Sebiston new 2024 october
Макри зани ҳамсоя (қисми 10)
28.10.2019
Р Холов
2744

(Давомаш)

Сайфулло аз таърифи ҳамсоязан курта-курта гӯшт гирифта, чолокона худро болои сайдаш гирифт ва шӯхиомез ба пешобағалаш дандон зада, таъкид кард:

“Ин шери жаён ҳозир ин оҳуи зеборо пок-покиза мехурад!” Онҳо боз бо ҳамдигар даромехта, сармасти айши пургуноҳ оламу одамро аз ёд бурданд, бехабар аз он, ки балои азиме ба сарашон омада истодааст.  

“Агент”-и ғайри интизор

Ҳамон шабе, ки Дилбар дар таваллудхона писарча таваллуд кард, яке аз дугонаҳои наздики зани раис Мастурахони момодоя навбатдорӣ мекард. Бо мошин барои Дилбар таъомҳои лазиз овардани ҷавоне, ки чандин маротиба ҳамроҳи писари раис дида буд, ба дили ин зан тухми шубҳа кишт ва дар дил қарор дод муайян намояд, ки ин ҷо чӣ сирре ниҳон аст. Бо мақсади фаҳмидани нимкосаи зери коса вай Дилбарро дар палатае хобонд, ки он ҷо яке аз шиносҳояш мехобид. Он ҷавонзани маккора либосҳои барои тифлаки навзодашон овардаи шавҳари Дилбарро таърифу тавсифи зиёде намуда, гӯё дар омади гап чикора буданашро пурсид. Дилбари аз ранҷи ҳангоми таваллуд кардан кашидааш пурра ба худ наомада ҳанӯз саргаранг буд ва худаш ҳам нафаҳмида монд, ки чи тавр кӣ будани падари фарзандашро ба зани ношинос лаққида монд. Ҷавонзан писари раисро нашиносад ҳам, худи ҳамон рӯз тамоми гуфтаҳои Дилбарро ба Мастурахон расонд. Ҳуш аз сари момодоя парида бошад ҳам, лаб газиду сир бой надода, ҷавонзани ошнояшро гусел намуд.

Қасд кардагӣ барин, рӯзи дигар вақти аз кор ба хона баргаштан Мастурахон шоҳиди ба мошини раис нишастани Аминахон гашт. Аввал гумон кард, ки қудоҳо ба таваллудхона наберабинӣ рафтанианд, вале баробари ба мошин нишастан Аминахон ба Сайфулло бӯсаи ширине туҳфа намуда дар дили Мастура бо ин кораш оташ афканд. Раису маъшуқааш саргарми сӯҳбати ширин ҳатто пайхас намекарданд, ки як ҷуфт чашми ошно бо диққат ба онҳо менигарад, Мастура бошад, манзараи сӯҳбати ширини шаввҳари дугонаашро бо ҳамсоязан тамошокунон аз дил мегузаронд: “Маълум мешавад, ки ин очаю духтари маккора бечора зани раису келинашро аҳмақ карда гаштаанд. Аминахони танноз духтарашро бо ҳиллаю найранг ба сари Комил бор карда, акнун ба фикрам худаш зани Сайфуллои номдору давлатманд шуданист. Ҳоло истед, тамоми сирру асроратонро фош карда, рӯйи шумоён очаю духтари тарпочаро дар байни мардуми тамоми маҳалла сиёҳ накунам, номам Мастура не!”


Ҳоло ист, пирхари худозада, агар худи пагоҳ аз болоят аризаи шикоятӣ навишта, дабдалаатро набарорам, аз пушти падарам набошам! Чунон мекунам, ки аз мансаб шармандавор ронда шуда, ба як тини пучак зор мешавию пеши поям афтида бахшиш мепурсӣ,-таҳдид намуд зани раис. 


