Падарам танҳо дар маҳбас дарк намуд, ки узрхоҳии дӯсташ ҳилаю найранг будааст ва Боқӣ ӯро «поставит» кардааст.
Дар ҳақиқат Боқӣ корашро карда, ҳаёти падарамро ба дӯзах табдил дод ва зану фарзандонашро бе луқмаи нон гузошт.
Модарам доду фиғон мекард ва фарёдаш ба фалак мепечид, вале бегуноҳии шавҳарашро исбот карда наметавонист. Аз гиря кардан чашмони модарам суп-сурху худаш афгор шуда буд, вале ҳар ҳафта як бор ба хабаргирии падарам мерафт. Зиндагиамон рӯз то рӯз мушкилтар мешуд. Бечора модарам ҳомиладор бошад ҳам, дар мактаб фаррош шуд, то ки мо, бачаҳояш аз гуруснагӣ намурем. Мактаб ба хонаамон наздик буд, модарам вақт ёфта ба хона меомаду хӯрок пухта мемонд ва боз ба кор мерафт. Ман он замон акнун ба синфи 1 мерафтаму бародарам дар синфи 3-юм мехонд. Маоше, ки модарам мегирифт, базӯр барои орду шакар ва равғани килоякӣ мерасид. Мо на хӯроки сериро медидему на либоси дуруст доштем. Ниҳоят вақти таваллуд карданаш фаро расид. Модарамро ба таваллудхона бурданд. Ҳама интизори меҳмони нав будем. Гумон доштем, ки қадами ин тифл нек мешаваду падарам аз маҳбас озод гашта, дубора хушбахт мешавем, вале хаёламон хом баромад. Ҳомиладор шудани модарам мутлақо манъ будааст, бечора писарчаи зебоеро ба дунё оварда сари фарзанд рафт.
Марги модар моро комилан бесоҳиб гардонд. Дили аммаам ба ҳоли зори мо, ятимакон сӯхту моро ба хонаи худаш бурд. Ман зуд-зуд гиря карда мегуфтам:
-Модарам канӣ? Модарам канӣ? Кай меояд? Аввалҳо аммаам маро тасаллӣ медод, баъд ошкоро гуфт:
-Модарат дигар намеояд!
Се моҳ баъд падарам аз маҳбас озод шуд. Фасли дай ҳукмфармо буд. Замин ҷомаи сафед пӯшида, яхҳои бом ҳангоми офтоб баромадан об шуда, чак-чак ба замин мечакиданд. Либосамон тунук буд, вале падарам барои либоси нав харидан маблағи кофӣ надошт. Аз дар ки баромадам, аз хунукӣ дарақ-дарақ меларзидам. Акаам сарамро сила карда мепурсид:
-Чӣ шуд ба ту Анора?
-Хулӯк хулдам, хулук хулдам.
-Биё, ба хона меравем!
-Рафтем ака, хона мелавем.
Бо ҳамин минвол рӯзҳо гузаштанду баҳор омад ва ҳама ҷо пур аз гул шуд. Ҳавои соф ба кас руҳи тозаву болида мебахшид. Дар таътил ба шаҳри Душанбе ба хонаи холаам меҳмонӣ омадем.
Холаам Зубайда зани меҳрубон, чеҳрахандону меҳмоннавоз буд, шавҳараш ҳам аз худаш камӣ надошт.
Ба падарам шаҳр писанд омад Тамошои парк, хонаи бозии кӯдакон (лимпопо), боғи ҳайвонот ва яхмосхӯрӣ ба мо ҳам маъқул шуд. Пас аз марги модарам бори аввал дар лабони мо табассумро дида, падарам қарор дод, ки хонаашро фурӯхта ба шаҳр мекӯчад. Ҳамин тавр мо шаҳрӣ шуда мондем.
Солҳо турнасон гузаштанд. Акнун ман дар синфи 8-ум мехондаму бародарам дар синфи 10-ум, додаракам Мубориз дар гимназия дар синфи 3-юм мехонд. Падарам Хол ҳамроҳи шавҳари холаам дар бозори «Корвон» тоҷир шуда, зиндагиамон акнун рӯ ба беҳбудӣ оварда буд. Дар ҳамсоягии мо Марҷона ном бевазане зиндагӣ мекард. Ҳама ӯро «Марҷонаи қош» мегуфтанд, чунки қошони мисли сӯзан борики дароз дошт ва абрӯвонашро ҳангоми ҷанг карданаш болою поён мекард. Марҷона ҳар рӯз ба хонаи мо хӯрок оварда мегуфт:
-Шумоён модар надоред, маро мисли модаратон донед! Дар бадали шаш моҳ ин бевазани маккора дили падарамро ба даст оварда, ҳамчун модар ба хонаи мо кӯчид. Пештар худашро зани меҳрубон нишон медод, вале баъди моиндарамон шудан, фаҳмидем, ки Марҷона мори заҳрдори одамсурат будааст. Рӯзе набуд, ки ман аз моиндарам дашном нашунида бошам. Додарам Муборизро мезад. Бо тасма аъзои баданашро сиёҳу кабуд мекард. Мо аз тарс ба падарамон лаб намекушодем.
-Писарам Муборизҷон, чаро дастат кабуд шудааст?-мепурсид падарам.
-Ғалтидам ота.
-Эҳтиёт шав бачаҷон! Ҳеҷ кас туро озор намедиҳад, шери дадаш?
-Не, ота.
-Ин тавр бошад, маҳ ин 20 сомониро гирифта рафта ба ҳамаамон яхмос (морожни) биёр!
-Ҳозир меёрум отаҷон.
Рӯзе падарам аз кор барвақт баргашта Муборизро зери лағади Марҷона диданд ва ҳуш аз сарашон парид.
-Марҷона, ин чӣ гап?-Пурсид падарам.
-Ай дадаш, шумо аз куҷо пайдо шудед?
Давом дорад