Бахтовар Маҳмудов 4 сол мешавад, ки ба заргарӣ машғул аст. Ӯ, асосан, аз нуқраву латуву мис маснуоти заргарӣ омода мекунад.
Мавсуф дар муддати кӯтоҳ тавонист дастранҷи худро вориди бозори ватанӣ намуда, таваҷҷуҳи харидорони зиёдро ҷалб намояд. Алҳол ӯ дар бозори марказии шаҳри Истаравшан дӯкони заргарӣ дораду он ҷо фаъолият мекунад.
Хабарнигори Oila.tj бо ин ҷавони заргари соҳибистеъдоду хушзавқ атрофи фаъолияти ҳунариаш ҳамсӯҳбат шуд.
Орзуе, ки ҷомаи амал пӯшид
Бахтовар Маҳмудови 19-сола сокини шаҳри Истаравшан аст. Ӯ дар оилаи усто таваллуд шуда, ба камол расидааст. Чун бибияш дар бозор ба фурӯши тилловорӣ машғул буду гоҳ-гоҳ набераашро ҳамроҳ мебурд, таваҷҷуҳи Бахтовари хурдсолро навъҳои гуногуни зару зевар ба худ ҷалб мекард ва доим орзу дошт, ки дар оянда ҳунари заргариро аз худ намояд.
"Ҳар боре, ки анвои гуногуни маснуоти заргариро медидам, ба ҳайрат меафтодам, ки чӣ тавр инсоният чунин зебоиро меофарад. Бибиям таваҷҷӯҳамро дида гуфтанд, ки агар ба синни камолот расӣ, туро барои омӯхтани ҳунари заргарӣ назди усто мегузорам. Бо гузашти вақт майли омӯхтани заргарӣ дар ман афзуд. Ҳамин тавр, дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ба бахши заргарӣ дохил шудам. Мана, имрӯз дар арафаи хатм кардани ин кохи ҳунар қарор дорам", - гуфт қаҳрамони мо.
Бахтовар гуфт, орзуе, ки аз хурдӣ дар дил мепарварид, ҷомаи амал пӯшидааст. Ва ӯ аллакай 4 сол мешавад, ки бо ҳунари заргарӣ машғул шуда, ба ин минвол ризқ меёбад.
Ба кори заргарӣ ҳама вақт талабот буд ҳаст
Аз қадим ба маснуоти заргарӣ зану мард таваҷҷӯҳ доштанд. Бонувон гарданбанду гӯшвор, дастпонаву ангуштарин, мӯйқаппаку тоҷ, қасабаву қоштилло ва мардон бошанд, бозубанду ангуштарин ва даҳҳо чизи дигари ин навъро ба бар мекарданд, ки ҳар як мавриди хос доштанд. Имрӯз низ талабот ба маснуоти заргарӣ аз ҳарвақта бештар афзудааст.
"Мардуми тоҷик аз қадим зебоипараст аст. Вақте ба маданияти либоспӯшии халқамон назар меафканем, мебинем, ки чӣ қадар зару зеварҳои зеборо ҳам занону ҳам мардон ба бар мекарданд. Ин аз он далолат медиҳад, ки ба маснуоти заргарӣ дар ҳама давру замон талабот буд ҳаст ва мемонад", - гуфт ин заргари ҷавон.
Назар ба гуфти Бахтовар Маҳмудов, имрӯз талабот ба маснуоти заргарии дастӣ хеле зиёд аст. Махсусан, бонувон қоштилло, ангуштарии никоҳӣ ва дастпонаву гарданбанд харидорӣ мекунанд.
Қаҳрамони мо бештар аз руйи фармоиши харидорон маснуот месозад. Ҳамзамон, барои хоҳишашон номашонро бо мис менависад. Ғайр аз ин, бо истифода аз мису нуқра армуғон ва нишонаҳо омода мекунад.
Заргарӣ сабр металабад
Ба гуфти қаҳрамони мо, ҳама ҳунар душвориву нозукиҳои ба худ хос дорад. Албатта, заргарӣ низ аз он истисно нест. Танҳо барои муваффақ шудан ба он сабр лозим аст.
"Ҳама кор дар натиҷаи сабр ба амал меояд. Барои ҳунарманди муваффақ шудан ҳам сабр мебояд. Ҳунарманд дар баробари он ки бо ҳунаре машғул мешавад, бояд шахси эҷодкор ҳам бошад ва ҳамеша дар ҷустуҷӯйи чизи нав гардад. Дар замони имрӯз ба он чизе талабот зиёд аст, ки дар худ навгонӣ дошта бошад", - таъкид кард ҳамсӯҳбати мо.
Дастовардҳо назаррасанд
Агар аз рӯзи ба заргарӣ машғуланд шудани Бахтовар Маҳмудов ҳанӯз 4 сол гузашта бошад ҳам, дар ин муддати кӯтоҳ тавонист ба дастовардҳои зиёд ноил гардад.
Ҳамзамон, ӯ дар озмуну намоишҳои ҳунарӣ ширкат варзида, ғолибият ба даст овард. Аз ҷумла, дар даври шаҳрии озмуни "Тоҷикистон - Ватани азизи ман " ҷойи дуввум ва дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ҷойи якумро ишсоҳиб шуд.
Қаҳрамони мо ният дорад ҳунарашро такмил дода, баҳри рушд ёфтани заргарӣ дар кишвар саҳми арзандаи худро гузорад. Таъмин намудани бозори ватанӣ бо маснуоти заргарии дастӣ аз ҳадафҳои бузурги Бахтовар аст.