Ассалому алайкум дӯстони гиромӣ! Бори аввал инҷо нома менависам.
Ман кор мекунам. Шавҳарам ҳам кор мекунад. Як апа дорам дар бисотам. Духтари апаам кӯдакони маро парасторӣ мекунад. Ӯ аз шавҳараш ҷудо шудааст. Феълан бешавҳар мебошад. Аммо вақтҳои охир ким-чӣ хел дилам ғаш мекунад. Хаёлам, шавҳарам ба ҷиянам бо
меҳр менигарад, яъне бетаваҷҷуҳ нест. Шояд ман хато кунам?!
Духтари апаам духтари чаққону зебост. Дирӯз ба апаам гуфтам, ки дигар барои кӯдаконам “нянка” даркор нест. Ӯ аз ман хафа шуду гап
намезанад. Ҷиянам ҳам қаҳр карда, баромада рафт.
Шавҳарам ҳоло ҷанг дорад, ки одами бегона кӯдаконро инхел хуб нигощ намекунад.
Ман дар гирдоби рашк афтодаам ва чӣ кор карданамро намедонам.
Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?
Расмияи ҲОҶӢ, ш. Ҳисор