Салом Oila.tj! Мехоҳам саргузаштамро қисса кунам, то барои дигарон сабақи талх гардад. Гап дар сари он аст, ки мани беандеша модарамро зада кӯр кардам ва то ҳол азоби виҷдон мекашам.
Он вақт ҳанӯз ҳафтсола ҳам набудам ва мактаб намехондам. Як саҳар дар долони хокии хонаамон, ки навсохт буд, ҳама аҳли оила сари дастурхон нишаста будам. Ман дар рӯ ба рӯйи модарам нишаста, бо фалахмон, яъне рагадка бозӣ мекардам. Модарам чанд бор таъкид кард, ки бачаҷон, шӯхӣ макун, агар сангаш ба чашми ягонтаамон расад, кӯр мекунад, вале мани якрав ба суханҳояш аҳамият надода, ҳамоно ба қавле “ҷонканӣ” мекардам. Билохира, коре шуд, ки дили модари бечораам аз он гувоҳӣ дода буд. Вақте ки ин навбат мани шумрӯй резини рагадкаро сахт кашидам, санг раҳо хӯрд ва рост ба чашми модарам зад. «Оҳ, ҷигарат нарезад бача, охир кӯрам кардӣ», –гӯён модари бечораам чашми захминашро, ки кафида буд ва аз он хун мисли фаввора мешорид, дошта, зор-зор гиря мекард. Ман аз тарс дар ҷоям шах шуда мондам, чӣ гуфтану чӣ кор карданамро намедонистам. Падарам зуд модарамро ба мошин шинонда ба беморхона бурд, вале ӯро ҷарроҳӣ карда бошанд ҳам, нури чашмашро дубора баргардонда натавонистанд. Аз ҳамон вақт инҷониб як чашми модарам кӯр аст ва бечора аз шарм дигар ба ягон тӯю маърака намеравад. Аз байн 11 сол гузашта бошад ҳам, то ҳол ман худамро бахшида наметавонам. Аҳволи модарамро мебинаму ҷигарам хун мешавад. Чанд бор гуфтам, ки очаҷон, биё маро зада кӯр кун, вале “тақдиру насиб ҳамин будааст” гуфта, сарамро сила мекунад.
Хонандагони азиз, дидед, дили модар чӣ қадар бузург аст! Фарзанд чӣ гуноҳи сангине, ки накунад, модар боз ӯро мебахшад. Ба қадри модар бирасед ва ҳаргиз дили модарро озор надиҳед!