Оҳ, ин чӣ бало Наргис?!
Ҳоли маро баъд аз ин воқеа худам медонаму Худои болои сар. Ба хона омадаму сарамро рӯйи зонувони Лидия-хола монда, зор-зор гиристам. Кампир моҷарои ишқи маро шунида, маслиҳат дод, ки албатта бо Наргис вохӯрам, зан-занро мефаҳмад. Рӯзи дигар як ҳамидиёри дигарамонро ёфтаму аз ӯ нишонии хонаи раиси Ҷабборо пурсидам. Ин ҳамдиёрам бо ҳайрат гуфт:
-Ту ба раиси Ҷаббор чӣ кор дорӣ?! Агар чун ҳамдиёр хонааш рафтанӣ бошӣ, беҳтараш нарав, зану духтараш он қадар назарбаланданд, ки бо мо баринҳо, ҳатто суханашонро ҳайф медонанд.
Аммо мани ошиқи ба хотири дифои ишқам ба дилхоҳ таҳқир тайёр, роҳ пеш гирифтам ба сӯйи хонаи раиси Ҷаббор. Субҳи барвақт буду дарро ба рӯйи ман духтараки хоболуде кушод аз афту андомаш маълум буд, ки аз ҷогаҳи хобаш хестааст. Ӯ ҳатто ҷавоби саломи маро нагирифта, ҳамёзакашон сар то пойи маро аз назар гузаронд, ман худро ба даст гирифта гуфтам:-Ба ман Наргис даркор...
-Ман Наргис,- гуфт духтарак каме ҳушёр шуда. Ман оҳиста гуфтам, - ман маъшуқаи Аслам ҳастам, илтимос, ту ба вай хонадор нашав, мо ду сол боз бо ҳам аҳди ошиқӣ дорем.
Наргис аввал каме хомӯш монду баъд маро ба хона даъват карда, ба ошхонаашон дароварду рӯ ба рӯям нишаста, бо табассуми малеҳ гуфт:
-Ту аз Зардараӣ?!- Ман бо аломати тасдиқ сар ҷунбонидам.
-Гӯш кун духтарак, ман аз афту андоми Аслами бӯйини ту безорам! Ин нақшаро падарам бо ин қишлоқӣ кашидагист. Ту беташвиш рафта, зиндагиятро давом деҳ, ман ба ту маслиҳат медиҳам, ки аз баҳри Аслам гузар. Ин аблаҳ сагча барин аз қафои падарам медавад, то маро гирифта, соҳиби хонаву дар ва давлату сарват шавад, аммо ин тавр нахоҳад шуд! Ту духтари зебоӣ, агар худатро оро дода, зебо либос пӯшӣ… Ман Асламро ҳатто барои туфлӣ тоза карданам киро намекунам, агар ба ту даркор бошад, намедонам, Наргис чашмони бодомии зебояшро хумор карда, китф дарҳам кашид.
Модари имдодгар
Ман ба деҳа баргаштаму ду рӯз пас Аслам кашола шуда омад, ӯ бо ман он қадар ҷангу ҷанҷол бардошт, ки ногуфтанӣ. Чун ман суханҳои Наргисро барояш гуфтам, ӯ маро бахил, рашкин ва боз ким-чиҳои дигар низ гуфт. Ман дидам, ки Аслам аз ҳад гузашта истодааст, аз модарам имдод хостам ва…
Модарам нимаи шаб ба хонаи кампири Ҳавасмоҳ рафта, намедонам чӣ гуфту чӣ монд, ки баъди ду моҳ тӯйи арӯсии ману Аслам баргузор гашт. Ман аз ин сӯҳбат танҳо ҳаминро медонам, ки модарам Асламро бо он тарс додааст, ки ба донишгоҳаш рафта, ӯро шармандаю шармсор мекунад ва барои фиреб додани духтараш ӯро ба суд мекашад. То зиндаам бо ту ва авлодат мубориза мебарам гуфтааст ӯ ба кампири Ҳавасмоҳ. Аслам ба ман меҳрубон набуд, вале ман ӯро зиёдтар аз ҷонам дӯст медоштам. Тавлиди писарам зиндагии маро ранги дигар бахшид, дигар на даѓалиҳои шавҳар дар назарам метофту на номеҳрубониҳояш…
Баъдҳо ба Аслам аз ҷойи кораш хона доданду мо ба Душанбе кӯчидем.
Дар шаҳр
Дар шаҳр сар шуданд азобу уқубатҳои ман, Аслам ҳар рӯз пас аз кор май нӯшида меомаду хархаша бардошта, маро зери мушту лагат мегирифт, аксари шабҳо намеомаду маъшуқабозӣ мекард. Ман, ки ӯро дӯст медоштам, ба ҳама ҷабру ҷафояш тоқат мекардам. На насиҳатҳои модарам ба ӯ асар доштанду на зориҳои модару бародари худаш. Бори дуввум ҳомиладор шудаму баъди лату кӯби навбатии шавҳарам кӯдаки батнам мурда ба дунё омад. Баъди ҳамин дигар ҳомиладор нашудам…
Дигар ба рафтору кирдори дур аз мардӣ ва одамгарии шавҳарам аҳамият намедодам, худам шабу рӯз кор карда, зиндагиро пеш мебурдам. Аслам ҳамоно ба ойимбозию айшу ишрати худаш овора буд, агар аз бинӣ боло гап занам, маро мурданивор мекуфт, писараки ягонаам тарсуву гирёнчак шуда буд, аз ҳамин хотир лаб во намекардам…
Бо ҳамин дарду алам писаракам шашсола шуд, ягона пуштибонам модарам оламро тарк гуфт. Падарам зани нав гирифт, додарам низ хонадор шуду ҳавлии падариро ба падараму зани наваш бахшида, хонаву дарашро ҷудо кард, дигар розшунав надоштам. Ана ҳамин вақт Аслам наѓмаи нав баровард, ӯ ҳафтаҳо ба хона намеомад, ман пеши худ мақсад гузоштам, ки ба зиндагии сагонаам нуқта гузошта, ҳастиямро ба писаракам мебахшам.
Давом дорад