Sebiston new 2024 october
Марҷина аз партовгоҳ
5831

Нон бошад, суруд ҳам мешавад…

Машғули кор будам, ки Рустам Азимӣ аз дар даромад ва мисли ҳамеша ба ман рӯ оварда, шӯхиомез гуфт:

-Саодат, соат аз 12 гузаштааст, ту хӯроки нисфирӯзӣ гуфтанӣ чизро медонӣ ё не? Журналисти зӯр мешавам гуфта, то бегоҳ дар ҳамин ҷо коғаз хӯрда мешинӣ?

-Акаи Рустам, шумо ҳеҷ аз ҳамин шӯхиҳоятон намондед, -гуфтам бо табассум.

 -Ханда чизи нағзу лекин шиками одамро сер намекунад, хоҳарҷон!  Доҳии пролетариати ҷаҳон, Владимир Илич Ленин дар вақташ гуфта буд, ки нон бошад, суруд ҳам мешавад. Шиками сер-қуввати кор, хез, рафта ягон чиз хӯрем, баъд навис-навис кардан мегирӣ,-амр кард Азимӣ.  

Ночор корамро нотамом гузошта, чизу чораамро ҷамъ кардам ва рост ба чашмони акои Рустам нигариста гуфтам:

-Хӯрокхӯрӣ бошад, хӯрокхӯрӣ, лекин гӯед, ки ба куҷо равем?

Дили ман ҷигаркабоб кашида истодаасту лекин…

-Ягон хел лекин-пекин надорад! Ҳозир ҳамакаса ҷигархӯрӣ меравем,-инро гуфта дигар ҳамкоронамонро ҳам хабар кардам ва ҳама якҷоя роҳ ҷониби ошхонае пеш гирифтем, ки дар наздикии истгоҳи Сирк воқеъ гаштааст….

Хандаи индийский

Азбаски дар ин ошхона худхизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст, мо низ мисли дигарон барои гирифтани хӯрок навбат истодем. Баногоҳ садои қаҳ-қаҳаи хандаи занона баланд шуд. Ҳайрон шуда гарданамро тоб додам, то сабаби ин хандаро фаҳмам. Бинам, духтари «паричеҳра»-и   тақрибан 20-25-солае дар курсӣ нишастаасту ба бачаҳо гап партофта истодааст. Аввал фикр кардам, ки духтар маст аст ва худашро идора карда натавониста истодааст, аммо дар асл ин тавр набуд…


-Зан нигаҳдорандаи оташи хонадон аст, бинобар ин, новобаста аз касбу кор ва шуҳрату мақомаш да ҷомеа бояд барои тарбияву нигоҳубини фарзандонаш, хизмати шавҳар ва дигар корҳои хона вақт ёбад.


Як чашмакӣ ба сӯйи журналист

Хӯрокамонро гирифта сари миз нишастем. «Паричеҳра»-и шӯх, ки дар мизи рӯ ба рӯи мо нишаста буд, ба сӯйи Рустам Азимӣ чашмак зада, бо ишваю ноз гуфт:

-Ҳаа, асалҷон, чӣ хелӣ?!

Бо шунидани лутфи «паричеҳра» дар лабони ҳамкорон табассум гул кард. Акои Рустам бо чашмони аз ҳайрат калон-калон кушода ба духтараки ношинос ишора карда пурсид:

-Ин кист?

Ба маънои «намедонем» китф дарҳам кашидем, аммо…

                                Гулбазм дар ошхона

Нав бисмиллоҳ гуфта, хӯрокхӯриро сар карда будем, ки гулбазми паричеҳра шурӯъ шуд:

Гулат гули  варенӣ,
Домоду арӯси мо гаренӣ…

Баъди ин гулбазм қаҳ-қаҳаи тамоми одамоне, ки дар ошхона буданд,  баланд шуд. Касоне, ки нав аз дар медаромаданд, ҳайрон мемонданд, ки ин ҷо чӣ гап бошад. Ҳама кӯшиш мекарданд, ки хандаашонро пинҳон доранд, вале ба нағмаҳои ин духтараки шӯх, ки мисли занони ҳиндӣ либос пӯшида дар пешонӣ ва рӯяш холҳои хандаовар гузошта буд, нахандида намешуд. Вай ҳамоно ба бачаҳо гап партофта мегуфт:

-Асалак, барои ман ягон чӣ хар!

-Барои ту аз осмон ситора меорам!-шӯхӣ кард ҷавоне.

-Чӣ харам, чӣ мехӯрӣ?-пурсид ҷавони дигар

-Як коса шурбо гирӣ мешава, чой ҳам гир!

-Гап нест. Ҳами хушручада як коса шӯрбо тиед, пулаша ман метиям.

-Чой чӣ?

-Чой ҳам тиед…

Духтарак бо нағмаю нозҳояш диққати ҳамаро ба худ ҷалб мекард. Зоҳиран ӯ ба одами беақл ва девона чандон монанд набуд, вале чунон қилиқҳое мекард, ки ногуфтанӣ. Вақте барояш шӯрбои бе нон оварданд, норозиёна лабашро бурма карда аз ҷояш хест ва аз кисааш як 5 сомонаро бароварда, хост нон харад, вале фурӯшанда ба ӯ тамоман аҳамият надод. Аз фурсат истифода бурда, ду бурида хлебро дуздид ва ба сӯйи мо нигариста, ба маънии “хомӯш бошед” ангушташро ба лабаш бурд. Магар баъди ин нахандида мешавад?!

Марҷина аз партовгоҳ

Рафтори ин духтараки булаҷаб ҳисси кунҷковии маро бедор кард ва хостам бо ӯ шинос шавам.

-Номи шумо чист?-Пурсидам бо табассум.

-Марҷина,- гуфт зебосанами ҳиллагар ва чунон карашмае кард, ки агар ба ҷои ман ягон мард мебуд, дилаш «об» мешуд.

 -Ин гулро кӣ дод?

-Дуздидам, -қоҳ-қоҳзанон иқрор шуд Марҷина.

-Шумо дар ҳамин  наздикиҳо зиндагӣ мекунед?

-Нее, хонаи ман дур аст,-инро гуфта духтарак сарашро хам кард ва шурбояшро хӯрдан гирифт.

Хостам ҳамроҳаш як акси хотиравӣ бигирам. Марҷина ин пешниҳоди бандаро бо хурсандӣ қабул кард. Дар канораш нишастам ва ба нозҳои Марҷина тақлидкунон ҳамроҳаш селфӣ гирифтам. Аҷаб зебо омад!

Пули пупанакзада

Ниҳоят мо хӯрокамонро хӯрда, азми рафтан намудем. Марҷина аз ҷоямон бархостани моро дида, безобита шуд ва ба Рустам Азимӣ рӯй оварда бо нозу ишва гуфт:

-Пул намедиҳӣ?

Акаи Рустам садқаи сар гӯён, як сомонӣ бароварда дод.

-Вииӣ, наход ҳамин хел пули пупанакзада диҳӣ-а?! Ягон созаш набуд,-нописандона садо кард Марҷина.

Садои қаҳ-қаҳаи ханда ба фалак печид. Акаи Рустам аз шарм суп-сурх шуда, чӣ гуфтану чӣ кор карданашро намедонист.

-Ин хел шармандагиро ягон бор аз сар нагузаронда будам,-гӯён, бечора зуд роҳи баромадгоҳро пеш гирифт, вале Марҷина ба осонӣ сайдашро раҳо карданӣ набуд. Вай осемасар пораҳои нони дар рӯйи мизҳо аз мизоҷон боқӣ мондаро чида, ба халтааш андохт ва аз паси мо ба берун баромада гуфт:

—Истед, ман ба шумо гап дорам!

Ҳайрон шуда пурсидем:

-Хӯш, чӣ гап дорӣ?
-Мехоҳам ба телефони дастиятон бо ман акс гиред, чунки ҳардуи шумо (рӯ ба ману Рустам Азимӣ овард) ба ман сахт маъқул шудед!

Зебосанам аз даруни лоток

Ҳамин тавр, мо бо Марҷина аз наздик шинос шуда, дар куҷо зиндагӣ карданашро пурсон шудем. Духтарак даст афшонда гуфт:

-Беҳтараш макони маро шумо напурседу ман нагӯям.
-Чаро? Магар бехонаӣ?

-Хонаи ман ҷӯйборҳои (латок) назди Сирк. Дар ҳамон ҷо мехӯрам,  мепӯшам, хоб меравам…
Ба ангуштаринҳои “тиллоӣ”-и дастонаш нигоҳ накарда, диламон ба ҳоли Марҷина сӯхт. Кош маконе ё сарпаноҳе медошт, ки чунин хорию зориро аз сар намегузаронд ин Марҷинаи тоҷик.

Саодат Розиқзода,
махсус барои “Оила”

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД