Арӯс не, парӣ!
Ҳамин тавр волидонаш барои Аҳмад Шаҳноз ном арӯси паричеҳраеро ёфтанд ва дар байни 20 рӯз тӯйи дакаданге ороста, келин фароварданд. Аҳмад аввал бо ситеза борҳо “ман ба ғайри Гулдаста касеро дӯст намедорам ва дӯст дошта наметавонам” гуфта бошад ҳам, баъди тӯй бо дидани арӯси маҳҷабин дилаш нарм шуд.
Келини ёфтаи модараш парии афсонавиро мемонд. Рӯйи барф барин сафед, абрӯвони сиёҳи пайваста, миҷгонҳои дароз-дарози баргашта ва мӯйи дарози то хами пошнаи пояш расидаи Шаҳноз дили ҳар мардро обу адо мекард ва Аҳмад низ ба ҳамсараш ошиқи зор шуда монд.
Табассуми бахт
Шаҳноз дар баробари ҳусни зебо доштанаш дили зебо ҳам дошт ва ба зудӣ тамоми аҳли оила ӯро дӯст дошта монданд. Акнун Аҳмад дар дилаш ба модараш сад бор раҳмат мегуфт, ки барояш чунин арӯси зебои фариштарӯй, маълумотдор ва ҳунарманду меҳрубонро ёфтааст. Вай аз арӯси маҳҷабинаш ифтихор мекард, вале аз рӯйи одати бади мардона гоҳ-гоҳе боз ба назди Гулдастаи сиёҳ рафта меомад...
Бахти духтари сиёҳҷурда
Бо ҳамин минвол аз байн қариб як сол гузашт ва Гулдаста барқасди Аҳмад ба як марди калонсоли занмурда ба шавҳар баромад. Азбаски Аҳмад акнун ошиқи шайдои зани қонунии худаш буд, аз шавҳар кардани Гулдаста хурсанд ҳам шуд, зеро аз байни ду зан мисли моку рафтуомад кардан хаста шуда буд.
Меваи умр
Ҳамин тавр солҳо турнасон гузаштанду Аҳмад Гулдастаро қариб, ки аз ёд бурд. Дар ин миён ҳамсараш Шаҳнози маҳҷабин ду писар ва як духтари нозанин таваллуд карда, сари ӯро ба осмон расонд. Аҳмад зану фарзандонашро чунон сахт дӯст медошт, ки ҳатто модараш баъзан рашк карда мегуфт: “Ҷони ин писари ман дар бадани зану кӯдаконаш аст, агар Шаҳноз мур гӯяд, мемураду зиҳ гӯяд, мезияд...”
Касе бовар надошт, ки чизе дар дунё ин зану шавҳари хушбахтро аз ҳам ҷудо карда метавонад, вале...
Вохӯрии тақдирсӯз
Хонаи волидони Шаҳноз дар ҳамон деҳае буд, ки падару модари Гулдаста зиндагӣ мекарданд. Боре зану кӯдаконашро ба хонаи хусураш меҳмонӣ бурда, дар бозгашт Аҳмад тасодуфан бо ишқи аввалаш Гулдастаи сиёҳ вохӯрд ва аз рӯйи одамгарӣ ӯро ба мошинаш савор кард. Раҳораҳ Гулдаста сарнавишташро ба ӯ нақл карда, гуфт, ки шавҳараш аз дунё гузашта, бо ду фарзанд бева мондааст ва имрӯз зодрӯзи писараш аст. Аҳмад ба хотири гузаштаҳо аз мағозаи сари роҳ торт харида, ба Гулдаста дод, то ки аз номи ӯ писарашро табрик кунад, вале зан “Табрик ин хел намешавад, худат рафта, тортро медиҳӣ ва як пиёла чой хӯрда меравӣ” гӯён, ӯро ба меҳмонӣ таклиф кард. Аҳмад аввал серкориашро баҳона карда, урз хост, вале Гулдаста мисли мор ба ӯ часпида “магар занкалон шудаӣ?! Аз занат метарсӣ, ки баҳона мекунӣ” гӯён, ӯро сари нангу номус овард ва мард худаш нафаҳмида монд, ки чӣ тавр ҳамроҳи ишқи аввалаш ба хонаи онҳо рафта, он шаб он ҷо монд...
Дузана
Ҳамин тавр як вохӯрии тақдирсӯз зиндагии Аҳмадро комилан дигаргун намуд. Гулдаста ӯро бо сеҳру ҷодугарӣ аз роҳи рост баровард ё хотироти ишқи аввал ғалаба кард, ки баъди ин Аҳмад мисли моку байни ду зан равуо мекардагӣ шуд. Падари Гулдаста чанд сол пеш аз олам гузашта буд, модараш зан доштани Аҳмадро донад ҳам, гӯё ин мард домодаш бошад, ҳар дафъа ӯро садқаю банда шуда, пешвоз мегирифт ва ба рафтуомадаш ба хонааш ягон мухолифат намекард. Дере нагузашта Гулдастаи сиёҳ ба Аҳмад “хушхабар”-и ҳомиладор буданашро расонида, талаб кард, ки ӯро ба никоҳаш дарорад. “Тамоми аҳли деҳа медонанд, ки шавҳари ман кайҳо аз олам гузаштааст, ҳомиладориамро фаҳманд, шармандаи ду олам мешавам. Ту як бор маро дар нимароҳи зиндагӣ партофта рафтӣ, дубора шармандаам накун. Мард шав!" мегуфт гаштаву баргашта Гулдаста. Аҳмад байни обу оташ монда, ночор пешниҳоди ӯро қабул кард ва аз занаш пинҳонӣ Гулдастаи сиёҳро ба никоҳаш даровард, аммо..
давом дорад