Овозхони эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева дар саҳифаи Инстаграми худ акси устодаш Манижа Давлатоваро нашр кард, ки писари хурдияш Юзорсифро ба оғӯш гирифтааст. Овозхон ба ҳардуи онҳо дуои нек дода, аз тақдиру қисматаш изҳори қаноатмандӣ кардааст.
«Вақте ки ошиқи бонуи ҳунар Манижа Давлатова гаштам, тасаввур намекардам, ки мо чунин наздик мешавему рӯзе фарзанди маро ба оғӯш мегирад ва дилбастаи ӯ мешавад. Баъзеҳо мегӯянд, қисмат дурӯғ аст, аммо ман ба қисмати худам эътимод пайдо кардам.
ИНТИҚОДИ ЗУЛАЙХО МАҲМАДШОЕВА АЗ МАРДОНИ “АЛФОНС”
Қисмат метавонад дуртаринҳоро наздик ва бегонатаринҳоро ошно гардонад. Шукр, ки ҳардуи инҳоро дар канор дорам ва дар ҳаққашон талаби дуо мекунам. Худоё, нигаҳбонашон бош!»,-навиштааст, Зулайхо Маҳмадшоева дар саҳифаи Инстаграмаш. Овозхон ҳанӯз замони аввали ба саҳна баромаданаш эътироф карда буд, ки Манижа Давлатова барояш устод аст. Онҳо имрӯз ҳамкории қавии эҷодӣ доранд. Манижа оҳанг эҷод мекунаду Зулайхо онро месарояд. Худи Манижа Давлатова 14 сол мешавад, ки овозхонӣ намекунад, вале бо қисми зиёди санъаткорон ҳамкорӣ дорад.