Духтари таърифӣ
Ман дар курси охирини донишгоҳ таҳсил мекардаму бо роҳхат ба идораи бонуфузе ба коромўзӣ рафтам. Бояд пеши сарвари корхона медаромадам, котибааш духтараки сафедчеҳраи зебо сар то пойи маро бепарвоёна аз назар гузаронида, гуфт:
- Интизор шавед, шеф одам доранд.
Ман низ, интизор нишастам, зеро зиёд мехостам дар ин корхона коромўз бошаму баъд, агар Худованд хоҳад, ҳамин ҷо монам, зеро дар хонаи пиразани руси танҳое иҷора менишастам ва иҷорахонаам ба ин корхона хеле наздик буд. Ман ният доштам, ки баъди хатми донишгоҳ дар шаҳр монам, ба деҳа рафтан намехостам, зеро модарам вафот карда буду падарам зани нав гирифта, апаю бародаронам ҳамагӣ соҳиби рўзгори хеш буданд. Падарам низ, ин қарори маро дастгирӣ кард, зеро ман тӯли панҷ соли донишҷўйӣ коре накарда будам, ки боиси хиҷолати ў гардад.
Пушти дари сардор нишаста, Худоро зора мекардам, ки барори корамро диҳад. Зеро биёр мехостам кори хуб дошта бошаму зебо пўшаму бамазза хўрам, аз ин рӯ ҳамеша ба занҳои хушлибос бо назари ҳавасмандӣ менигаристам. Дар дилам ба онҳо ҳасад мебурдам, ки соҳиби кору пул, обрў ва зиндагӣ дар ин шаҳри зебо ҳастанд. Деҳаро дўст намедоштам, кору бори қишлоқ, мардуми содаашро чашми дидан надоштам. Шаҳрӣ будан мехостаму халос. Ҷавони дўстдошта надоштам, ба ҳамаи онҳое, ки изҳори ишқ мекарданд, бо мулоиматӣ ҷавоби рад медодам, зеро мақсадам баромадан ба зинаҳои баландтарини карйера буду халос…
Барори кор
Банди андешаҳои ҳаваспарварона, дар куҷо шиштанамро фаромўш карда будам, ки овозои котиба баланд шуд:
- Марҳамат, дароед!
Овози котиба риштаи андешаҳои маро барканду вориди ҳуҷраи барҳаво, зебо ва ороишдодаи сарвари корхона гаштам.
- Марҳамат, шинед, духтари нағз, чӣ хизмат?,- пурсид марди чил-чилупанҷсолаи сиёҳҷурдаи ситорагарм.
- М-м-ман, коромўз,- гуфтам худамро гум карда.
- Ман сарвари ҳамин корхона - Азим Азизӣ,- бо лабханд, шояд барои шарми маро паррондан, шухӣ кард сардор ва пас аз саволу ҷавоби кўтоҳ гуфт: “Котибаи ман як ҳафта пас шавҳар карда меравад, домод ўро кор кардан намемондааст. Назди Сафина шишта, тарзи корро ёд гир, баъди тамом шудани муҳлати коромўзият, агар хоҳӣ, туро ба кори дигар мегузаронем”.
Ман ғайр аз розӣ шудан чӣ илоҷ ҳам доштам? Ҳарчанд намехостам котиба бошам…
Сафина аз «шогирд»-ии ман хеле хушнуд шуд ва худи ҳамон рўз тамоми масъулияти доштаашро ба ман фаҳмонда дод.
Кори асосии котиба-коргузор, ба қавли ин духтараки софдилу бекина, қабулу гусели меҳмонҳои раис, чоп кардани баъзе ҳуҷҷатҳо ва тозаю озода нигоҳ доштани қабулгоҳ буд. Ман дар як рўз фаҳмидам, ки Азизӣ чӣ гуна чой ва шоколадро дўст медораду кадом меваҳо бояд доим рўйи мизи ўро зеб диҳанд. Кадом меҳмонҳоро чӣ гуна қабулу гусел кардан лозим…
(Давом дорад)
СУҲАЙЛО
Таснифи Нисо ХОЛИД