Парчамбардори соҳаи озуқавории Тоҷикистон, ширкати “Оби Зулол” ҳамеша бо ҷорӣ намудани навовариҳо муштариёни хешро дар ҳайрат мегузорад.
Инак, дар рафи мағозаҳо боз як маҳсулоти наву хушсифати ин ширкат пайдо шудааст, ки он афшураи “Нури Зулол” мебошад.
Афшураҳои хушбӯю хуштамъи мевагӣ ва сабзавотии “Нури Зулол” дар зарфҳои шишагии рангоранг чунон ҷозибаноканд, ки дарҳол диққати харидоронро ба худ мекашанд.
Шаш тамъи беназир, шаш бӯйи хуше, ки касро афсун месозад, шаш ранги ба мисли тирукамон назаррабо-ин туҳфаи олиҷанобро ширкати “Оби Зулол” дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти кишварамон ба тамоми кӯдакони тоҷик тақдим мекунад!
Кӯдакон мояи хушбахтию хурсандии мо ҳастанд ва барои бунёди ояндаи дурахшон моро илҳом мебахшанд. Аммо чи тавр рушд кардани кӯдакон ба насли калонсол вобастагӣ дорад.
Албатта ҳар як падару модар мехоҳад, ки фарзандонаш аз хурдсолӣ дар баробари меҳру муҳаббат ва ғамхории пайвандон, ҳамчунин бо маводи озуқавории хушсифат ва ғизои солим таъмин бошанд.
Бояд тазаккур дод, ки ғизои солим пойдевори саломатии насли наврас мебошад. Яке аз қисмҳои таркибии он, пас аз шири модар, ғизои иловагии кӯдакона мебошад. Маъмулан додани ғизои иловагиро ба кӯдакон баъди шашмоҳагӣ бо меваҳои пухта ва сабзавот сар мекунанд. Саволи муҳим ин аст, ки ба кӯдаки навзод чӣ додан лозим аст ва оё ғизоҳои кӯдаконае, ки имрӯз дар рафи мағозаҳо мехобанд, ба талаботи муосир ҷавоб гуфта метавонанд?
Маҳсулоти "Оби Зулол" ба стандартҳои баландтарини ҷаҳонӣ мувофиқат мекунад. Ин таблиғ нест. Ин як далел аст!
Истифодаи муосиртарин технологияҳо дар раванди истеҳсоли маҳсулот, риояи ҳатмии қоидаҳои технологию санитарӣ, меваю сабзавоти тару тоза ва аз ҷиҳати экологӣ поки Тоҷикистон, ки дар шакли шарбат ва афшура ба муштариён пешниҳод карда мешавад-ин ҳама дар бораи “Оби Зулол”-ягона корхонаи истеҳсоли ғизои хушсифати кӯдакона дар Тоҷикистон аст.
Тавре ки ҳамагон медонанд, ширкати “Оби Зулол” қариб чоряк аср боз оби нӯшокии ба меъёрҳои стандарти байналмиллалӣ ҷавобгӯй ва обҳои газноки машҳури RC, ҳамчунин номгӯйи зиёди афшурда (сок) ва афшӯраҳои босифатро барои кӯдакон истеҳсол менамояд.
“Оби Зулол” ягона ширкати Тоҷикистон мебошад, ки оби нӯшидании “Оби Зулол”-ро маҳз барои кӯдакон истеҳсол менамояд. Ин об чунон покиза аст, ки онро ҳатто тифлакони ширхора низ нӯшида метавонанд. Афшӯраҳои мевагии “Нури Зулол”-ро бошад, баъди шашмоҳагӣ бемалол ба тифлакон додан мумкин аст
Афшӯраҳои хуштаъми шишагӣ
чи тавр истеҳсол карда мешаванд?
Ҳар як шишаи афшураи мевагӣ ҳосили заҳмати як тими бузурги касбӣ мебошад, ки муттахасисони соҳаи истеъсолоти ғизои кӯдакона ҳастанд.
Ширкати “Оби Зулол” дар назди худ мақсад гузоштааст, ки барои кӯдакон танҳо маҳсулоти босифат ва муфид истеҳсол намояд, зеро гурманҳои хурдакакро фиреб додан ғайриимкон аст.Аз ҳамин сабаб ҳангоми таҳия ва коркарди ҳар як маззаи нав, ширкат ба интихоби компонентҳо диққати махсус медиҳад. Маҳсулот танҳо аз меваҳои табиӣ, ки дар муҳити аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистони офтобии мо парвариш карда мешаванд, истеҳсол карда мешавад.
Тибқи меёрҳои байналмилалӣ, назорати сифати маҳсулот на дар рафти истеҳсолот, балки хеле барвақттар, ҳанӯз аз боғҳо ва саҳроҳое, ки мева ва сабзавот парвариш карда мешаванд, оғоз меёбад. Танҳо пас аз тасдиқи сифати баланд ва бехатарии меваю сабзавот барои истифодаи ин ашёи хом дар истеҳсолот иҷозат дода мешавад. Дар раванди истеҳсолот тамоми зарфҳо ба таври автоматӣ тариқи детектор дар хати истеҳсолот санҷида шуда, мавҷуд набудани ягон айб дар зарф ва миқдори маҳсулот дар дохили он санҷида мешавад. Шишаҳои нуқсондор дарҳол аз хати истеҳсолот хориҷ карда мешаванд, маҳсулоти аз санҷиш гузашта бошад, аз марҳилаҳои дигар-пастеризатсия ва безараргардонӣ мегузарад.
