Қурби рубли русӣ, ки вақтҳои охир хеле поён рафта, боиси нигаронии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва аҳли оилаи онҳо гашта буд, ҳафтаи равон дар бозори асъори Тоҷикистон нисбатан боло рафтааст.
Бонки миллии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 21–уми феврал, нархи ҳазор рубли русиро 123 сомонӣ муқаррар намуд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи ҳафта гузашта ҳазор рубли русӣ бо 119 сомонӣ иваз карда мешуд.
Пасту баланд шудани қурби пули русӣ дар Тоҷикистон мавзӯи хеле муҳим аст, зеро ҳазорон нафар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия маблағи коркардаи худро бо рубл ба Ватан мефиристанд. Аз ҳамин сабаб беқурбшавии пули русӣ биси нигаронии муҳоҷирон ва аҳли хонаводаи онҳо мегардад.