Ҷасади 5 моҳ дар ҷангал хобрафтаи Салоҳиддини 23 соларо ёфтанд.
Чи тавре, ки нашрияи маҳалии Санкт Петербург “Фонтанка” хабар дод, шаҳрванди Тоҷикистон Пирумшоев Салоҳиддин Сайфуддинович моҳи сентябри соли гузашта дар Русия бе ному нишон ғайб зада, пас аз панҷ моҳ, ҷасадашро дар наздикии истгоҳи метрои Шушари, дар ҷангали тақрибан 200 метр дуртар аз бинои №113, кӯчаи Софийская пайдо карданд. Дар ҷайби ҷасад шиносномаи тоҷикиро ёфта, аз рӯйи он шахсияти мурдаро муайян карданд.
Шоми 25-уми феврал пулиси шаҳри Санк-Петербург бо иттиҳоми даст доштан дар куштори Салоҳиддин Пирумшоев писари тағояш–Шерназар Назаровро ҳамчун гумонбар боздошт кард. Гуфта мешавад, ки мақтул Салоҳиддин Пирумшоев дар тарабхонаи «Марчелис», воқеъ дар хиёбони Москави ноҳияи Москави шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба ҳайси ошпаз кор мекард.
КОРОНАВИРУС: ПАДАР ШИФО ЁФТУ ПИСАР АЗ ГУРУСНАГӢ ФАВТИД!
Ба фарзияи тафтишот, гумонбаршуда Шерназар Назаров “шаби 23-юми сентябри соли 2019, соатҳои қариб 12-и шаб, писари аммаашро дар наздикии истгоҳи метрои Шушари бо бел зада кушта, барои пӯшонидани изи ҷиноят ҷасади ӯро дар ҷангал гӯрондааст ”.
Ду рӯз пас аз ғайб задани Салоҳиддин падараш ба мақомоти пулис муроҷиат намуд, вале тайи ду моҳ ҷустуҷӯҳо натиҷа надоданд. Пулиси шаҳри Санк-Петербург рӯзи 12-уми ноябри соли гузашта нисбати Шерназар Назаров бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ боз кард.
Феълан, тафтишоти қазия идома дошта, пулис сабабҳои ба қатли хешованди наздикаш даст задани Шерназар Назаровро муайян мекунад.