Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран дар нишасти матбуотӣ суханрониро бо забони тоҷикӣ оғоз намуда, таъкид намуд, ки ҳарчанд забони тоҷикиро намедонад, вале бисёр мехоҳад, ки онро биомӯзад!
Имсол 20 солагии маркази фарҳангӣ "Бактрия" ҷашн гирифта мешавад! Моҳи октябр дар шаҳри Париж дар осорхона намоиш бахшида ба таърихи Тоҷикистон баргузор мегардад. Мақсад аз баргузории намоиш дар он аст, ки диққати соҳибкорону дигар ашхоси бонуфузри ҷаҳониёнро ба фарҳанги мардуми тоҷик равона сохтан аст. Мутаасифона, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар кам муаррифӣ гардидааст.
Мақсади муҳими дигар он аст, ки дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мехоҳем соҳаи туризми ҷаҳониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равнақ диҳем.
Ҳамроҳ бо дастаи худ мақсад гузоштем, ки омӯзиши забони фаронсавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равнақ диҳем. Лоиҳа дар сатҳи Осиёии Марказӣ дар ҳаҷми 500 000 эвро дар ин самт ҷудо шудааст.
Ҳамчунин? ӯ афзуд, ки ҳифзи муҳити зист ва иқлим барои Тоҷикистон масъалаи калидӣ аст. Ин маҷмӯи мушкилотест, ки мо дар ин самт кор мекунем.
Масъалаи дигар баробарии марду зан аст. Президент Макрон аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки президентии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин масъала бетараф нестанд.
Дар Тоҷикистон аллакай ба 4 донишгоҳ ташриф овардам, дарёфтам, ки дар кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳҳо муаллимони хуби забони фаронсавӣ кор мекунанд, вале китобҳои дарсии забони фаронсавӣ барои донишҷӯёни тоҷик чандон муносиб нест. Дар оянда донишҷӯён бо маводи дарсии забони фаронсавӣ таъмин хоҳанд шуд.
"Дар навбати худ ваъда медиҳам, ки дар давоми 3-4 моҳ забони тоҷикиро ёд гирам ва бо он ҳарф занам"-гуфт Мишел Тарран.
БО МАЪЛУМОЛТҲОИ ТОЗА ШУМОРО БОЗ БОХАБАР МЕГАРДОНЕМ.