arzon replenishment
Марди зебо бабник аст ё вафодор?
3143

 

Оё мари зебо қудрати аз таҳти дил дӯст доштани як занро дорад ё мисли занбӯри асал аз як гӯл ба гӯли дигар парида, танҳо шаҳд мечинаду халос?

Албатта аз як тараф ин суол аҷиб менамояд, чунки ҳатто марди зеботарин ҳам дил дорад, аз ҷониби дигар дил танҳо барои зинда будани марди зебо низ метаппад.

Зебо аз зебо фарқ дорад

Мардони зебо зебо дӯст медоранду зебо ғамхорӣ зоҳир менамоянд ва андешаи зебо доранд мегӯянд бархе аз бонувон, вале гурӯҳи дигар бар он андешаанд, ки зеборӯён аслан бефаво, сиёҳдил ва тирамағз мешаванд. Зебогии сурат бо зебоии қалб дар ҳақиқат якхела мешавад ё мухолиф?

Дар дунё мардони зебо ниҳоят зиёданд, вале ҳар як ҷавонмарди базеб ишқро ба таври худ мефаҳмад. Ба андешаи нафаре дӯст доштан тӯҳфаҳои пурқимат ҳадя кардану пул додан ба зан аст. Қисмати дигари мардони хушрӯ ниҳоят бадрашк мешаванд, аз ин ҷост, ки ба сари зан мушт бардошта гумон мекунанд задан нишонаи дӯстдорӣ аст. Аз ҷумла ҳунарманди рус Александр Домогаров ҳамаи занҳояшро мезаду бонувони ошиқӯро мебахшиданд.

Пас чӣ бояд кард?

Ба хотири зебоии мард худро қурбони ҷабру зулмаш намудан лозим аст ё марди безебтареро ёфта оромона зистан авлост?

Беҳтараш муҳаббатеро ҷӯё шавед, ки хоси мардони зебо аст, вале ҷомаи дигар ба бар намудааст. Мардони зебое ҳастанд, ки дар ҳақиқат ошиқанд. Муҳаббаташон то андозае сахт аст, ки ба хиёнат кардан ҳатто дар андешаашон нест. Чунин муҳаббат хеле кам дида мешавад, вале ба ҳар сурат тухми анқо нест.

Бабник ё шоҳзодаи орзуҳо?

Духтарон аз ҷавонмардони зебо метарсанд, зеро ба андешаи онҳо хушрӯён дер ё зуд занро дар нимароҳи тақдир партофта мегурезанд. Ин албатта сабабҳои худро дорад. Дар атрофи номи ҷавонмардони зебо гапу калоча зиёд мешавад, онҳо бо занбозӣ ном мебароранд. Шояд баъзеяшон чунин бошанд, вале на ҳама мардҳои зебо хиёнаткоранд.

Марди зебо чигуна зан мехоҳад?

Бояд қайд намуд, ки новобаста аз ҳусни дилрабо ва талабгорони зиёдаш марди зебо ҳам танҳо як занро сидқан дӯст дошта метавонад. Сурати зебои зан дар ин ҳолат дар дӯст доштан ягон нақш намебозад. Беҳуда дар урфият «зебо таваллуд нашав, хушбахт таваллуд шав» нагуфтаанд, зиёданд занҳои назарногире, ки шавҳарони хушрӯй доранд ва марди зебо тамоми нозу нузи зани безабашро мебардорад. Муҳаббат зебо бошад, ба сурат коре надорад!

Маҷнунро бо чашми Лайлӣ бубин

Ҳар кас табъи худро дорад, масалан ҷавоне ба духтарони зиёд маъқул аст ва дар ғамаш обу адо мешаванд, вале духтаре ӯро ҳатто зебо намешуморад. Ҳамааш аз он вобаста аст, ки ҷаҳони ботинии инсон чигуна аст.

Гул бе хор нест

Ба одамон аз рӯи сураташон баҳо надиҳед, чунки ҳусни зоҳир далелҳои зиёдеро пинҳон менамояд, ки бо ошкор гаштанашон дилатон аз зиндагӣ бо чунин марди нозанин ях барин хунук мешавад.

Ҳуснро ҷило мебояд

Одамони зеборо бархе чашми дидан надоранду гурӯҳи дигар ба ҳуснашон ҳасад мебаранд. Қобили қайд аст, ки ҳасадбарӣ ба зану мардҳои зебо маънӣ надорад, чунки ҳар инсон метавонад худро зебо нишон диҳад. Ҷавҳари ҳуснро Худованд ба ҳар офаридааш додааст, фақат онро бояд ҷило бахшид. Ба зоҳиру ботини худ диққат додан ҳар инсонро дӯстдоштанӣ ва хушбахт месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД