35 years of independency
Маҳдудиятҳои нав барои муҳоҷирони корӣ дар Саратов
11.11.2026
Оила
45

Маҳдудиятҳои нав барои муҳоҷирони корӣ дар Саратов

 Мақомоти вилояти Саратови Русия тасмим гирифтаанд, ки маҳдудиятҳоро барои коргарони хориҷӣ шадидтар кунанд. Аз 1-уми январи соли 2027 ба муҳоҷироне, ки дар асоси патент кор мекунанд, фаъолият дар чанд соҳаи муҳими иқтисоди минтақа, аз ҷумла энергетика, таъминоти об ва ҳамлу нақли бор манъ карда мешавад.

Дар ин бора фармони дахлдорро Роман Бусаргин, губернатори вилояти Саратов, ба имзо расонидааст. Маҳдудиятҳои нав то охири соли 2027 амал хоҳанд кард.

Қаблан низ ба шаҳрвандони хориҷӣ кор дар хадамоти хаткашонӣ, соҳаи хӯроки умумӣ, таксӣ, ҳамлу нақли мусофирон дар дохили шаҳр ва байнишаҳрӣ, инчунин соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва баъзе самтҳои идоракунии давлатӣ манъ шуда буд.

Акнун ба ин рӯйхат соҳаҳои таъмини нерӯи барқ, газ ва гармидиҳӣ, хизматрасонии ҳавотозакунӣ, таъмини об, тозакунӣ ва тақсимоти об, ҷамъоварӣ ва коркарди обҳои партов, ҳамлу нақли бор тавассути автомобил ва хизматрасониҳои нақлиётиву логистикӣ низ илова шудаанд.

Ҳамзамон, аз 1-уми январи соли 2027 рӯйхати касбҳои барои муҳоҷирон мамнуъ дар округи мухтори Ханти-Мансийски Русия низ васеъ карда мешавад. Дар ин минтақа ба шаҳрвандони хориҷӣ кор дар нонвойхонаҳо, анборҳо, нуқтаҳои қабули фармоишҳо, инчунин соҳаҳои фарҳанг ва варзиш м

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД