Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон рӯзҳои 21-22-юми феврали соли 2025 Ҷашнвораи филмҳои ҷопониро дар Душанбе доир менамояд.
Бино ба иттилои МД "Тоҷикфилм", намоиши филмҳои ҷопонӣ дар кинотеатри "Ватан" ба роҳ монда мешавад.
21-уми феврали соли 2025
- 17:30 - Маросими мутантани ифтитоҳи Ҷашнвораи филмҳои ҷопонӣ.
- 18:00 - Намоиши филми "Хатҳое, ки маро инъикос менамоянд".
22-юми феврали соли 2025
- 14:00 - Намоиши филми "Баҳор дар фурӯшгоҳи тофу Токано".
- 17:00 - Намоиши филми "Хоби апрелии тӯлаш се сол".
Гуфта мешавад, ки филмҳо бо забони ҷопонӣ ва зерматни русӣ намоиш дода шуда, даромад озод аст.