Матлуба Раҳимова:
Ноумед кардани хостгорҳо ба хотири Умед буд
Маҳорати сурудхонию садои ширадори Матлуба Раҳимова барои бисёриҳо ошност. Аммо дар ҳаёти шахсӣ ва зиндагии оилавии Матлуба муаммоҳои зиёдест, ки мухлисон посух меҷўянд.
Масалан, барои зане, ки дидаи нобино дораду чунин пешаи мушкилро ихтиёр кардааст, анҷоми корҳои хона душвор нест?Оё ў метавонад ба шавҳар таоми дилхоҳашро омода кунаду либосашро дарзмол намояд? Матлуба Раҳимова бо ишқ оила бунёд намуд ва ё ба хотири бастани даҳони мардум? Чандин суол аст, ки қалби мухлисони кунҷкови Матлубаро ором намегузорад.Инак, ин бонуи ҳунарманду ҳунардӯст меҳмони ҳафтаномаи «Оила» аст!
-Салом Матлубабону, хуш омадед ба ҳафтаномаи «Оила». Муддатҳо мешавад, ки хонандагони ташнаи суҳбататонро интизор гузоштед.
-Ташаккур, воқеан ман ҳам пазмони суҳбати «Оила» шуда будам ва гумон мекунам гуноҳи ман нест, ки миёни суҳбати мо фосила афтод.
Шояд шумо ҳам серкор будеду ба суроғам омада натавонистед. (механдад)
-Аз суҳбатҳои қаблӣ бо шумо огоҳ ҳастем, ки хостгорҳои зиёдеро аз паси дар ноумед кардаед. Чӣ шуд, ки яку якбора бо Умед Ашӯров, ки аз пайвандони шумост, розигии хонадоршавиро додед?
-Мегўянд агар паймона пур шуд, сар мезанад. Ишқи мо бо Умед, ки аз давраи кўдакӣ ба вуҷуд омада буд ва мо чандин сол муҳаббати якдигарро дар ниҳод мепарваридем, билохира сабр лабрез шуду оила бунёд намудем. Ҳама чиз ҳаду андоза дорад ва дурии мо аз якдигар низ фурсате дошт.
Бисёр касоне ҳастанд, ки дар интизории расидан ба висоли ошиқсабрро аз даст медиҳанд, вале комилии муҳаббати мо дар сабр ба мо қувват бахшид ва билохира ба ҳам расидем.
-Яъне, шумо на ба хотири нуқта гузоштан ба сару садоҳои беасос, балки бо ишқу муҳаббат хонадор шудаед?
-Албатта. Ман ба овозаву дарвозаи мардум эътибор намедиҳам. Ноумед кардани хостгорҳои зиёд низ ба хотири Умед буд. Чун ғайри муҳаббати ў, меҳри дигареро дар дил парварида наметавонистам.
Имрўз худро хушбахттарин зан меҳисобам, ки Худованд шоҳсавори орзуҳоямро ба ман расонид.
-Вақте аз кўдакӣ ба якдигар муҳаббат доштед, чаро ин қадар солҳоро дар интизорӣ паси сар кардед?
-Волидонамон розӣ набуданд. Падари ман ба модари Умед додар мешавад, падари Умед ба модари ман писартағо аст ва модараш бо модари ман духтархола.
Хешу табории онҳо чун занҷира дар ҳам печида аст.Дар ин баробар ман ҳам нуқсони маъюбӣ дорам ва Умед ҳам аз дидаи бинои босира маҳрум аст.Аз ин рў, волидонамонметарсиданд, ки ин ранҷу ғам моро ҳам домангир нашавад. Метавон гуфт, ки дар кишварҳои шарқ барои оила бунёд кардани ошиқон ҳамеша монеа вуҷуд дорад.
Аммо ишқ ғалаба карду монеаҳоро шикаст дод ва моро ба висол расонд.Агарчи борҳо умедҳои маро барҳадаф додан хостанд, вале ман саббро аз даст надодам ва бо умед интизор шудам. Медонистам, ки ишқи Умед нисбатам воқеӣ аст ва ў рӯзе ба суроғи ман меояд.
-Бо ворид гаштани Умед ба зиндагиатон, сабукие дар фаъолияти саҳнавӣ ба вуҷуд омад?
-Бале, Умед маърифати хуби интихоби шеъру оҳанг дорад. Мо дар якҷоягӣ китобҳоро дар шакли гӯйё гӯш мекунем. Бо ҳам баҳс мекунем ва тавассути ин баҳсҳо дониши худро мустаҳкамтар мегардонем.
Дар интихоби шеъру оҳанг низ ба якдигар кўмак мекунем. Кўшиш мекунем, ки матни хуб бо оҳанги хуб омезиш ёфта, санъатдӯстии моро намоиш дода тавонад. Муҳимтар аз ҳама дар зиндагии мо калимаи ману ту вуҷуд надорад. Мо бо якдигар машварат мекунем ва ҳатто дар анҷоми корҳои хона ба якдигар кўмак мерасонем. Муҳимтар аз ҳама маро хуб мефаҳмад. Санъаткор ки ҳаст, санъати маро қабул мекунад.
Ҳатто соатҳои 10-и шаб ҳам ба шабнишиҳо ва марказҳои дилхушӣ ҳамчун санъаткор даъват мешавам ва агар Умед дар пойтахт набошад, барои рафтанам монеа эҷод намекунад. Агар дар шаҳр бошад, маро ҳамроҳӣ мекунад. Яъне, ҳамдигарфаҳмӣ асоси зиндагии моро ташкил медиҳад.
-Умед Ашӯров, ки дар шўъбаи фарҳанги ноҳияи Ёван кору фаъолият доранд, бештари вақт аз шумо дур ҳастанд. Магар аз назораташ дур нестед?
-Назорат не! Ман ин калимаро хуш надорам. Чун кори ман аз Умед зиёдтар аст, ў маро мефаҳмад. Назоратро қабул надорам, вале метавон гуфт, ки аз таваҷҷуҳаш дур нестам.
-Яъне, шумо намехоҳед, ки дар оилаатон яке аз дигаре бартарӣ дошта бошад?
-Не! Барои шавҳарам озодӣ додам, вале ман ба ў тааллуқ дорам. Ханўз одат нашудааст, ки мардамро санҷиш кунам, зеро медонам, ки ба ман хиёнат намекунад. Чунки мо 12 сол якдигаро интизор будем, дар ин солҳо хеле азият кашидем. Акнун бояд фақат аз меҳрубонӣ сухан гӯем. Мард ҳам ба навозишу меҳрубонӣ ниёз доранд.
-Ниёзи занҳо аз мардҳо дида, ба навозиш бештар нест?
-Зан худ кони муҳаббат аст ва аз ин баҳр бояд ба мард чашонад.
-Шумо гуфтед, ки Умедро озод гузоштед, фикр намекунед, ки рӯзе аз ин бовариҳо истифода бараду хиёнат кунад?
-Агар ман ба Умед бовар намедоштам, бо ў изидивоч намекардам. Дар оилае, ки сутуни боварӣ мустаҳкам нест, он оила дер намепояд.
Албатта ман мефаҳмам, ки ў низ санъаткор аст ва аксҳояшро дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо ҷавондухтарон мебинам, вале ҳаргиз намепурсам, ки ў кӣ аст. Намехоҳам бо ин рашкҳои беасос бовариро аз миён бардорам. Мо қабл аз оиладор шудан, шартномаи боварӣ ва ишқу муҳаббат бастаем. (механдад)
-Пештар гуфтед, ки волидон монеа шуданд, ҳоло муносибаташон чӣ гуна аст?
-Муносибаташон хуб аст. Мо аз худашон омӯхтем.
Вақте худашон хешу табор интихоб карданд, чаро мо ин корро накунем? Худашон, ки хушбахтанд, шояд мо низ зиндагии хушбахтона дошта бошем. Онҳо бо ҳам гӯшту нохунанд ва издивоҷи мо наметавонад онҳоро ҷудо намояд.
-Падару модар зарбаи хешу табориро хӯрданд ва шояд ба хотири он монеа шуданд, ки шумо низ бо андуҳи фарзандони маъюб зиндагии худро талх насозед?
-Ман маъюбии ҷисмонӣ дорам, вале зарари ҷомеа нестам. Дар пеш омадани мушкилоти оилавӣ низ пеш аз бародарону додарон дасти ман ба падару модар мерасад. Ин хости Худованд аст, агар фарзанди ман ҳамингуна тавлид шавад, ман ноумед намешавам.
Фарзандамро тавре тарбия мекунам, ки маро тарбият карданд.Умед дорам, ки Худованд фарзанди солиму солеҳеро насибамон мегардонад.
-Оё Матлуба аз уҳдаи иҷрои анҷоми корҳои хона низ баромада метавонад?
-Холо мо ки кўдак надорем, кор хеле кам аст. Аммо бо вуҷуди ин ман дар пухтани хӯрок, тамиз кардани хона, шустану дарзмол кардан мушкилӣ надорам.
Дар пухтани ширинӣкаме танқисӣ мекашам. Аниқтараш наметавонам, вале ният дорам, ки ба курсҳои омӯзишии пухтупазӣ шомил шавам ва ин ҳунарро низ омӯзам.
-Меҳвари сурудҳои шуморо кадом мавзуъҳо ташкил медиҳад?
-Ишқ, муҳаббат, модар, Ватан ва ғайра. Чанд дуэт бо Умед якҷо сароидем, ки хушбахтона мухлисон хуш пазируфтанд.
Агар танзими таронаҳо нархи гарон намедошт, шумурдани таронаҳои тозаэҷоди мо мушкил мешуд.
-Сурудҳои шуморо низ бо нархи гарон таҳия мекунанд? Дастгири ва баназаргирӣ нест магар?
-Пештар буд, танзимгарони мусиқӣ каме меҳрубон буданд, вале ҳоло на. Ба Ёқубҷон Абдуллоев, ки дар таҳияи як тарона моро дастгирӣ кард, ташаккур мегӯям ва орзу мекунам, ки ў барин шахсият дар ҷомеа бештар гарданд.
-Барои шумо арзиши саҳна баланд аст ва ё оила?
-Барои ман фарқ надорад. Зеро дар саҳна ҳам бо шавҳар ҳастам ва дар оила ҳам. Ҳарду як аст. Дар ҳар куҷо бо ман аст. Чашми бад дур, мо ҳам дар саҳна ва ҳам дар хона ниҳоят хушбахтем.
-Ба хонандагони ҳафтаномаи «Оила» ҳам, ин хушбахтиро орзу намекунед?
-Албатта, барои хонандагони «Оила», орзуи хонаободӣ мекунам.
Ҳамеша хушбахт бошанд. Имрӯз, ки ҳастед, фардоро фикр накунед. Аз имрўзу ин лаҳзаву ин дақиқаи умратон лаззат баред. Орзу мекунам, ки хонаашон пур аз хандаи кўдак бошаду зиндагиашон чун шаҳд ширин.
Маҳмадиева Фарзона