28o9FLOL2xYpgR2oBJ7kNc1cIDhHpqWcow886zLA


Сирри фошгашта

Мастура ба хонааш рафта либосҳояшро иваз намуд, наҳорӣ кард ва ба хонаи дугонаи ҷониаш Моҳбегим равон шуд. Зани раис дугонаашро гарм пешвоз гирифта, сад бор садқаю бандаи қадамҳояш шуда, дарҳол ба меҳмонхонаи зебою барҳаво даровард. Лаҳзае пас ҳамсари Комил тоқию тӯри арӯсӣ дар сар аз дар дарормад ва дар назди меҳмон боодобона таъзим намуд. Ҳусну ҷамоли келини раисро тамошокунон Мастурахон аз дил мегузаронд, ки Мадина дар қаду қомату латофату малоҳат аз Дилбар монданӣ надорад, пас чаро Комил арӯси ҷавону зебояшро партофта, домони духтари ҳамсояро маҳкам дошта бошад. Дар ин миён арӯсак дастурхон густурда дар як дам онро аз хӯрданиҳои лазиз, ки аксарияташон маҳсули дасти худаш буданд, пур кард.

-Мадинаҷони моро панҷ панҷааш ҳунар аст, рӯзи дароз хел ба хел хӯрокҳои лазиз мепазад. Хуб кардам, ки ҷияни худамро келин кардам. Акнун мурам ҳам аз дунё бе ормон меравам, чунки дилам пур аст, чароғи манзилам хомӯш намешаваду писарам бо чунин зани чаққону боодоб шикаст намебинад,-аз чолокии келинаш ба ваҷд омада, таъриф кард Моҳбегим.

-Гапатон росту лекин дугонаҷон ин мардҳоро фаҳмида намешавад. Ҳозир замона дигар шудагӣ, муҳимаш, ки келину домод ба ҳамдигар писанд оянд, -аз дур оғоз намуд Мастура ва гӯё дар омади гап пурсид:

-Комилҷон наменамояд? Ман гумон доштам, ки ҳоло ҷиянам Маҷнун барин аз канори Лайлояш дур намеравад!

-Эҳ, худо гирад ҳамин кору бора дугонаҷон, бечора писарам аз рӯзи тӯяш инҷониб чунон серкор аст, ки барои бо арӯсаш як дам осудан вақт намеёбад. Каллаи азон баромада мераваду нимаи шаб ва баъзан ҳатто саҳаргоҳ хаставу лакот бармегардад,-даст афшонд Моҳбегим.

Арӯсак хушдоманашро бо меҳмон танҳо гузошта, ҷойники холӣ дар даст аз дар баромад. Мастура баъди рафтани ҳамсари Комил аз пасаш бо нигоҳи пурафсӯс нигариста, лаб газид ва якбора кафид:

-Эҳ дугонаҷон, айби кор не, айби ҳамсояатон!

Зани раис аз ин гапи дугонааш чизе нафаҳмида, пурсид:

-Айбюи ҳамсояамон?!

-Бале, айби ҳамсояатон! Наход одам ҳамин қадар гулу гаранг шавад, ки ҳодисаҳои дар паси ҷевони хонааш рӯй медодаро нафаҳмад,-киноя зад Мастурахон.

-Дар паси ҷевон?! Эй дугонаҷон, ошкортар гап зан, бахудо, ки аз ин ишораҳоят ҳеҷ чизро нафаҳмидам,-содадилона иқрор шуд зани раис.

-Дар паси ин ҷевон чист?-Ба гарнитури гаронбаҳо бо ангушташ тақ-тақ зада, пурсид меҳмон.

-Боз чи мешуд, девор-дия!

-Дар паси девор чист?

-Дар паси девор хонаи ҳамсоя.

-Кадом ҳамсоя?

-Хонаи Аминахон.

-Решаи ҳама серкориҳои писару шавҳаратон ана дар ҳамон ҷо,-якбора пӯсткандаи гапро гуфта монд Мастурахон.

-Ишқи кӯдаконаи Комилҷону Дилбарро дар назар доред? Дугонаҷон, вай духтар кайҳо шавҳар карда рафт! Модараш занаки хуб будааст, духтарашро келин накарданамонро ба дил нагирифта, чандин бор дар лаҳзаҳои душвор ба имдодамон расид. Фишори хуни шавҳарам як шаб чунон баланд шуд, ки қариб мурда буд. Ҳамин Аминахони духтур намебуд, худо медонад, ки ҳоли поччот чи мешуд. Бечора, шабро дар сари болини шавҳари беморам саҳар кард,-некии ҳамсоязанро ба ёд овард Моҳбегим.

-Ҳамсояамро худам маззахӯрак кардам гӯед!-Пичинг зад Мастурахон ва афзуд:-Ҳамин хел содагӣ кардан гиред, ин очаю духтар натанҳо шавҳару писаратон, балки хонаю даратонро ҳам кашида мегиранду дар кӯчаҳо зору ҳайрон мемонед!

Зани раис аз шунидани ин гап як қад парид ва чашмонаш мош барин кушода шуда, лолу ҳайрон ба дугонааш нигариста монд.

-Дилбархон дирӯз дар таваллудхонаи мо аз Комилҷон писарча зоид. Чаро набераатонро диданӣ нарафтед, дугона?-пичинг зад Мастурахон.

-Писар зоид?!-Нобоварона пурсид Моҳбегим.

-Ҳа, писар зоид! Писари серкоратон шаб то саҳар барои маъшуқааш хӯрданиҳои лазиз кашонд. Барои писараш чунон либосҳои зебое харидааст, ки даҳони одами дидагӣ воз мемонад. Дилбархон ба занҳои ҳампалатааш таърифу тавсиф карда гуфтааст, ки падари фарзандаш писари раиси номдор Сайфуллобек-Комилҷон аст ва бачаашро шоҳзода барин калон мекунад.

-О вай шавҳар карда рафта буд-ку!-Ҳанӯз ба рост будани ин хабари шум шубҳа мекард зани раис.

-Намедонам шавҳар карда буд ё не, лекин аниқ медонам, ки духтари ҳамсояатон аз писари шумо бача зоид,-таъкид намуд меҳмон ва афзуд:

-Ҳамин саҳар ман бо чашми худам дидам, ки чи тавр Аминахон ба мошини шавҳаратон нишаста рафт. Аввал гумон кардам, ки қудоҳо набераашонро хабаргирӣ мераванд, вале диққат дода дидам, ки акои Сайфулло ба ҳамсояатон мисли Маҷнун ба Лайлӣ менигарад. Аз чақ-чақашон аён буд, ки онҳоро натанҳо пайванди духтару писарашон, балки боз ким-чизи дигар ҳам бо ҳамдигар қарин намудааст.

Хабари дуюм мисли бомбае буд, ки кӯҳи бузурги сабру тамкини зани раисро якбора тарконд.

-Оҳ гӯраш сӯзаде! Ин беваи худозада, мисли мор ба хонаам даромада, моро хонахароб карданист гӯед! Очаю духтар шавҳару писари маро аз худ карданианд?! Ҳоло ист, ман ин фоҳишаҳоро чунон боб мекунам, ки як умр шармандаи ду олам мешаванд!-Моҳбегим инро гуфту зуд теефонашро гирифта ба шавҳараш занг зад.

Лаҳзае пас аз он ҷониб садои норозиёнаи раис ба гӯш расид:

-Ҳой занак, мемонӣ, ки дам гирам ё не?! Ман сӯзан гирифта истодаам, ту бошӣ ҳар дам телефон карда ба ман халал мерасонӣ. Камтар тоқат кун, бегоҳ худам занг мезанам!

-Мардакҷон, бемалол дам гиред! Ман фақат як чизро пурсиданӣ будам, шумо дар кадом истироҳатгоҳ?-Ғазабашро базӯр нигоҳ дошта, меҳрубонона пурсид Моҳбегим.

-Раис маст буд ё дар оғӯши гарми Аминахон ҳушёриро билкул аз ёд бурда, дар куҷо буданашро гуфт ва осемасар гӯшакро монд.

-Акнун дар он дунё дам мегирӣ, мардакҷон,-телефонро хомӯш карда, пичиррос зад зери лаб зани раис.

Поёни достони ишқ

Зани раис ба осоишгоҳ рафта шавҳарашро дар оғӯши ҳамсоязан дошт. Ҷанҷол ва рӯканию мӯкании занҳо фишори хуни раисро чунон баланд кард, ки дигар табибон ба вай кӯмак расонида натавонистанд. Сайфулло дар роҳи беморхона ҷон доду мурдаашро ба хона оварданд. Пайвандони раис аз пайи гӯру чӯби маиту гузаронидани маросимҳои мотамӣ банд буданд, Аминахони маккора аз фурсат истифода бурда, дар байни ду рӯз ҳам хонаи худаш ва ҳам хонаи духтарашро фурӯхт ва тамоми ҳуҷҷатҳоро тахт карду Дилбару писарчаашро гирифта ба яке аз шаҳрҳои Русия рафт.

 Анҷом! Р. Холов

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД