Ҳангоми амалиёти навбатии “шикори муҳоҷирон” низомиёни рус бо мақсади пайдо кардани муҳоҷирони меҳнатии бе ҳуҷҷат ба як толори варзишӣ ворид гашта, кӯдаконеро, ки бо варзиш машғул буданд, латукӯб кардаанд. Дар ин бора баъзе расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Ҳодисаи мазкур рӯзи 13-уми феврал дар шаҳри Краснодари Русия рӯй дода, кӯдакони мавриди латукӯб қароргирифта чунон сахт тарсидаанд, ки ҳатто дар хона ором хобида наметавонанд.
Модари яке аз кӯдакони варзишгар шикоят кардааст, ки зери чашми писараш бар асари латукӯби низомиён сиёҳ шудааст.
Низомиён ҳуҷҷатҳои ҳамаи дар толор будагонро тафтиш карда бошанд ҳам, ягон муҳоҷири ғайриқонуниро пайдо накардаанд.