбахтию хонавайрониаш дониста, Ҷовидро бад медидагӣ шуда монд. Ҳар қадаре, ки дугоникҳо калон мешуданд, нафрати модари ҷоҳил даҳчанд меафзуд.
Ҷовид гӯё бо ақли кӯдаконааш бадбинии модарро эҳсос мекард, ки дар наздаш сарашро намебардошт. Бача ба дараҷае аз модараш метарсид, ки Гулнозаро аз дур бибинад, дар эзораш тар мекард.
Дугонабоз
Нисфирӯзие Гулноза барои писарчаҳояш дастурхон кушоду дар наздашон таъом ниҳода, таъкид кард, ки мағал накарда шинанд ва худаш як коса дами гарм гирифта, хонаи ҳамсоя дугонабозӣ рафт. Занаки серҷоғ дар хонаи дугонааш қариб се соат нишаста, баргашт.
Вақте ки аз дарвоза даромад, дастурхон ҳамон сон дар болои кат кушода, вале аз Ҷовиду Ҷобир дарак набуд. Модар ба набудани кӯдакон аҳамият надода, аз пайи кору бори хона шуд, сипас сар ба болин ниҳод.Чашмонашро молида-молида ба рӯйи ҳавлӣ баромад ва дид, ки ҳанӯз аз дугоникҳо дарак нест.
Калтаки Худо
Гулноза ба ташвиш афтода ба поёни боғ, ки ҷойи бозии писарчаҳояш буд, рафт ва дид, ки Ҷобир рӯ ба замин хобидаасту Ҷовид дар болои сараш нишаста гиря дорад. Гумон кард, ки бачаҳо бозӣ доранд ва азми бозгашт намуд, вале ин дам чашми Ҷовид ба модараш афтид ва тозон аз ҷояш ҷаҳида назди ӯ омаду аз дасташ маҳкам дошта, сӯйи додаракаш кашолакунон садои гушхароше баровард. Модар даст афшонда, гуфт:
-Гунги худозада, чӣ мехоҳӣ?!
Ҷовид боз ӯро ҷониби Ҷобир кашола кард. Гулноза ҳайрон шуда наздиктар рафт ва дид, ки писараш Ҷобир беҳаракат хоб аст. Осемасар худро болои кӯдак партофта «бачаҷон ба ту чӣ шуд?!» гӯён, бачаро парӯ гардонд ва дид, ки аз даҳонаш хуни сиёҳчатоб рехта, беҳушу беёд аст.
Фиғони ҷонхароше бароварда, сӯйи хонаи ҳамсоя давид. Писари ҳамсоя аз моҷаро огоҳ шуда дарҳол Ҷобирро бо мошинаш ба беморхона бурд. Гулноза дар паси дари шӯъбаи эҳёгарӣ нишаста зор-зор мегирист ва аз Парвардигор талаб мекард, ки писаракашро шифо диҳад, вале баъди чанд лаҳза табибе ба наздаш баромада гуфт:
-Хоҳарҷон, мо тамоми кори аз дастамон меомадаро кардем, вале тақдират бад будааст… Бачаро аз даст додем… Айби худат, кӯдакро бисёр дер овардӣ!
ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:
Гулноза хун гириста рӯю мӯяшро канд, вале тақдирро тадбир набуд. Ҷисми беҷони Ҷобирро рӯзи дигар ба хок супурданд.
Девонаи ҳот
Гулноза аз ғами писари дӯстдоштааш девона шуда, гоҳ гиряву нолакунон ба тақдири бадаш лаънат мехонду гоҳи дигар механдид. Ҷовиди хурдакак бо сари хам ба модари ақлбохтааш менигарист ва гоҳ-гоҳ ҷуръат карда, сарашро сила мекард.
Гулноза баъзан Ҷовидро Ҷобир гумон карда «писаракам» гӯён, ба оғӯш мекашид, вале баъд мешинохту ҳақораткунон тела мезад. Модари сангдил ин кӯдаки бегуноҳи бо ҳукми қисмат лол ба дунё омадаро сабабгори марги писари эркааш дониста, бештар бад дида буд ва ҳар гоҳе, ки Ҷовид ба вай наздик мешуд, бо зарда «дафъ шав аз назарам гунги бехосияти одамкуш» гӯён, ҳар чизи ба дасташ афтодаро сӯйи вай ҳаво медод. Ҷовид ҳаросон ба берун медавид.
Рӯзҳо бо ҳамин минвол турнасон мегузаштанд ва Ҷовиди лол дар як хона бо модараш мисли ду душман зиндагӣ карда, торафт калонтар мешуд. Бечора бача, ҳатто дар рӯзҳои сарди зимистон бо либосҳои ҷандааш дар кӯчаҳо гадоӣ мекард, то аз гуруснагӣ намурад. Оқибат дар байни барфу борон нимурён гаштану дилсардию бераҳмии модар кори худро кард ва Ҷовид бемор шуд.
Ношукризада
Шабе аз дарди ҷонкоҳ Ҷовидро хоб набурд. Нолаи зори модар, ки ҳамоно дар сӯги писари ғуррамаргаш Ҷобир менолид, бештар беқарораш кард ва хост ба ҳуҷрааш даромада аз ҳолаш бохабар шавад. Дарро нимроғ карда ба модараш нигарист.
Дар равшании маҳтоб танҳо дасти модарро диду халос. Оҳиста-оҳиста назди модараш омад ва дасташро гирифта оҳиста бӯса карду гирист. Гулноза заррае ба писараш аҳамият надода, ҳамоно мегирист.
Ҷовид каме дар назди модараш нишаст ва сипас оби дидаашро бо нӯги остинаш поккунон аз ҷояш бархоста сӯи дар равон шуд. Вақте ки аз дар мебаромад, нохост пешпо хӯрда афтид ва сараш ба тезии миз бархӯрда садои ҷонхароше баровард.
Гулноза беихтиёр ҷаста аз ҷояш бархост ва барқро равшан карда дид, ки Ҷовид ба пушт хобидаасту аз сараш хун метаровад. Рӯю мӯяшро канда доду фиғон бардошт. Аз овози гиряву нолааш ҳамсояҳо бедор шуда сӯйи манзилаш давиданд.
Касе табиби деҳаро гирифта овард, вале дили озурдаи Ҷовид аллакай аз тапидан бозмонда буд. Модари ношукрро Худованд ҷазо дода, фарзандашро рабуд.