Шикасти бахт
Дар дунё ягон сирре нест, ки то абад пинҳон монад. Овозаи бо Гулдастаи сиёҳ робитаи ошиқона доштан ва ӯро ба занӣ гирифтани Аҳмад барқсон паҳн шуда, ба гӯши ҳамсараш ҳам расид. Аҳмад аввал ба саволҳои Шаҳноз дар ин мавзуъ ҷавоби аниқ надода, қасам болои қасам мехӯрд, ки ин гапҳо ҳамааш дурӯғ аст ва байни ӯву Гулдаста чизе нест, аммо “дузди зӯр соҳиби молро бастааст” гуфтагӣ барин, билохира худи Гулдастаи сиёҳ ба сари Шаҳноз рафта, ҳама корро расво кард. Шаҳноз, ки зани мағруре буд, аз ӯ пинҳонӣ бо ин зани сиёҳҷӯрда никоҳ кардан ва ҳомиладор будани Гулдастаи сиёҳро аз шавҳараш фаҳмида, кӯдаконашро гирифта, аз хона баромада рафт.
Қасоси марди хиёнаткор
Аҳмад барқасди занаш Гулдастаро бо ду фарзандаш ба хонааш бурд ва расман аз Шаҳноз ҷудо шуда, бо зани дуюмаш ЗАГС кард. Вай боварӣ дошт, ки ишқи аввалаш Гулдаста ӯро як умр тоҷи сар карда мегардад, аммо тираш хок хӯрд. Кӯдакони Гулдастаи сиёҳ, ки аз шавҳари якумаш буданд, аз рӯзи аввал бо Аҳмад созиш накарданд. Писараш ошкоро Аҳмадро дашномҳои қабеҳ дода, таъкид мекард, ки вай падари онҳо несту ин қадар дӯғу пӯписа накунад. “Калон шавам, туро ҳамроҳи ин шӯят худам бо ана ҳамин дастонам кушта, таги хок мекунам”-таҳдид мекард писари 12-солаи Гулдастаи сиёҳ ҳар боре, ки Аҳмад фарзандони зани навашро насиҳат карда, чизе бигӯяд ё барои ягон кори хатояшон сарзаниш кунад. Духтараш ҳам аз бародараш монданӣ надошт ва “атаи хушрӯйи мара фаромӯш карда, хами қоқа гирифтӣ” гӯён, тез-тез бо модараш Гулдаста ҷангу ҷанҷол мекард...
Пушаймонӣ надорад суд
Аҳмад аз кори кардааш сахт пушаймон шуда, хеле кӯшиш кард, ки Шаҳноз ва фарзандонашро баргардонад. Вай мехост ҳам бо Шаҳноз ва ҳам бо Гулдаста зиндагӣ кунад, вале модари фарзандонаш пешниҳоди ӯро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул накарда гуфт: “Аҳмад, ту аз ман барин зани покдоман ва гул барин кӯдаконат рӯ гардонда, он занро бо фарзандони қадрасаш, ки марди дигар ҳастанд, ба хонаат бурдӣ. Дигар аз мо умед накун! Ман аз бешавҳарӣ мурам ҳам, дигар ҳаргиз зани ту намешавам. Бирав, бо ҳамин ишқи аввалат, бо ҳамон Гулдастаи сиёҳат хушбахт бош!"
Барои он ки Шаҳноз сар фароварда, розӣ шавад, ки зани дуюми ӯ гардад, Аҳмад додани алиментро ҳам ба кӯдаконаш қатъ кард ва бо ин кораш худро якумра аз дидори азионаш маҳрум намуд.
Зани баномус
Аҳмад Гумон дошт, ки Шаҳноз дар таъмини кӯдакон азият кашида, сар мефарорад ва пешниҳоди ӯро қабул мекунад, аммо ин тавр нашуд. Шаҳноз, ки зани бо нангу номусе буд, худаш дар ду ҷо кор карда, фарзандонашро мехӯронду мепӯшонд. Вай ҳатто даъвои алимент накард, аммо кӯдаконашро дигар ба ӯ нишон надод.
Марг дар танҳоӣ
Ҳамин тавр, аз байн 20 сол гузашт. Фарзандони Гулдаста Аҳмадро одам ҳисоб намекарданд, худи ӯ низ акнун аз рангу рӯйи Аҳмад безор буд. Аҳмад хатояшро фаҳмида, ба ҷустуҷӯйи фарзандони худаш афтид, вале духтару писаронаш ошкоро дар рӯяш гуфтанд, ки онҳо падар надоранд, чунки падарашон замони кӯдакиашон онҳоро партофта, кайҳо барои онҳо мурдааст.
Ҳамин тавр Аҳмад бахташро бо дасти худ хору залил гардонида, дар танҳоӣ аз олам гузашт. Дар марги ӯ касе гиря накард, ҳатто ишқи аввалаш Гулдастаи сиёҳ, ки ин мард барои ӯ шуда, аз баҳри зану фарзандонаш гузашт ва тамоми ҳастиашро ба ваю фарзандонаш бахшид...
Ана ҳамин тавр, як хато баъзан тамоми ҳаёти инсонро барбод медиҳад...