Ғизои кӯдакон дар сехи алоҳида, дар хатҳои алоҳидае истеҳсол карда мешавад, ки дар оғози ҳар як раванди истеҳсолӣ безарар гардонида мешаванд. Маҳсулот гармогарм ба бонкаҳо рехта мешавад.
Афшӯраи меваю сабзавоти "Нури Зулол" дар бастаҳои нав
Соли ҷорӣ ширкат ба ғайр аз афшӯраҳои мевагӣ дар бастаҳои мулоим, ба истеҳсоли афшӯраҳои нави мевагӣ ва сабзавотӣ дар зарфҳои шишагии 180 грамма шурӯъ кард. Ин маҳсулот талаботи инҷиқтарин кӯдакоро низ қонеъ месозад.
Маҳсулот бо шаш тамъу мазза ба муштариён пешкаш карда мешавад:
1. Себ-Шафтолӯ
2. Себ-Манго
3. Себ-Банан
4. Себ-Тамашк
5. Себ-Сабзӣ
6. Себ-Каду
Дар қиёс бо дигар намудҳои бастабандӣ, шиша бартариҳои худро дорад. Волидон имкон доранд, ки пеш аз харидорӣ кардан ранг ва мутобиқати маҳсулотро бо мундариҷаи тамғакоғаз, ки дар таркибаш мавҷуд набудани консервантҳо ва рангҳои кимиёвиро таъид менамояд, ба таври визуалӣ арёзбӣ намоянд.
Афшӯраҳои нави мевагӣ ва сабзавотии “Нури Зулол”-ро дар зарфҳои рангоранги шишагӣ харидорӣ намуда, волидон метавонанд аз сифати баланди маҳсулот дилпур бошанд, зеро он бо технологияҳои навтарин истеҳсол шуда, безарар буданаш зина ба зина ба таври қатъи санҷида мешавад.
Афшӯраҳои мевагию сабзавотии
“Нури Зулол” бо иловаи қаймок
Барои он ки ғизои тифлакон рангоранг бошад, ширкати “Оби Зулол” ҳамчунин афшӯраҳои мевагию сабзавотиро бо иловаи қаймоқ ба муштариён пешкаш менамояд.
Ин афшӯраҳо бо 4 таъм ва мазза тайёр карда мешаванд:
- Нок-Қулфинай-Себ-Қаймоқ
- Нок-Қулфинай-Банан- Қаймоқ
- Нок-Қулфинай-Манго- Қаймоқ
- Шафтолу-Тамашк-Банан- Қаймоқ
Маҳсулоти мазкур аз меваю сабзавоти тару тозаи ватанӣ ва қаймоқи истеҳсоли Россия ва Белорусия, ки аз шири аз ҷиҳати экологӣ тоза омода шудааст, истеҳсол карда мешавад.
Афшӯраҳои мевагӣ бо иловаи қаймоқ махсус барои рангоранг сохтани ғизои кӯдакон коркард шудаанд. Бо шарофати истифодаи беҳтарин қаймоқ ва меваҳо маҳсулоти нав ба тифлакон писанд омада, бо бӯйи хуш ва рангорангии тамъу мазааш онҳоро шод мегардонад.
Ин навъи афшӯра барои тифлакон хеле зарур аст, зеро он ҷисми атфолро бо сафедаҳо, ки барои мустаҳкам шудани системаи устухонҳои кӯдак хеле муҳиманд, таъмин менамояд.
Қаймоқ-маҳсулоти беназирест, ки табъи кӯдакро болида гардонида, хоби бароҳати тифлро таъмин месозад.
Ин маҳсулот ҳамчунин дар мубориза бо бехобӣ кӯмак мерасонад, ки ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои волидонашон бисёр муҳим мебошад.
Маҳсулоти “Нури Зулол”-ро
аз куҷо харидан мумкин аст?
Тифли худро бо ғизои иловагии шишагин шод сохтан ё худ дар хона афшура тайёр кардан ин албатта кори шахсии ҳар як инсон аст, вале дар ёд дошта бошед, ки ғизои бастабандишудаи кӯдакона ивазкунандаи ғизои муқаррарӣ набуда, як роҳи рангоранг гардонидани ғизои тифл ва бо тамъи нав шод сохтани фарзанди шумост!
Тамоми маҳсулоти ширкати “Оби Зулол”-ро бо тамғаи “Нури Зулол” шумо метавонед дар рафи мағозаҳои Тоҷикистон бо шиори “Маҳсулоти Ватанӣ бо сифати ҷаҳонӣ ва нархи дастрас” пайдо намоед.