Чанде пеш зодрӯзи сарояндаи шинохта, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Раҳима Шалоэр буд. Нафаре дар шабакаи Фейсбук бо нашри акси сароянда навишт: “Садои ҷавониҳоимо!”. Воқеан, Раҳима Шалоэр дар солҳои 70-80 яке аз ситораҳои тобони эстрадаи тоҷик буд ва то имрӯз маҳбуби мухлисонаш аст.
Меҳри ҳунар
Сарнавишти Раҳима Шалоэр ҷолиб аст: дар Қирғизистон таваллуд шуда, дар Ӯзбекистон ба воя расида, дар Тоҷикистон шуҳрат ёфтааст. Гарчанде падараш раиси хоҷагии қишлоқ буд, ба санъат шавқ дошт ва баъди кор дар ҳалқаи фарзандонаш аккордеон менавохт. Раҳима бошад, зери навои аккордеон суруд мехонд.
“Он айём орзу мекардам, ки мутрибони зиёде рӯйи саҳнаи калон навозанду ман суруд хонам. Падару модарам аз орзуҳоям бохабар буданд. Аз ин рӯ, маро зуд-зуд ба тамошои консертҳо мебурданд. Дастгириву раҳнамоии онҳо буд, ки пас аз хатми мактаб ҳуҷҷатҳоямро ба Институти давлатии театриву бадеии шаҳри Тошканд ба номи А. Н. Островский супурдам”,- мегӯяд Раҳима Шалоэр дар суҳбат.
Ишқе, ки ӯро ба Тоҷикистон овард
Ҳангоми таҳсил дар Институти давлатии театриву бадеии шаҳри Тошканд ба номи А. Н. Островский тоҷикписаре бо исми Абдулҳамид Қодиров, ки дар риштаи наққошии донишкадаи мазкур тадрис мекард, ба Раҳима дил бохт. Маҳз ҳамин ишқ сарнавишти ӯро ба Тоҷикистон пайваст.
“Баъди оиладор шуданам соли 1972 ба Душанбе омадам ва фаъолиятамро дар ансамбли рубобнавозони Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз кардам. Ҳамин тавр сарояндаи тоҷик шудам”,- мегӯяд сароянда.
Зиндагии Раҳима Шалоэр бо ҷавони тоҷик намунаи ибрати дигарон буд. Чун ҳар ду эҷодкор буданд, миёни онҳо ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо гашт.
“Дар паҳлуи зани санъаткор ҳамсари бофаҳму фарҳангдӯст мебояд, то ӯро дарк созаду дастгиру мададгораш бошад. Шукр, ки қисмат маро аз ин неъмат бархӯрдор кард. Тамоми сурудҳоямро аввал шавҳарам мешунид, аз мазмун ва нозукиҳои он маро воқиф месохт. Ба шарофати ӯ ман забони тоҷикиро омӯхтам. Ӯ бароям беҳтарин дӯст ва ноёбтарин ганҷинаи умрам буд”,- мегӯяд Раҳима Шалоэр дар яке аз суҳбатҳояш.
Вале Раҳима Шалоэр ҳамсарашро дар синни 52-солагӣ аз даст дод. Аз ин пайванд се духтар ба ёдгор монданд, ки ҳар яке соҳиби касбу кор ва дар ҷомеа соҳибэҳтироманд.
Гуле дар “Гулшан”
Раҳима Шалоэрро аз соли 1973 ба ансамбли эстрадии «Гулшан» даъват намуданд. Вале шиносоии ӯ бо ин дастаи ҳунарӣ аз қабл оғоз ёфта буд.
“Тариқи телевизион вақте шунидам, ки ансамбли «Гулшан» ба Тошканд сафари ҳунарӣ дорад, волидонамро маҷбур кардам, ки маро ба консерт бубаранд. Хуллас, маро ба консерт оварданду аввалин бор ҳунармандони дӯстдоштаамро аз наздик дидам. Ин дидор ончунон бароям хотирмон буд, ки меҳрам нисбат ба ҳунари мардуми тоҷик даҳчанд афзуд. Ва тақдир билохира маро бо ин миллат пайваст”,- мегӯяд сароянда.
Ҳамин тавр, Раҳима Шалоэр дар ансамбли “Гулшан” зуд мавқеъ пайдо кард ва дар қалби мухлисон ошён гузошт. «Афсӯс», «Диёри ишқ», «Танҳоӣ», «Интизорӣ», «Тоҷикистонам», «Шаҳри азиз», «Ҷавонӣ», «Баҳор», «Ошиқон» барин таронаҳояш то имрӯз садо медиҳанд. Дуэтҳои машҳури ӯ бо Баҳодур Неъматов - «Гулумой» ва «О, дил» ҳанӯз ҳам шунавандагони худро аз даст надодаанд. Ба забони тоҷикӣ, қирғизӣ, ӯзбекӣ, русӣ, украинӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва дигар забонҳо сурудҳо иҷро намудааст. Дар ҳайати ансамбли «Гулшан» қариб ба ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, инчунин Афғонистон, Олмон, Лаҳистон, Югославия ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст.
Имрӯзҳо Раҳима Шалоэр ба таҷлили ҷашни 60-солагии ансамбли “Гулшан” омодагӣ мебинад. Умед аст, ки рӯзҳои наздик бо мухлисонаш рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
О. СОҲИБЗОДА