Arzon march 2024
Дарди дили як арӯси туҳматзада
28.02.2025
Oila.tj
2649

Ассалому алейкум! Ман як духтари аз зиндагӣ навмедгашта, мехоҳам саргузашти талхамро нақл кунам, то ба дигарон дарси ибрат гардад.

Ман дар вилояти Суғд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба яке аз донишгоҳҳои олии кишварамон дар пойтахт дохил шудам.

Соли равон маро ба шавҳардоданд. Волидонам санаи 18.01.2025 маро бо дуои сафед ба хонаи шавҳарам гусел карданд. Пас аз базми арӯсӣ маро бо домод танҳо гузоштанд. Мегӯянд, ки барои арӯс шаби висол ширинтарин шаби зиндагиаш аст, вале барои ман он шаби тақдирсӯз, ҷаҳаннам буд. Шавҳарам ба бокира буданам шубҳа карда, гаштаву баргашта мепурсид, ки бо кӣ алоқа доштам. Ҳарчанд мефаҳмондам, ки бо ягон кас ишқбозӣ накардаам ва то ба ҳол касе дастамро бо нияти бад надоштааст, бовар намекард. Ҳамин тавр, домод доду фиғонкунон зани бародараш ва модарашро даъват намуда, ҳолати корро фаҳмонд ва бо ғазаб аз хона баромада рафт. Азбаски хонаи волидонам дур буд, тақрибан соатҳои дуи шаб амаку янгаамро даъват карданд. Ман ба онҳо ҳам фаҳмонидам, ки бо ягон кас муносибатҳои маҳрамона надоштам ва ба покдомонии худам сад дар сад боварӣ дорам, агар лозим бошад, метавонанд маро ба экспертиза баранд, вале ба гапам гӯш накарданд. Шаб рӯз шуду баҳсу мунозираи мо бо хешу табори домод ба охир нарасид ва билохира ба хулосае омаданд, ки ман бояд ба хонаамон равам.

Пайвандонам ба ман тавсия доданд, ки беҳтараш ба шаҳри Душанбе баргашта, таҳсиламро давом диҳам. Рӯзи 20.01.2025 ба пойтахт барои давом додани таҳсил омадам, вале фаҳмидам, ки хонаводаи домод бе асос аз волидони ман 50 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтаанд ва таҳдид кардаанд, ки агар дар байни як соат пули гуфтаамонро набиёред, духтаратонро шарманда мекунем. Аламам омад, ки маро бе асос туҳмат карданд ва бар замми ин, аз волидонам ин қадар пули калон ситонидаанд. Барои пок буданамро собит намудан ба назди духтури занона рафтам, вале вақте моҷароро нақл кардам, гуфтанд, ки ба экспертиза муроҷиат карданам лозим аст. Ба маркази судӣ-тиббӣ муроҷиат кардам. Дар он ҷо ба ман тавсия доданд, ки сараввал аз маҳали зист гузарам.

Ҳамин тавр, худи ҳамон рӯз ба шаҳри Хуҷанд рафта, барои муайян кардани вазъи пардаи бокирагиам муроҷиат намудам, вале гуфтанд, ки аз тарафи домод низ бояд ягон кас иштирок кунад.

Хулласи калом, домод бо падар ва амакаш омаданд ва дар шоҳидии ҳама маро аз эскпертиза гузаронданд. Хулосаи экспертиза нишон дод, ки бокирагиам вайрон нашудааст ва ман то ба ҳол духтар ҳастам. Айб дар ман неву дар бача будааст, вале беҳуда маро туҳмат кардаанд.

Дертар фаҳмидам, ки домод 7 сол дар Москва будааст ва дар ҳамон ҷо худашро ҷарроҳӣ кардааст. Ба вай алоқа кардан бо зан мумкин набуда, қувваташ нарасидааст, вале барои он ки айби худашро пӯшонад, маро туҳмат карда, хостаанд дар байни мардум шарманда ва беобрӯ кунанд.

Ин ҳодисаро ба он хотир нақл кардам, ки падару модарон пеш аз он, ки духтари касеро бадном мекунанд, аввал нағзакак андеша кунанд, чунки на ҳама вақт айб дар духтар аст. Ба фикри ман натанҳо духтар, балки писарон низ пеш аз тӯй бояд аз назорати тиббӣ гузаронида шаванд, то ки чунин ҳодисаҳои нохуш рӯй дода, боиси рехтани обрӯи як хонавода нагардад.

Шахсан ман бегуноҳиамро исбот карда бошам ҳам, дилмонда шудаам. Ба гуфтаи калонсолон, дилам аз санги сой ҳам хунук шудааст. Ҳарчанд духтари покдомон буданамро расман исбот кардам ва хуб медонам, ки аҳли деҳаамон бероҳа набуданамро медонанду ба ман боварӣ доранд, вале ин ҳодиса барои ман сахттарин шикаст дар зиндагӣ гашт.

Ҳайронам, чаро духтароне, ки бо чанд нафар айшу ишрат карда мегарданд, боз бо обрӯ ба шавҳар мебароянду ман барин духтарҳои сарпаст, ки танҳо дар фикри хондан ва амалӣ намудани орзуҳои худ ҳастанд, бо чунин одамони тақдирсӯз рӯ ба рӯ мегарданд.

Аз тамоми волидайни азиз хоҳиш мекунам, ки пеш аз ба шавҳар додан духтарашонро бо он писар рӯ ба рӯ созанд, то ҳамдигарро дида, аз хислату хӯи якдигар огоҳ гарданд. Шахсан ман домодшавандаро ду рӯз пеш аз тӯй дидам ва фикр мекунам, ки агар ҳамдигарро хубтар медонистем, шояд чунин ҳодисаи нохуш рӯй намедод.

Дар зиндагӣ дар ягон ҳолат мард занро нафаҳмад ҳам, ҳадди ақал бояд хушдоман, ки рӯзгордида аст, фаҳмад, вале хушдомани ман танҳо як суханро такрор мекард: “Чизе, ки мардони хона гӯянд, ҳамун гап мешавад, мо занҳо ҳуқуқи гап задан надорем...”.

Агар онҳо хушбахтии фарзанди худро мехостанд, на маро туҳмат мекарданд ва на бахти фарзандашонро бо пул савдо мекарданд. Ҳамон шаб бе овозаю дарвоза метавонистанд маро ба экспертиза баранд ва ҳақиқати ҳолро аниқ кунанд, вале...

Вақте аз ман пурсиданд, ки нияти бо шавҳарат зиндагӣ кардан дорӣ ё не, дар ҷавоб гуфтам, ки агар ақаллан ҳамон рӯзи экспертиза, баъди покдомон буданамро фаҳмидан, маро мебурданд, шояд мерафтам ва зиндагиро давом медодам, аммо баъди 10 рӯз гузаштан омаданд. Маълум мешавад, ки дудила ҳастанд. Бо чунин ҳол зиндагӣ кардан маънӣ надорад, ба хонаи шавҳарам баргардам ҳам, боварӣ надорам, ки онҳо боз ягон чизи дигарро баҳона карда, моҷаро намебардоранд...

Ман ҳамагӣ 22-сола ҳастам, лекин баъди он ҳодиса дарди 220-сола дорам. Хоҳиш мекунам, орзуҳои духтаронро ба хок яксон накунед!

С. Д.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД