Салом! Ман Ҳасанова Гулсара, мехоҳам ба шумо як қиссаро нақл кунам.
Гап сари он, ки ману шавҳарам дар замони Шӯравӣ таълиму тарбия гирифтаем ва дузанагиро дар он замон “бозмондаи расму оини
феодалӣ“ мегуфтанд. Кам касоне буданд, ки ин корро мекарданд. Баъди барҳам хӯрдани Итиҳоди Шӯравӣ расму оин низ то андозае тағйир ёфт ва дузанагӣ ҳам бештар гардид, ки яке аз сабабҳои он нарасидани шумораи мардҳо мебошад.
Шавҳари ман “одами хондагӣ” аст ва намехоҳад, ки ман азоби рӯҳӣ кашам, вале дер бошад ҳам, фаҳмидам, ки вай оилаи дигар дораду инро ошкор намекунад. Дар зиёда аз сӣ соли зиндагиамон боре ҳам нашудааст, ки мо бо ҳам ҷангу моҷаро карда бошем ва ҳоло ҳам намехоҳам падари фарзандам аз мо ҷудо шавад, вале байни обу алов мондаам. Ҳар вақте суханро дар ин мавзуъ оғоз карданӣ шавам, шавҳарам чашмашро гурезонда, фақат зери лаб ғур-ғур мекунаду халос.
Ин мушкилоти танҳо ман нест. Ҳоло мардон, махсусан ҷавонон, ки аксаран ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, он ҷо оиладор гашта, занҳо бошанд, дар ватан бешавҳар мемонанд ва пайи “шикори” мардон мешаванд.
Баъзеҳо ба он назаранд, ки барои ба роҳи бад нарафтани занҳои бешавҳармонда бояд дузанагиро иҷозат дод, вале қонунҳои мо ба ин чиз иҷозат намедиҳанд.
Чӣ бояд кард, ки қадру қимати зан минбаъд ҳам паст нашавад?
Мехостам сари ин мавзуъ назари ҳуқуқдонҳо ва рӯҳшиносонро фаҳмам.
ГУЛСАРА