Баъди хонадор шуданам ба писартағоям, шавҳарам ба модарам зиёдтар ёрӣ мерасонд. Модари меҳнатрўзиям акнун дар сояи давлати домодаш истироҳат мекарду ҳамроҳи хушдоманам ба осоишгоҳҳо рафта, дам мегирифт. Шояд ҳамин аз бахт болиданҳоям буд, ки рўз то рўз зебою тозатар мегаштам. Шавҳарам барои ривоҷи тиҷораташ ба хориҷа равад, маро албатта бо худ мегирифт, давоми як соли хонадорӣ се-чор давлати хориҷаро дидам.
Ҳомиладор нашуданам модарамро ба ташвиш меоварду боре ба хушдоманам арзи дил кард:
- Янга, бачаҳоро аз духтур гузаронидан даркор.
Хушдомани меҳрубонам бошад, даст афшонда гуфт:
- Бибинисоҷон, монед ду-се сол аз ҳамдигар сер шуда гиранд, баъд он тарафашро мебинем. Бечора духтаракам худаш кўдак…
Вале дили модарам қарор нагирифту шавҳарамро розӣ намуд, ки аз духтур гузаранд. Ташхиси духтур нишон дод, ки мо ҳар ду бенуқсем, фақат ман каме хунукӣ доштаам.
Мо солгарди тўямонро дар тарабхона бо шукўҳу шаҳомати зиёд қайд кардем ва баъди як ҳафтаи он хушдоманам худашонро нотоб эҳсос намуданд. Пешобашон хун буду дар танашон ҳам доғҳои сиёҳ пайдо шуд. Ўро ба духтур бурдем, ташхиси даҳшатноки саратони хун, хонаи моро мусибатхона кард… Писаронаш модарашонро ба Олмон барои табобат бурданд, ман низ ҳамроҳи хушдоманам рафтам ва хизматашонро кардам. Пас аз гирифтани се курси табобат аҳволашон хеле хуб шуду ба хона баргаштем. Аммо баъди ду моҳ беморияшон боз хурўҷ кард ва як моҳ гоҳ боҳушу гоҳ беҳуш рӯи бистар буданд. Шавҳарам хост боз модарашро ба хориҷа барад, вале табиби машҳуре ба ў гуфт, ки табобат дигар суд надорад. Дар як моҳи болои бистар будани хушдоманам шабу рўз ҳамроҳаш будам, зеро ин зани меҳрубонро аз модарам кам намедонистам. Хушдоманам пеш аз маргаш ҳамаи моро наздаш даъват карда гуфт:
- Боҳирҷону Умарҷон ҳамеша қадри Анораро донед, ки аз духтар дида ба ман зиёдтар хизмат кард,- ба келини калонияш нигариста афзуд, -бо авсунат мисли апаву хоҳар бошед.
Хушдоманам аз дунё армонӣ рафт, ў пир ҳам набуд, нав ба панҷову панҷ қадам мемонд. Бо рафтани ў хона дар назарам холӣ метофт, аз гиряи зиёд ба беморӣ печидам. Модарам як соли дароз ҳамроҳам буд, апаҳоям ба навбат омада, ҳамроҳам менишастанд, Умарҷон барои табобат ду бор ба Ҳиндустон бурд. Беҳуда нагуфтаанд, ки вақт ҳама дардро шифо мебахшад ва ман ҳам оҳиста – оҳиста ба худ омадам. Хушбахтона, ниҳоли қоматам бор оварду ҳомила шудам. Пас аз гузаштани моҳи ҳамл соҳиби духтарчаи нозанине шудам, ки чун себи дукафон ба хушдоманам монанд буд. Бо ризоияти шавҳару ҳеварам номи бибияшро ба духтарчаамон гузоштем. Марзиябонуи мо рўз ба рўз ширинаку калонак гашта, ғамзудоямон буд. Шавҳарам духтарамонро “очаҷон” мегуфту зиёд дўсташ медошт. Пайи ҳам чор фарзанд таваллуд кардам, ду писару ду духтар. Шавҳарам бароям як ёрдамчии дигар низ гирифт, боз модарам кўмакам мекард, зиндагии хушу гуворое доштем. Шавҳарам тиҷораташро аз бародараш ҷудо карда, чанд корхонаи шахсӣ дошт, акнун яке аз мардони сарватманд ва шинохтаи ҷомеа гашта буд. Худоро шукр мекардам, ки шавҳарам мисли баъзе бойҳо занакбозу айёш нест, фикру зикри ў ҳамеша банди тиҷорат ва тарбияи фарзандонамон буд, вале…
Шавҳарам дар деҳаи падарияш, ки дар як кўҳистони хушманзара воқеъ буд, корхонаи хишт кушод. Ҳар гоҳи ба он ҷо рафта омадан таъриф мекард, ки “занакҷон, дар назди корхона замин гирифта, ҳавлӣ сохта истодаам, Худо хоҳад, тобистони дигар се моҳ ҳамон ҷо истироҳат мекунем”. Тағоям бо зану фарзандонаш чанд сол дар ҳамон деҳа зиндагӣ карда, баъди вафоти бибию бобоям ба Душанбе омада буд. Модарам аз ин иқдоми ҷиянаш хурсанд шуда мегуфт:
- Дар хоки поят мурам Умарҷон, арвоҳи волидонамро шод кардӣ, садқаҳакат шавам.
Умарҷон дар бораи хешу таборони дурашону рафтанаш ба сари гўри бибию бобояш қисса карда, дили модарамро об мекард. Ман низ ба хурсандии эшон шарик мешудам. Боре Умарҷон се-чоррўза ба хабаргирии корхонааш ба деҳа рафта, аз он сў як зани тахминан панҷоҳ-панҷову панҷсолаи харобаки сиёҳро оварда гуфт:
- Занакҷон, шинос шав, ин кас Тутинисо, хеши дурамон, писараш ҳамин ҷо хизмат мекардаасту ба хабаргирӣ омадааст. Азбаски ягон касро намешиносад, ӯро ба хона овардам. Ман ки аслан занони қишлоқиро зиёд дўст медоштам, бо хушӣ меҳмонро қабул карда, барояш дастурхон овардам. Тутинисо сари дастархон дар бораи зиндагии талху сангинаш қисса намуда гуфт:
- Шавҳарам бо шаш фарзанд талоқамро дод. Писари калониям бо хоҳиши худаш ба аскарӣ омад, дигарҳо мактабхонанд. Се писару се духтар дорам, дар деҳа бекор будам, хайрият ҳамин Умарҷон корхона кушоду маро ба кор қабул кард. Дар ошхонаи коргоҳ барои коргарон се вақт хўрок мепазам, шиками худаму кўдаконам сер аст. Як порча замин дорам, мехоҳам хоначае андохта, аз дари акаву янга халос шавам. Худо баракати фарзандонатонро диҳад…
АНОРА
Таснифи Рухсора САИД