Formula novemver 2024
Манижаи Давлат шавҳар кард?
5007

Зане ба идораи сомонаи Оила-ТЧ зан зада, хабар дод, ки Манижаи Давлат ба шавҳар баромадааст.

 

Азбаски гирди номи ин бонуи пурҳунар ҳамеша чунин овозаю ҳангомаҳо паҳн мешаванд, мо ба суханони зан бовар накарда, маслиҳат додем, ки ба чунин ҳангомаҳо дода нашавад, аммо ӯ якравӣ карда мегуфт:
-Ман 100% гарантия медиҳам, ки Манижа шавҳар дорад. Вай аллакай соҳиби фарзанд ҳам шудааст. Шавҳараш як одами бою бадавлат аст ва иҷозат намедиҳад, ки Манижа ба саҳна барояд. Бовар накунед, суроғаи хонаашро медиҳам, марҳамат рафта бо чашмони худатон бубинед!


Бале-бале, авбош будам! Дар муддати кӯтоҳ навохтани аккордеонро ёд гирифта, рӯз то бегоҳу шаб то дергоҳ ҳофизӣ мекардам.

ShBGWCI6lejijYkm6i4iwR9tS8BsJnqxOiPz8vPG


Зан чунон бо боварӣ ҳарф мезад, ки мо ба шубҳа афтидем, шояд дар ҳақиқат гуфтаҳояш ягон асос дошта бошанд.
Хулласи калом, бо мақсади санҷидани ҳақиқати суханони он зан мо суроғаро гирифта, ба ҷустуҷӯи Манижаи нозанин афтодем. Вақте ки занги дарро пахш намудем, аз дохил садое ба гӯш расид, ки ба садои Манижа бисёр монанд буд.
-Кистӣ?-бо ғазаб пурсид соҳиби садо.
Ростӣ, каме дасту по хӯрда ҷавоб додам:
-Як журналист. Апаи Манижа дар хона ҳастанд?
-Нест,-бо ҳамон оҳанг идома дод ҳамсуҳбатам аз паси дар.
-Магар ҳамин хонаи Манижабону нест? Он кас ҳозир дар куҷоянд?-хирагии касбиро ба кор бурда, кунҷковӣ намудам ман.
-Манижа се хона дорад, ман аз куҷо медонам, ки вай дар куҷост”!
Пас аз ин, аз дарун дигар садое ба гӯш нарасид ва навмед ба корхона баргаштам, аммо...
Манижаи Давлат аз саҳна дур шуда бошад ҳам, то ҳол аз дилу дидаи мухлисонаш нарафтааст. Пас аз Манижаи Давлат бонувони зиёде ба саҳна омада бошанд ҳам, то имрӯз ба касе муяссар нагаштааст, ки ҷойи ӯро ишғол намояд. Манижа дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ягона буд ва ягона боқӣ мемонад.
Аз акс ва постҳое, ки Манижабону дар сомонаҳои иҷтимоӣ мегузорад, аён аст, ки дили худи Манижа низ барои мухлисонаш гум мезанад. Умедворем, ки ин бонуи ҳунар ба хотири ҳаводорони бешумораш, ки ӯро аз ҷон бештар дӯст медоранд ва бисёр мехоҳанд аз ҳаёти имрӯзаи Манижаи нозанин бохабар бошанд, худ бо мо дар тамос мешавад ва ташнагии ошиқони ҳунарашро бо як суҳбати ҷолиб каме ҳам бошад, мешиканад....

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД