Шавҳарам апаамро бад мебинад
Бо шавҳарам пеш аз тӯй шинос шуда, бо ишқу муҳаббат оила барпо намудем. Аҳли оилаамон бар зидди издивоҷи мо буданд, вале мани эрка бо якравию қаҳру ноз наздиконамро ба ин издивоҷ розӣ кунонидам, чунки ошиқам бо ҳусну ҷамоли беназираш маро мафтуни худ гардонида буд. Апаи калониям шавҳарашро дӯст дошта оиладор шуд ва зиндагиашон бисёр ширин буд, мани сода ҳаёти хушбахтонаи онҳоро дида гумон мекардам, ки агар одам ба дӯстдоштааш рассад, хушбахт мешаваду риштаи тақдирашро бо одами ношинос пайвандад, умре бадбахт шуда, ангушти пушаймонӣ мегазад, вале хаёлам хом баромад. Баъди се рӯзи тӯй хушдоманам маро ба наздаш даъват кард. Аз гапу хабари дунё бехабар тозон ба назди шитофтам. Гапҳое, ки ин зани сарсафед он рӯз ба ман гуфт, 5 сол боз дар гӯшҳоям садо медиҳанд. «Ҳой келин, гапамро дар гӯшат ҳалқа карда гир, ту наметавонӣ чуноне, ки апаат шӯяшро хар карда савор шудааст, писари маро зин зада савор шавӣ. Аз хати кашидаи ману писарам як қадам берун бароӣ, ҳамон замон аз хонаи ман дафъ мешавӣ!» Намедонам апаи ман ба инҳо чи бадӣ карда бошад, ки шавҳару хушдоманам апаву язнаамро то имрӯз чашми дидан надоранд. Язнаам тамоми нозу нузи апаамро мебардораду зиндагии шоҳонаи онҳо ба шавҳару хушдомани ман намефорад. Апаи бечораам ҳар бор ба хонаи ман меҳмонӣ омада ягон камбудиямро бинад, дарҳол пул медиҳад ё чизҳои даркориямро харида медиҳад, ана ҳамин амалаш қаҳри шавҳарамро меорад. Ба ҷойи раҳмат гуфтан, ин ношукрбандаҳо баръакс сояи апаи ғамхору меҳрубони маро аз девор метарошанд. Қайсингилҳоям «апаи ҷодугарат дигар ба хонаи мо набиёяд» гуфта, маро истинтоқ намуданд. Маҷбур шуда аз апаам хоҳиш кардам, ки дигар ба хонам набиёяд. Апаам дар ҷавоб чизе нагуфта бошад ҳам, ҳис кардам, ки сахт ранҷид. Ҳарчанд фикр мекунам, сабаби нафрати шавҳарамро нисбати апаам фаҳмида наметавонам. Язнаам одами хуб аст, фарзандонашро гул барин нигоҳубин мекунад, падару модари маро ҳурмату эҳтиром менамояд. Магар шавҳар занашро эрка кунад, ин нишонаи ҷодугарии занаш аст? Рафтори шавҳарам маро аз зиндагӣ дилхунук гардонидааст, баъзан фикр мекунам, ки дар интихоби бахт сахт хато кардаам.
Шавҳари Ш: Ман «чумо» нестам!
Ба болои сари шавҳараш баромадани қайсингиламро як ман не, ҳама медонанд. Хушдоману қайсингилам домоди калониро суст ёфта, чунон таги по кардаанд, ки ногуфтанӣ. Қайсингилам мисли раққосаҳо орово тор карда, боғ ба боғу маърака ба маърака, бозор ба бозору консерт ба консерт мегардад. Шавҳари латтааш даҳонаш бастагӣ барин ёрои пишаки занашро пишт гуфтанро надорад. Ин зани шайтонсурат дар ҳузури шавҳар, хусуру хушдоманаш чунон бовиқору бо садои баланд гап мезанад, ки одами дидагӣ ангушти ҳайрат мегазад. Як дӯстам дар ҳамсоягии қайсингилам зиндагӣ мекунад, мегӯяд, ки қайсингилам на хусурашро ҳурмат мекунаду на хушдоманашро, рӯзи дароз кораш дайдугиву кӯчагардӣ будааст. Занам аз рӯзи аввали зиндагиро сар карданамон чанд маротиба апаи сарватмандашро мисол оварда, язнаашро таъриф кард. Ин кораш аз ҷавшани ҷонам гузашта рафт. То ҷое ман медонам, язнаи занам дар чанд соли охир кораш ривоҷ ёфта пулдор шуд. Солҳои аввал зиндагиашон чандон шоҳона набуд. Ҳоло мо зиндагиро нав сар кардаем, Худо хоҳад мо ҳам ба рӯзҳои нек мерасем. Ману модарам намехоҳем, ки апаи занам ба хонаи мо омаду рафт кунад. «Шафтолу аз шафтолу ранг мегирад» мегӯянд, зани ман ҳоло ҷавону хом аст, зери таъсири апааш монда аз худ рафтанаш мумкин аст. Ҳар дафъае, ки ба хонаи модараш равад ё бо апааш вохӯрад, тамоман тағйир ёфта, чанд рӯз рафтораш дигар мешуд, барои ҳамин дар наздаш шарт гузоштем, ки агар зиндагии ширин хоҳад, аз баҳри апааш гузарад. Мехоҳам бо воситаи газетаи шумо ба занам бигӯям:
Фикрҳои хомро аз сарат дур кун, занак! Нияти маро мисли язнаат чумо кардан дошта бошӣ, сахт хато мекунӣ. Ман ҳеҷ гоҳ лаганбардори хусуру хушдоман ва зан намешавам. Апаи туро ҷодугар номидани модарам беҳуда нест, ягон мардаки солимақл имкон намедиҳад, ки занаш чунин рафтор намояд.
ФОҲИШАҲО ПИСАРАМРО БЕ ПАДАР КАРДАНД!
Маслиҳати равоншинос:
Занашро ҳурмату эҳтиром кардани мард нишонаи зери ҷоду қарор доштани ӯ нест. Маълум мешавад, ки язнаи шумо тарбияи хуб дорад, аз оилаи шахсони зиёӣ аст. Паст задани зан ва бо ӯ мисли ғулом муносибат кардани мард нодуруст аст. Дар ҳадисҳои пайғамбарамон дар ситоиш ва эҳтироми зан зиёд гуфта шудааст. Гапҳои шавҳари Ш. дуруст бошаду апаи занаш нисбати шавҳару наздикони ӯ беҳурматӣ мекарда бошад, ин хеле бад аст, вале ба ҳар сурат онҳо зиндагии худро доранд. Набояд ба хотири каси дигар ҳаёти худро талх гардонд. Эҳтиром оби раҳматест, ки ниҳоли ишқу муҳаббатро қувват мебахшад. Хоҳед, ки ниҳоли бахтатон самари ширин бахшад, якдигарро эҳтиром намоед!