Занону духтарон нисбат ба мардон бештар ба зуком гирифтор мегарданд. Омилҳои асосие, ки боиси тез-тез ба зуком гирифтор шудани бонувон мегарданд, инҳоянд:
Тамоси бештар бо кӯдакон
Занон дар бисёр ҳолатҳо масъулияти нигоҳубини кӯдаконро бар ӯҳда доранд, ки худ як манбаи асосии паҳншавии вирусҳо, аз ҷумла зуком, мебошанд. Кӯдакон аксар вақт вирусҳоро ба хона меоранд.
Таъсири касбу кор
Бисёре аз занон дар касбҳое фаъолият мекунанд, ки бо мардум тамоси зиёд доранд, мисли омӯзгорӣ, ҳамширагӣ, фурӯшандагӣ, савдогарӣ дар бозор ва дигар намудҳои хидматрасонӣ. Ин ҳолат хатари сироят ёфтан аз зӯкомро меафзояд.
Тағйироти гормонӣ
Гормонҳои занона ба мисли эстроген, метавонанд таъсири гуногун ба системаи масуният расонанд. Дар баъзе ҳолатҳо маҳз тағироти гормонӣ ва ҳомиладорӣ масунияти баданро муваққатан заиф гардонида, боиси зуд-зуд ба зӯком гирифтор шудани занон мегардад.
Тарзи ҳаёт ва стресс
Занон аксар вақт масъулиятҳои зиёде (оилавӣ ва касбӣ) доранд, ки ин метавонад сатҳи стрессро зиёд кунад. Стресс системаи масуниятро заиф мегардонад ва ин боиси осебпазирӣ ба бемориҳо мегардад. Аммо бояд қайд кард, ки занон нисбат ба мардҳо ба саломатии худ бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, зудтар ба табиб муроҷиат мекунанд ва ин ба шифо ёфтанашон мусоидат менамояд.