formula feb 2025
Президент ва Раиси шаҳр аз “Кишвари сабз” боздид намуданд
21.02.2025
Оила
196

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дирӯз, 20-уми феврал аз парваришгоҳи ниҳол ва гулу буттаҳои нодири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кишвари сабз” боздид намуданд.

Дар ин макони биҳиштосо дар масоҳати 45 гектар зиёда аз 100 намуд гулу буттаҳои нодир ва 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишӣ, ки тухмии онҳо аз дохил ва хориҷи кишвар оварда шудаанд, бо тавсияи олимон кишт ва парвариш карда мешаванд. Мақсади ташкил кардани ин хоҷагӣ мутобиқсозии гулу бутта ва ниҳоли дарахтони камназар ба иқлими Тоҷикистон мебошад.

Дар масоҳати бештар аз 2 гектар дар хоҷагии гулпарварӣ гармхона бо насби технологияи муосир бунёд ёфтаааст. Дар гармхона зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳо ва дарахтон, аз ҷумла зиёда аз 500 ҳазор гули хонагӣ ва 100 ҳазор гули бисёрсола бо усули муосир ва пешрафтаи ҷаҳонӣ аз тухмӣ кишту парвариш меёбад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гулпарварон ва маҳсули заҳмати онҳо баҳои баланд дода, коргаронро ба вусъат додани ин таҷрибаи ибратбахш, зиёд намудани мутахассисон ва муассисаҳои гулпарварӣ, аз ҷумла дар дигар гӯшаҳои кишвар ҳидоят намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД