(Давомаш)
Рӯзи дигар домоди “фалшивий” бо мошини гаронбаҳои ниҳоят зебо ороёфта ва карнаю сурнай барои бурдани арӯсаки нозанин омад.
Ҳамсояҳо қаду қомати базеб ва абрӯвони сиёҳи пайвастаю китфу бозуи рустамонаи шаҳбачаро дида, ангушти ҳайрат газиданд. Духтарҳо ба Дилбар ҳасад мебурданд, ки ба чунин бачаи хушрӯй ба шавҳар баромадааст, занҳо бошанд, ба модараш Аминахон офарин хонда мегуфтанд:
-Духтарашро ба ҷавони хушрӯйи аз писари раис сад бор доротар ба шавҳар дода, зани раисро боб кард. Қандаша занад!
Ҳамин тавр зери навои “Ёр-ёр” хешу табор ва ҳамсояҳо Дилбари дар либоси арӯсӣ мисли фаришта зебошударо ба “хонаи бахт”-аш гусел намуданд.
Ошиқи девона
Се-чор моҳ пас аз “тӯй”-и Дилбар зани раис дар тарадуди ҷуфт кардани сари писараш афтида, ба такудави тӯёна оғоз намуд. Сайфулло бо баҳонаи серкорӣ аз бозоргардию дигар ташвишҳои тӯйи писараш сарпечӣ намуда, танҳо вазифаи кассирро иҷро мекард. Ҳар саҳар вай ба дасти занаш як бандча пул медоду ба ронандааш мефармуд, ки янгаашро ба бозор барад. Ҳамсараш дар обу арақ ғӯтида бозор ба бозор мегашту раис дар гӯшаҳои хилват дар оғӯши зани ҳамсоя роҳат мекард. Вай чунон ба доми ишқи Аминахон афтида буд, ки дигар ҳатто ёди маъшуқаҳои ҷавонашро намекард. Мехост танҳо дар оғӯши ҳамсоязан бошад. Дунёи раис, буду набудаш Аминахон гашта буд. Барои он, ки вохӯриҳояшон бемалол гузаранд, барои маъшуқааш хонаи зебое харид ва онро ба номи Аминахон ба расмият даровард.
Бегонадил
Такудави тӯёна беш аз ду моҳ вақтро гирифт. Зани раис аз бозоргардӣ ва ташвишҳои беохири тӯй чанд килло хароб шуда, ниҳоят ҳама чизи барои келин заруриро пайдо ва харидорӣ намуд. Кулчаю тӯша пухта саропои арӯсро ба хонаи қудо бурданд ва рӯзи тӯйро муайян карданд. Ниҳоят дар хонаи раис тӯй шуд. Тӯйи хонадоршавии писараш. Одатан тӯйи фарзанди нахустин барои волидон беҳтарин туҳфа аст ва падару модарон аз ҷуфт шудани сари фарзандонашон чунон хурсанд мешаванд, ки замину осмон дар назарашон ранги тоза гирифта мечархад, вале аз чи бошад, ки Сайфуллобой чунин эҳсосот надошт. Раис дар тӯйи писараш, дар хонаи худаш, мисли меҳмон бегонавор рафтор мекард. Дар чеҳрааш заррае ҳам осори шодӣ дида намешуд. Ба назар чунин менамуд, ки ин мардакро маҷбуран дар ин хона нигоҳ медоранд, вале ҳамсараш он қадар саргарми ташвиши келинфарорӣ буд, ки инро эҳсос намекард.
Кабӯтари дубома
Арӯсаки нозанинро бо навои карнаю сурнай ба хонаи шавҳараш оварда, аввал маросими келинбинону ордбезонро гузарониданд, баъд ба сари тахти арӯсӣ бароварданд. Чанд ҳофизи номдор ба табрики домоду арӯс омада, базми висоли навхонадоронро чунон шукӯҳу шаҳомат бахшиданд, ки даҳони ҳамсояҳо ва аҳли маҳалла воз монд. Танҳо домоди дар сари тахти арӯсӣ нишаста ба ин ҳама сару садоҳо бепарво буд. Дар паҳлуи ҳамсари қонуниаш нишаста бошад ҳам, ҳушу ёди Комил ба зани дуюмаш Дилбар банд буд. Домод ба арӯс заррае аҳамият намедод. Худаш дар сари тахти домодӣ буду ҳушу ҳаёлаш дар ҷойи дигар. Хешу табор ва ёру дӯстони ҳар ду тараф назди баландгӯяк баромада ба навхонадорон бахту тахт ва тавлиди фарзандони солеҳу нозанинро таманно менамуданд, вале Комил чӣ гуфтани онҳоро аслан намешунид. Вай тез-тез ба соати дастиаш нигариста, ҳар дам ба ровии базм ишорат менамуд, ки маъракаро зудтар ҷамъбаст намояд. Ташвиши домод бесабаб набуд, зеро фурсати таваллуд кардани зани дуюмаш наздик расида буд ва Комил метарсид, ки мабодо Дилбарро дарди кӯдак гирифта бошад, дар ин шаби тор кӣ ба имдодаш мерасад. Баробари садо додани таронаи “Шаб ба хайр”домод осемасар аз сари тахти арӯсию домодӣ бархост ва арӯсро қариб кашолакунон ба хона дароварда ба ихтиёри модараш ва янгаҳо супурд. Бо баҳонаи гусел кардани ҷӯраҳояш вай ба кӯча баромад ва ноаён ба мошинаш нишасту саманди бодпои оҳанинашро ҷониби хонаи зани пинҳониаш Дилбар маҳмез зад.
Меваи гуноҳ
Ташвиши Комил беҳуда набудааст, Дилбарро дар ҳақикат дарди зодан гирифта буд ва дар ҳоле, ки аз дард мепечид, бесаброна рӯ -рӯи хона қадам зада, ҳар замон лабашро мегазид, вале шавҳарашро дида гӯё ҷони тоза ёфта бошад, лаҳзае дардашро фаромӯш карда гуфт:
-Бовар надоштам, ки домодтӯра дар шаби восил арӯси нозанинро партофта, ёди мо, ғарибон мекунанд!
-Вай арӯс арӯси ман не, арӯси модарам аст. Бигзор холаю ҷиян ҳамдигарро оғӯш карда хобанд,-масхараомез ҷавоб дод Комил ва костюми сиёҳи шинами домодиро кашида ба гӯшае ҳаво доду худро болои роҳаткурсӣ партофт.
-Писарам Комилҷон, медонам, ки рӯзи дароз дар сари тахти домодӣ рост истода, бисёр хаста шудаӣ, вале ба гумон аст, ки имшаб истироҳат кардан ба ту муяссар гардад,-маънидорона хандид хушдоманаш Аминахон.
Ин дам Дилбарро боз дард зад ва ранги рӯяш пахтасон сап-сафед канду аз зӯрии дард лабашро чунон сахт газид, ки хун баромад. Комил, ки авзои ҳамсарашро мушоҳида дошт, осемасар аз ҷояш бархоста пурсид:
-Наход фурсаташ расида бошад?!
-Бале, расидагӣ барин. Харбуза, ки пухт аз бехаш ҷудо мешавад,-матали қадимаро ба ёд овард Аминахон ва аз домодаш хоҳиш кард, ки зудтар Дилбарро ба таваллудхона барад.
-Холаҷон, худатон медонед, ки ман бо мошини худам Дилбарҷонро ба таваллудхона бурда наметавонам. Мабодо ягон шинос бубинад, ҳама сирру асрорамон фош гашта, кор расво мешавад. Ҳозир таксӣ даъват мекунам, шумоён баҳузур нишаста равед, ман аз пасатон меравам!
Ин маслиҳат ба Дилбар писанд наомада бошад ҳам, Аминахон пешниҳоди домодашро оқилона донист ва модару духтар либосҳояшонро пӯшида дар тарадуди ба таваллудхона рафтан афтоданд. Комил дар ин миён ба ким-куҷо занг зад ва даҳ дақиқа нагузашта мошин дар поёни бино қарор гирифту Дилбару модарашро ба ҷойи лозимӣ бурд. Чанд соат пас меваи гуноҳи Дилбару писари раис ба дунё омад. Тифлак чунон зебо буд, ки момодоя ва дигар табибон аз тамошояш сер намешуданд.
Ҳамон шаб арӯсаки ҳанӯз тоҷӣ арӯсӣ дар сар дар хонаи раис то саҳар роҳи домодро поида, мижжа таҳ накард, Комил бошад дар тарабхона бо дӯстонаш якбора соҳиби ду туҳфаи тақдир шуданашро мешуст. Писари раис дар як шаб ҳам соҳиби зану ҳам соҳиби шоҳписар гашта, аз хурсандӣ дар куртааш намеғунчид.
Элак баҳонаю дидор ғанимат
Субҳ Комил бо як ронандаи шиносаш барои Дилбар аз тарабхона хӯрокҳои болаззату баҳри писарчааш либосу парпечҳои зебою гаронбаҳои туркӣ фиристод ва сипас бо хотири осуда ба хона омад. Модараш ӯро барои шаб бе ному нишон шуданаш хеле коҳиш намуд.
-Очаҷон, наҳод одам дар чунин рӯзи хуш ҳам писарашро хафа кунад?! Ҷӯраҳоям ба ҷону ҳолам намонда маро ба ресторан бурданд, то хонадор ва мардаки калон шуданамро ҳамроҳ бишӯем,-баҳона пеш овард домоди гуреза.
Зани раис аз шунидани он, ки писараш ба шарофати хонадоршавиаш зиёфат оростааст, хурсанд шуд, вале ба ҳар ҳол таъкид кард:
-Арӯси навро танҳо монданат хуб нест, бачаҷон! Минбаъд ин коратро такрор накун, ки ҳам арӯсат хафа мешаваду ҳам холаат меранчад. “Духтари хоҳаратон дар ду дунё ба ман лозим нест, вале шумо ба ҷону ҳолам намонда ӯро келин кардед. Акнун арӯси ёфтаатонро худатон шаб то саҳар оғӯш карда мехобед, очаҷон” аз дил гузаронд Комил, вале ҷуръати ин гапро ошкоро ба модараш гуфтан накарда, сар ба зер афканд.
Найрангҳои падару писар
Сайфуллою Аминахон қарор доданд, ки наберадор шуданашонро мешӯянд. Меҳмонҳо аллакай ба хонаҳояшон бар гашта буданд ва аз хона гурехтани раис акнун душвортар гашта буд, бинобар ин, барои ёфтани баҳонаи муносиб хеле фикр кард. Чанд соат майна об карда, ниҳоят ба ёдаш духтури шиносаш Нӯъмон Наим расид. Ин духтури номдорро ҳама аҳли хонаводаи Сайфулло хуб мешинохтанд, зеро дар чандин мушкилот ба додашон расида буд. Азбаски раис хешовандони занашро ҳам барои табобат ба назди Нӯъмон Наим мебурд, ҳамсараш ба ин духтур эҳтироми хоса дошт ва ҳеҷ гоҳ аз вай шубҳа намекард. Сайфулло қарибиҳои нисфирӯзӣ ба мошини хизматиаш нишаста ба бемористон рафт. Дар қабулгоҳи Нӯъмон Наим дардмандони зиёде навбат мепоиданд, вале котибаи мавзунқомат дарҳол раисро шинохта бе навбат ба назди табиб даровард. Нӯъмон Наим ба эҳтироми раис аз ҷояш бархост ва Сайфуллоро бародарвор ба оғӯш гирифта пурсид, ки бемораш кист.
-Бемор худам. Ба ғайри шумо касе ба дардам даво ёфта наметавонад,-маънидорона чашмак зад раис.
-Худо нигаҳ дорад! Шумо ба одами касал монанд нестед-ку, раис-ако, мабодо ба дарди ишқ гирифтор нашуда бошед,-ҳадс зад духтур, ки хислату хӯйи Сайфуллоро кайҳо медонист.
-Қурбони аҳли фаҳм шавам! Ҳамин дарди ишқ маро ба назди шумо овард-да!-Иқрор шуд раис ва афзуд:-Бо як зебосанам ду-се рӯз дар ягон осоишгоҳ дам гирифтанам лозим, вале чӣ хел аз доми янгаатон гурехтанамро намедонам.
-Ташвиш накашед, бегоҳ ман худам ба хонаатон рафта ин масъаларо ҳал мекунам,-ваъда дод Нӯъмон Наим.
Сайфулло ҳамчун арзи миннатдорӣ конвертеро ба дасти духтур доду шоду масрур баромада рафт.
Базми дилдодаҳо
Дастаи пули аз конверти ҳадякардаи раис баромада дили Нӯъмон Наимиро гармтар кард ва худи ҳамон бегоҳ ба хонаи раис рафта бо воҳимаи зиёд ба дасташ роҳхати осоишгоҳро супурду таъкид кард, ки бо дарди дил бозӣ накарда, сари субҳ барои дамгирию табобат равад. Зани раис ба гапи ин духтур сад дар сад боварӣ дошт, бинобар ин, монеи ба истироҳатгоҳ рафтани шавҳараш нашуд.
Субҳи рӯзи дигар раис бо занаш гарм хайрухуш карда ба роҳ баромад. Дар хамгашти кӯча кайҳо қудо-маъшуқааш Сайфуллоро интизор буд. Аминахонро дар паҳлӯяш шинонда, раис бо табъи болида мошинро ҷониби осоишгоҳ ронд. Зани раис бехабар аз найрангҳои шавҳараш дар хона нишаста, Худоро зорӣ мекард, ки мардакҷонашро шифои комилу оҷил бубахшад, Аминахону Сайфулло бошанд, дар ин вақт ҳамчун ҷуфти кабӯтарони ошиқ сармасти висол буданд.
(Давом дорад)
Р. Холов