Sebiston new 2024 october
Маро ба занӣ мегирӣ, бачаи амма?
04.03.2020
Р. Азимӣ
4498

 

Духтари 17- солаи ятимам. Вақте ки падару модарам ба садама афтида ба ҳалокат расиданд, ҳанӯз хурдакак будам.

Дар 12-солагиям аммаам маро ба хонааш бурд, то набераҳояшро нигоҳубин кунам. Бо ҷону дил розӣ шудам, чунки дар хонаи амакҳоям рӯзам сиёҳ буд. Чор писари аммаам сари маро сила карда, суханҳои ширин мегуфтанд ва бароям яхмос, шоколаду қанд мехариданд. Меҳрубониҳои аммабачаҳоямро дида шодӣ мекардам, ки бародарони меҳрубон ёфтам, вале….

Писари сеюми аммаам маро бо ҳар баҳона ба поёни боғашон бурда ҳамроҳам бозӣ мекард, баъзан мӯйи сарамро мебофт. Рӯзе ҳардуямон дар хона танҳо монда дар поёни боғ бозӣ доштем. Аммабачаам якбора «Сабо, Сабо, бин дар гарданат каждум даромад» гуфта фиғон кашид. Талхакаф шуда зорӣ кардам, ки каждумро бигирад. «Куртаатро каш! Тезтар каш, ки неши каждум хавфнок аст»,- гуфта писари аммаам пероҳани маро аз танам кашида афшонд, вале дар он чизе набуд. Дилам каме ором гирифта гуфтам: «Ҳеҷ чиз нест, каждум ба назарат намудагист» ва хостам куртаамро пӯшам, вале вай маҳкам аз дастам дошта гуфт: «Сабо, каждум ба даруни эзорат даромад, заҳраш бисёр хатарнок аст, агар газад, кафида мемурӣ!» Ҳамин тавр бо макру фиреб вай поҷомаи маро кашид ва чолокона худро ба болоям партофт. Мақсади нопокашро пай бурда, муқобилият намудам, вале ҳарчанд кӯшиш кардам, зӯрам нарасид. Аммабачаи худозадаам даҳони маро маҳкам бо кафи дасташ пӯшонда, зӯран ба номусам таҷовуз намуд ва таъкид кард, ки агар ин гапро ба ягон кас нагӯям, баъди мактабро тамом карданам маро ба занӣ мегирад, вале сирашро фош созам, маро шарманда карда мегӯяд, ки аслан духтар набудам ва худам зорӣ кардам, ки вай бо ман ҳамхоба шавад.


Шуморо хӯронда наметавонам, модарҷон!


Аз ҳамон рӯзи наҳс то кунун ман дигар ягон бор табассум накардаам. Шабҳоро ҳамеша бо гиря саҳар мекунам. Ғами бадномзада шудан маро дар тӯли ин солҳо дарун ба дарун сӯхта тамом кард, вале аз тарси шарманда шудан то имрӯз ин сирри нангинро ба касе нагуфтаам. Аммаам мехоҳад писарашро зан диҳад ва аллакай чанд духтарро таги чашм кардааст. Аммабачаам айни замон дар Русия аст. Барои тӯяш пул кор карда истодааст. Арӯсони таги чашм кардаи модарашро хуш накарда бошад ҳам, вай ягон бор ба модараш намегӯяд, ки оча, ман Саборо ба занӣ гирифтан мехоҳам. Метарсам, ки аммаам писарашро зан медиҳаду мани доманбохта танҳо монда, шармандаи ин дунёву охират мешавам. Ягон дӯсти содиқ ё одами наздике надорам, ки дарди диламро гуфта маслиҳат бипурсам, аз ҳамин сабаб ба «Оила» муроҷиат намудам, то хонандагони азиз дар ҳалли ин муаммои зиндагиам ба мани фиребхӯрда мадад расонанд. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Ба аммаам бигӯям, ки писараш чанд сол пеш ба номуси ман дастдарозӣ карда, ваъда дода буд, ки маро ба занӣ мегирад ё не? Метарсам, ки аммаам ҳама айбро ба сари ман бор карда аз хонааш наронад. Дигар ҷойи рафтан надорам, агар аммаам маро аз дар берун кунад, бомж мешавам!

Ш., н. Фирдавсӣ

                

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД