Arzon march 2024
25 тонна хурмои Арабистони Саудӣ ба мардуми Тоҷикистон дар арафаи моҳи Рамазон
2416

Маросими супоридани хурмо рӯзи 24-уми феврал дар бинои Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҷамолзода миннатдории ҷониби Тоҷикистонро ба намояндагони Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Малик Салмон иброз намуда, қайд кард, ки кумак ба ниёзмандони кишвар расонида хоҳад шуд.

Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид Абдулраҳмон Ал-Рашидайн иброз намуд, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба беш аз 35 000 нафар (аз он ҷумла орд, равған, макарон ва ғайра) ба маблағи 400 ҳазор доллар кумаки башардӯстона расонида шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД