arzon replenishment
Ишқи беҳосили духтари аммаву бачаи тағо
4068

Духтари калонии аммаам Ҳадиса феълу рафтори бачагона дошт. Мо мисли ду ҷӯра якҷоя дарс тайёр мекардем, ҳазлу шӯхӣ карда, гӯштин мегирифтем. Бо якдигар чунон одат карда будем, ки ногуфтанӣ. Дӯстии ману Ҳадиса оҳиста-оҳиста ба ишқу муҳаббат табдил ёфт.

Муҳаббати поку самимӣ. Рӯзе бо Ҳадиса барои харидани сабзавот ба бозор рафтем. Ҳангоми бозгашт базӯр ҷуръат карда гуфтам:
-Ҳадиса, ман туро дӯст медорам. Аз ту ҷудо будан бароям душвор аст.
Ҳадиса шармида зери лаб ғурунгид:
-Шояд бародарона бошад?
Сар ҷумбонда гуфтам:
-Не, ман мехоҳам бо ту хонадор шавам. Муҳаббати маро қабул мекунӣ ё не?
Дар лабони Ҳадиса табассуми зебое гул кард ва «инро баъд маслиҳат мекунем Диловар, ҳоло бояд зудтар равем, модарам интизор аст» гӯён, осемасар роҳашро идома дод.
Аз шодию фараҳ дилам дар қафаси сина пар-пар мезад.

 


Манзураи шаттоҳу золим рафтори духтарчаро нописандӣ пиндошта, мисли албастӣ бо қаҳру ғазаб аз хона баромаду аз мӯи ҷингилаи духтарча бераҳмона дошта, ӯро телакунон ба хона даровард. Нозанин ҳамоно саркашӣ карда ба хона даромадан намехост. Манзураи ҷоҳил чунон бо ғазаб духтарчаро тела дод, ки кӯдак аз зинапоя афтида, ба поён ғелид ва аз ҳуш рафт.

 


Насиҳат

Аз байн чанд рӯз гузашт ва як саҳар амаам мароба наздаш хонда гуфт:
-Медонам, ки Ҳадисаи маро дӯст медорӣ Диловарҷон, вале аз гуфтан шарм медорӣ. Дишаб дар хонаатон оиди хонадоркунии ту маслиҳат карданд. Хостам ба падару модарат бигӯям, ки ба Ҳадиса дил бастаӣ, вале забонам пеш нарафт. Шарм доштам. Бо Ҳадиса хонадор шудан хоҳӣ, худат рафта бо онҳо маслиҳат кун, бачаҷон!

Исёни модар

Падарам гӯё аз рози дили ман бохабар бошад, ҳамон бегоҳ дар сари дастурхон андешамандона гуфт:
-Диловарҷон, писарам мо бояд туро хонадор кунем. Донишгоҳро ҳам хатм карда, соҳиби диплом ва касбу кор шудӣ, акнун бояд аз паси зиндагиат шавӣ бачам, агар ягон духтари дӯстдошта надошта бошӣ, пагоҳ рафта келини таги чашм кардаи модаратро бубин, то ки аз паси тӯй шавем.
-Ман духтари аммаам Ҳадисаро дӯст медорам. Мехоҳам бо вай хонадор шавам,-гуфтам дар ҷавоб.
Бо шунидани ин гап модарам чунон ба ғазаб омад, ки рухсораҳояш оташ гирифтанд ва сари по хеста бо тамоми овоз дод зад:
-Номаъқул кардӣ! Ман аз хеш келин намекунам. Аз шумо фарзанди солим ба дунё намеояд!
Дунё дар назарам тираю торик гашта бошад ҳам, дар ҷавоби модари якравам чи гуфтанамро надониста, сар ба зер афкандам. Ҳайрон будам, ки акнун ба Ҳадисаю амаам чӣ мегӯям.

Арӯсбинӣ

Субҳи барвақт бо мошини падарам ба дидани арӯси таги чашм кардаи модарам рафтем. Ман дар мошин нишастаму модарам ба ҳавлии қудошаванда даромад. Дере нагузашта онҳо модарамро гуселкунӣ баромаданд. Духтар ҳамроҳи модараш аз паси модарам барои гусел баромада буд, то ман ӯро дида маъқул кунам. Ростӣ, арӯси ёфтаи модарам ягон айб надошт. «Маъқул шуд, писарам?» пурсид модарам баробари ба мошин нишастан. «Ба ман фарқ надорад, эҳтироми шумову падарамро ба ҷо биёрад, басанда аст» гуфта, оҳи сард кашидам.

Алвидоъ, эй ёри ширин!

Бегоҳ ба шаҳр барои овардани либосҳоям рафтам ва воқеаро ба аммаам нақл карда, узр хостам.
-Писарам, модари ту аз давраи арӯсиаш бо ман муносибатҳои хуб надошт, барои ҳамин хешу табориро баҳона кардааст,-гуфта оҳи сард кашид ва ҷомадони либосҳоямро наздам гузошт.
Барои хайрухуш ба назди Ҳадиса даромадам ва пеши пояш афтида тавалло намудам:
-Ҳадисаҷон, барои туро дар нимароҳ гузоштанам маро бубахш! Муҳаббати мо то ҳамин ҷо будааст.
Ҳадиса зор-зор мегирист, вале чизе намегуфт. Ба дидани ашки чашмонаш тоқат карда натавониста аз хона баромадам ва бо дли пурғам роҳи деҳаро пеш гирифтам.

Қонуни зиндагонӣ

Пас аз як моҳ тӯйи бодабдабае барпо намуда арӯсро ба хона овардем. Ман хуб мефаҳмидам, ки акнун бояд ишқамро дар дил гур кунам. Амаам ҳам пас аз ду моҳи тӯйи мо духтарашро ба як ҷавони зебои шаҳрӣ ба шавҳар доду умедам ба тамом канда шуд.

Орзуҳои хокхӯрда

Хабари ҳомиладор шудани арӯсам Зебо маро ба зиндагӣ дилгарм намуд. Бо садҳо умеду орзуҳои ширин барои тифлакамон номи мувофиқ меҷустем, аммо дар моҳи ҳаштуми ҳомиладориаш Зебо кӯдаки мурда таваллуд кард. Ҳамсарам шабу рӯз гиря мекард, ман ӯро тасаллӣ медодам, ки ғам нахӯрад, ҳоло ҷавон ҳастем ва худо хоҳад боз соҳиби фарзанд мешавем, аммо...
Зебо боз 3 маротибаи дигар кӯдакони мурда зоид. Ӯро ба назди тамоми табибони машҳур бурда бошем ҳам, касе ба дардаш даво наёфт. Зану шавҳар ба мазорҳо рафта сар мезадему тавба мекардем, аммо оҳамон ба гӯши Парвардигор намерасад.
Аксар вақт фикр мекунам, ки оҳи дили Ҳадиса маро гирифт. Дар рӯйи модарам ин гапро ошкоро гуфта наметавонам, аммо дар дил танҳо ӯро сабаби бадбахтиҳои худ медонам. Модари якравам дар вақташ “ман аз хеш келин намегирам” гуфта, ду пояшро ба як мӯза намеандохт, шояд имрӯз ману ҳадиса соҳиби чанд фарзанд шуда, зиндагии хушбахтона ба сар мебурдем, вале афсӯс...

Диловар, аз н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД