arzon replenishment
Макри зани ҳамсоя (қисми 7)
25.10.2019
Р. Холов
2298

(Давомаш)

Ягона муаммо дар ин масъала ёфтани домоди сохта буд, вале ин мушкилӣ низ ба зудӣ ҳал шуд.

Яке аз ҳамсабақонаш ба Сайфулло занг зада, хоҳиш кард, ки барои ба Русия сафар кардани ҷияни ятимаш 500 доллар қарз диҳад.

-Ман қарз не, ҳамту барои ризои Худованд ба ҷиянат пул медиҳам, вале бар ивазаш вай бояд як хизмати кӯчак кунад,-ҷавоб дод раис ва хоҳиш кард, ки ҷавонро фардо ба наздаш фиристад.

 Меҳмони деринтизор

Рӯзи дигар ятимчаи азми муҳоҷират дошта дари утоқи кории раисро кӯфта, бо ҳидояти котибаи мурчамиён ба назди Сайфулло даромад. Баробари аз дар даромадани ҷавон раис хурсандона ба пешвозаш бархоста нидо кард:

-Ана инро домод мегӯянд! Бо чунин қаду қомати зебою китфу бозуи Рустамона ту арзандаи шавҳари маликаи ҷаҳон шудан ҳастӣ, писарам!

Ҷавон аз ин гапи раис чизе нафаҳмида, ҳайрон ба вай менигарист, Сайфулло бошад аз чеҳраи зебои ҷавон чашм наканда аз дил мегузаронд, ки барои Дилбар аз ин дида домоди базеб пайдо кардан амрест маҳол. Ҷавон қомати баланд, чашму абрувони пайвасти сип-сиёҳ, лабу даҳони базеб ва китфу бозуи паҳлавонона дошт. Бо чунин сару сурат вай метавонист ҳунарпешаи номдор шавад, вале ятимию камбизоатӣ ин ҷавони зеборо ба пул муҳтоҷу ба кӯмаки ҳамин раиси маккор зор гардонида буд. Сайфулло ҷавонро ба нишастан таклиф намуд ва шаф-шаф накарда якбора шафтолуи гапро гуфта монд.

-Ман зангирӣ не, барои ба муҳоҷират рафтан пул қарз гирифтан омадам,-посух дод ҷавон.

-Ҳеҷ кас туро зан бигир намегӯяд. Вазифаи ту танҳо ҳамчун домод арӯсро аз хонаи модараш бо обрӯ баровардан аст. Ҳамин ки келинро ба хонааш расондем, ба ту ҷавоб, куҷое, ки мехоҳӣ, рафтан гир,- фаҳмонд Сайфулло ва маънидорона чашмак зад.

-Падару модари духтар фаҳманд, чӣ мегӯянд?! Мардуми як маҳалларо ахмақ кардан аз рӯйи инсоф нест,-норозиёна сар ҷумбонд ҷавон.

-Як духтари бечора бе тӯю тамошо бачадор гашта, дар байни ҳаққу ҳамсоя ва дӯсту душман шарманда шавад, магар аз рӯйи инсоф аст?!-Ҷавонро сари инсоф хонд раис ва афзуд:-Гуноҳи бандаи муъминро пӯшонидан кори савоб аст писарам, не нагӯй, ҳам кори хайр мекунию ҳам соҳиби ҳазор доллар шуда, бемалол ба Русия сафар мекунӣ.

Ҷавон, ки илоҷи дигар надошт, оҳи сард кашида бо аломати ризо сар ҷумбонд. Бастаи пулро назди домоди “фалшивий” гузошта, Сайфулло таъкид намуд, ки ин гап бояд байни ҳардуяшон монад.

 Мазҳакаи туқузбинон

Тӯйи духтари Амина-Дилбар бо риояи тамоми расму русум гузашт. Сайфулло аз ҳамсараш пинҳонӣ тамоми такудави маъракаро анҷом дода, барои шарманда нашудани маъшуқааш ҳама кори аз дасташ меомадаро кард. Падару писар маслиҳат карда, чанд зани миёнасоли гапдонро ёфтанду бар ивази пул розӣ кунонданд, ки нақши холаҳои домодро бозанд. Холаҳои сохта бо созу суруд ҷиҳози арӯсро оварданд. Аминахон тамоми занҳои маҳалларо ба хонааш даъват кард, то фардо нагӯянд, ки духтараш думболи ким-кадом ҷавонеро гирифта рафт. Зани раис, ки қатори дигар ҳамсояҳо ба тӯйи Дилбар даъват шуда буд, бо дидани саропои барои арӯс овардаи қудоҳо даҳонаш воз монд. Бечора занак ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ин ҳама куртаҳои рангорангу жемперҳои шинам ва палтою боронии гаронбаҳо бо пули шавҳари вай ба даст омадааст ва домоди ҳақиқӣ писари худаш аст. Холаҳои сохта домодро таърифу тавсиф намуда ба осмони ҳафтум мебароварданд. Касе аз ҳамсояҳо пурсид, ки чаро очаи шаҳ наомад, яке аз “қудоҳо” ҳозирҷавобӣ карда гуфт:

-Бечора касал буд, тӯйи писарашро надида, ҷон ба ҷонофарин супурд.

Занҳо барои модари ормонии домод афсӯс хурданд, бехабар аз он, ки очаи шаҳ дар рӯ ба рӯяшон нишастааст.

 Домоди “фалшивий”

Рӯзи дигар домоди “фалшивий” бо мошини гаронбаҳои ниҳоят зебо ороёфта ва карнаю сурнай барои бурдани арӯсаки нозанин омад. Ҳамсояҳо қаду қомати базеб ва абрӯвони сиёҳи пайвастаю китфу бозуи рустамонаи шаҳбачаро дида, ангушти ҳайрат газиданд. Духтарҳо ба Дилбар ҳасад мебурданд, ки ба чунин бачаи хушрӯй ба шавҳар баромадааст, занҳо бошанд, ба модараш Аминахон офарин хонда мегуфтанд:

-Духтарашро ба ҷавони хушрӯйи аз писари раис сад бор доротар ба шавҳар дода, зани раисро боб кард. Қандаша занад!

Ҳамин тавр зери навои “Ёр-ёр” хешу табор ва ҳамсояҳо Дилбари дар либоси арӯсӣ мисли фаришта зебошударо ба “хонаи бахт”-аш гусел намуданд. 


Бибихол духтари сарвқаду камонабрӯи барф барин сап-сафед буд ва талабгорони зиёд дошт, аммо аз сари кибру ғурур ба тамоми ҷавононе, ки ба хонаашон хостгор мефиристоданд, дарҳол ягон айбу гуноҳ мемонд.


Wa98n4X3TxrZ1xj36VMJT6axmHrft5eF6HTdFwXP


Ошиқи девона

Як моҳ пас аз “тӯй”-и Дилбар зани раис дар тарадуди ҷуфт кардани сари писараш афтида, ба такудави тӯёна оғоз намуд. Сайфулло бо баҳонаи серкорӣ аз бозоргардию дигар ташвишҳои тӯйи писараш сарпечӣ намуда, танҳо вазифаи кассирро иҷро мекард. Ҳар саҳар вай ба дасти занаш як банча пул медоду ба ронандааш мефармуд, ки янгаашро ба бозор барад. Ҳамсараш дар обу арақ ғӯтида бозор ба бозор мегашту раис дар гӯшаҳои хилват дар оғӯши зани ҳамсоя роҳат мекард. Вай чунон ба доми ишқи Аминахон афтида буд, ки дигар ҳатто ёди маъшуқаҳои ҷавонашро намекард. Мехост танҳо дар оғӯши ҳамсоязан бошад. Дунёи раис, буду набудаш Аминахон гашта буд. Барои он, ки вохӯриҳояшон бемалол гузаранд, барои маъшуқааш хонаи зебое харид ва онро ба номи Аминахон ба расмият даровард.

 Бегонадил

Такудави тӯёна беш аз ду моҳ вақтро гирифт. Зани раис аз бозоргардӣ ва ташвишҳои беохири тӯй чанд килло хароб шуда, ниҳоят ҳама чизи барои келин заруриро пайдо ва харидорӣ намуд. Кулчаю тӯша пухта саропои арӯсро ба хонаи қудо бурданд ва рӯзи тӯйро муайян карданд. Ниҳоят дар хонаи раис тӯй шуд. Тӯйи хонадоршавии писараш. Одатан тӯйи фарзанди нахустин барои волидон беҳтарин туҳфа аст ва падару модарон аз ҷуфт шудани сари фарзандонашон чунон хурсанд мешаванд, ки замину осмон дар назарашон ранги тоза гирифта мечархад, вале аз чи бошад, ки Сайфуллобой чунин эҳсосот надошт. Раис дар тӯйи писараш, дар хонаи худаш, мисли меҳмон бегонавор рафтор мекард. Дар чеҳрааш заррае ҳам осори шодӣ дида намешуд. Ба назар чунин менамуд, ки ин мардакро маҷбуран дар ин хона нигоҳ медоранд, вале ҳамсараш он қадар саргарми ташвиши келинфарорӣ буд, ки инро эҳсос намекард.

Кабӯтари дубома

Арӯсаки нозанинро бо навои карнаю сурнай ба хонаи шавҳараш оварда, аввал маросими келинбинону ордбезонро гузарониданд, баъд ба сари тахти арӯсӣ бароварданд. Чанд ҳофизи номдор ба табрики домоду арӯс омада, базми висоли навхонадоронро чунон шукӯҳу шаҳомат бахшиданд, ки даҳони ҳамсояҳо ва аҳли маҳалла воз монд. Танҳо домоди дар сари тахти арӯсӣ нишаста ба ин ҳама сару садоҳо бепарво буд. Дар паҳлуи ҳамсари қонуниаш нишаста бошад ҳам, ҳушу ёди Комил ба зани дуюмаш Дилбар банд буд. Домод ба арӯс заррае аҳамият намедод. Худаш дар сари тахти домодӣ буду ҳушу ҳаёлаш дар ҷойи дигар. Хешу табор ва ёру дӯстони ҳар ду тараф назди баландгӯяк баромада ба навхонадорон бахту тахт ва тавлиди фарзандони солеҳу нозанинро таманно менамуданд, вале Комил чӣ гуфтани онҳоро аслан намешунид. Вай тез-тез ба соати дастиаш нигариста, ҳар дам ба ровии базм ишорат менамуд, ки маъракаро зудтар ҷамъбаст намояд. Ташвиши домод бесабаб набуд, зеро фурсати таваллуд кардани зани дуюмаш наздик расида буд ва Комил метарсид, ки мабодо Дилбарро дарди кӯдак гирифта бошад, дар ин шаби тор кӣ ба имдодаш мерасад. Баробари садо додани таронаи “Шаб ба хайр”домод осемасар аз сари тахти арӯсию домодӣ бархост ва арӯсро қариб кашолакунон ба хона дароварда ба ихтиёри модараш ва янгаҳо супурд. Бо баҳонаи гусел кардани ҷӯраҳояш вай ба кӯча баромад ва ноаён ба мошинаш нишасту саманди бодпои оҳанинашро ҷониби хонаи зани пинҳониаш Дилбар махмез зад...

 (Давомашро фардо соати 21-интизор бошед)

Р. Холов

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД