Шарораи хотираҳо
Инсон баъзан сари рашку ѓазаб корҳое мекунад, ки баъд як умр азоби рӯҳӣ мекашад.
Ҳоло, ки синнам ба ҷое расидаву хонаи Худоро зиёрат карда, ҳоҷибибӣ шудаам, дунёям якбора дигар шуд. Ба хулосае омадам, ки зан аз марди занбозу муштзӯр бояд ҷудо шавад, имрӯзу ояндаашро фикр накунад, пояшро ба дастонаш гирифта гурезад. Ба хотири мард шуда, асаб вайрон кардану ҷангу ҷанҷол бардоштан, шармандагист, инро нав фаҳмидам, афсӯс, ки дер шудааст.
Ман дар хонаводае ба дунё омадаам, ки дар он гап гапи зан, яъне модарам буд… Падари хоксору хушсуханам модарамро он қадар дӯст медошт, ки аз хати кашидаи ӯ берун намебаромад. Хешу табор ӯро «занкалон» лақаб дода буданд. Ману додарам аз модарам ибо мекардем, метарсидем, аммо падарамон дӯсту дугона ва роздони мо буданд. Модарам сардори бригадаи пахтакорӣ, падарам ронандаи он кас шуда кор мекарданд. Волидонам мо ду нафарро бо сад орзую ҳавас ба воя мерасониданд, модарам зани шартакигӯйи мардсифат буданду аз он кас, занон як тараф истад, баъзе мардон низ ҳазар мекарданд. Ман аз ифтихори он ки чунин модари зӯр дорам, сарам ба осмонҳо мерасид. Кӯдакию наврасӣ гузашту фасли баҳори умр, ҷавонӣ дар тақвими умри ман гулгардон шуду ишқ ба панҷараҳои дилам ангушт зад…
Ошиқи дурӯя
Дар ҳамсоягии мо кампири Ҳавасмоҳ бо ду писараш зиндагӣ мекард, кампир ду писарашро баъди марги ҳамсараш танҳо ба воя расонида буд, писари калонии кампир аллакай хонадор буду хурдӣ, баъди хатми мактаб интернат ба донишгоҳи бонуфузе дохил шуда, донишҷӯ гашт. Азбаски Аслам дар маркази вилоят дар мактаб-интернат хонда буд, ман ӯро кам-кам медидам, вале даврони донишҷӯияш ба қишлоқ ба таътил омаду бо омаданаш дар дили ман оташ афтод. Ӯ дар раҳу рӯ маро бинад, албатта аҳвол мепурсиду табассуми таҳдор мекард…
Оқибати аҳволпурсиҳову табассумҳо ба он бурда расонид, ки ману Аслам акнун шабҳои дароз бо ҳам рози дил мегуфтему қасри орзуҳои худро месохтем. Аслам ба пойтахт баргашту ман мунтазираш мондам, пас хатми мактаб ман ба шуъбаи ѓоибонаи Донишгоҳи омӯзгорӣ ҳуҷҷат супоридам, аммо аз чӣ бошад, ҳангоми дарс рафтани ман Аслам бо ҳар баҳона аз ман дурӣ меҷӯст. Ба деҳа биёяд, гӯё чизе нашуда бошад, боз наздам медавид, ман рафторҳои дар шаҳр кардаашро ба хотираш биёрам, қасам мехӯрд, ки кори бисёр дошту фалону бисмадон. Мани соддаи қишлоқӣ он қадар ба ишқи бачаи ҳамсоя дода шуда будам, ки ба ҳарфҳояш бовар мекардам. Аз ишқи мо дар деҳа аксарият огаҳӣ доштанд, ѓайри модарам, ман дар мактаби деҳа муаллима будаму интизори хостгорҳои Аслам, вале…
Ишқи духтари раис
Аз деҳаи мо дар пойтахт як марди сарватманде мезист, ки ба падари Аслам аз хешони дур маҳсуб меёфт. Баъдҳо фаҳмидам, ки ана ҳамин марди сарватманд ба хотири канда нашуданаш аз диёри бобоӣ мехостааст Асламро домод бигирад. Кампири Ҳавасмоҳ низ дар чанд маърака таъриф кардааст, ки писараш домоди Ҷаббори раис мешаваду дар пойтахт мемонад. Дили маро гурбаҳои бадхашми рашк чангол мезаданд, он вақтҳо телефони мобилӣ набуду ман баҳонае ёфта, ба Душанбе сафар кардам. Ҳар гоҳи дарс рафтанам дар хонаи кампираки русе иҷора менишастам, Лидия- хола маро хеле хуб пешвоз гирифт, тӯҳфаҳои фиристодаи очаамро як-як чашида, изҳори сипос карду мо то дер сӯҳбат кардем.
Рӯзи дигар ман ба донишгоҳе рафтам, ки он ҷо Аслам таҳсил мекард, як бало карда, ошиқамро ёфтам. Бо дидани ман чеҳраи Аслам дигар шуд, рангаш канд ва ба ҷойи лутфу меҳрубонӣ ва салому алейк фақат “тинҷӣ?” мегуфту халос. Ман овозаҳои дар деҳа пайдо шударо ба ӯ гуфтам, Аслам рад накард ва гуфт, ки бо Наргис аҳди муҳаббат бастаасту ба қарибӣ хонадор мешаванд. Аз ман бахшиш пурсиду гуфт, ки аз ин пас ӯро накобам.
Давом дорад