Мушкиле, ки ман мехоҳам дар бораи он бинависам, бештар аз ҳама мушкилии модарам аст ва ман мехоҳам маслиҳати шуморо шунавам.
Модарам бо бародарам ва занаш зиндагӣ мекунад, янгааму акаам як духтарча доранд. Бародарам ва занаш якдигарро хеле дӯст медоранд. Бародарам ба ҳамсараш чунон ғамхор аст, ки ба ӯ ҳама чизро иҷозат медиҳад, вай ҳам кор мекунад ва ҳам либоси дилхоҳашро мепӯшад, дар рӯзҳои истироҳат дар хонаи модараш меистад. Илова бар ин, вай бо модари мо муомилаи хуб надорад. Модар аз ин хеле зиқ аст. Ва бародари ман бошад, ҳамеша пушти занашро мегирад. Ҳарчанде, ки модарам барои ӯ хӯрок мепазад, хона тоза мекунад, янгаам бошад,
даст ба коре намезанад, он кас “принцесса”.
Агар модарам модарвор ӯро насиҳат кунад, даррав ба бародарам хабаркашӣ карда, мегӯяд, ки аз хонаи мо безор шудааст, гӯё модарам ба зиндагии хушбахтонаи ӯ халал мерасонад. Магар модар ҳақ надорад келинашро насиҳат кунад?!
Ман худам оиладорам ва падарам чандсол пеш вафот кардааст. Модарам ба ҷуз ману бародарам касе надорад, ки дар дами
пириаш дастигири ӯ бошанд. Бигӯед, бечора модари ман чӣ кор кунад?
Бо эҳтиром, ГУЛАНДОМ, шаҳри Ваҳдат